• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Нахустин ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон, аз хизматрасонии электронӣ андоз пардохт намуд.

23 июл 2021 с.

Нахустин ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон, аз хизматрасонии электронӣ андоз пардохт намуд.



    Тибқи маҳзани маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати хориҷии Apple Distribution International Limited, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамояд, санаи 16 июли соли 2021 аз байни чунин ширкатҳо нахустин шуда барои семоҳаҳои I ва II–и соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238.0 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуд.

    Вобаста ба ин ёдрас менамоем, ки тибқи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.

    Бо ин мақсадҳо дар соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андоз бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, якчанд маротиба видеоконфронс ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуда, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 18 адад ширкатҳо ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, ба қайд гирифта шуданд.

    Ширкати Apple Distribution International Limited нахустин ширкатест, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии анҷомдодаи худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ эъломияи андоз пешниҳод намуда, маблағи онро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Муносибати шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон, ҳамчун қисми ислоҳоти андоз» баргузор гардид

2 июл 2021 с.

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Муносибати шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон, ҳамчун қисми ислоҳоти андоз» баргузор гардид



    Бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани робита ва ҳамкории доимии мутақобилан судманд байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мизи мудаввар дар мавзӯи "Муносибати шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон, ҳамчун қисми ислоҳоти андоз" доир гардид. Чорабинии мазкур санаи 2 июли соли 2021 дар бинои меҳмонхонаи «Hyatt Regency» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои соҳаи иқтисод, аз он ҷумла вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии омор, Бонки миллӣ, инчунин роҳбарон, сармуҳосибҳо ва таҳлилгарону кормандони масъули андозсупорандагон иштирок намуданд.

    Мавриди зикр аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти андоз бо маром идома дошта, маъмурикунонии андозҳо нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида истодааст. Ҳамзамон, базаи моддию техникии мақомоти андоз рўз аз рўз беҳтар гардида, шумораи хизматрасониҳои электронӣ зиёд ва сатҳи ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ баланд гардида истодааст.

    Дар ҷараёни мизи мудаввар ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз баррасӣ гардида, дар он Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Солехзода А.М. баромад кард.




    Ғайр аз он, худи андозсупорандагон ҳамчун баромадкунандагон бо маърӯзаҳои оиди муносибатҳои шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон баромад карданд.




    Сипас, иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба рушди муносибати шариконаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон, системаи маъмурикунии андоз, хизматрасониҳои электронӣ ва системаҳои иттилоотии Кумитаи андоз мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, дар идомаи мизи мудаввар иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд.




    Аз ҷониби Кумитаи андоз дар оянда низ гузаронидани чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории онҳо ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупорандагон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии иқтисодиёт равона гардида, дар нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии «Барномаи рушди маъмури-кунонии андоз» пешбинӣ гардидааст.

4 май – Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 май 2021 с.

4 май – Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон



    4 май дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, кормандони андозро бо иди касбиашон табрик карда, ба онҳо дар фаъолияташон дар ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои давлатӣ муваффақият таманно намуд.

    Давлаталӣ Саид алоҳида қайд намуд, ки сатҳи иттилоотӣ ва рақамисозии Кумитаи андоз яке аз сатҳи пешрафта дар байни ҳамаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.



    Чун анъана, кормандони барҷастаи мақомоти андоз бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти андоз» ва бо Ифтихорномаҳои Кумитаи андоз сарфароз гардонида шуда, ба онҳо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва ғайринавбатӣ дода шуданд.

    Ҳамаи кормандони мақомоти андози ҷумҳуриро бо иди касбӣ табрик намуда ба онхо саломатӣ, сарбаландӣ, баҳри иҷрои вазифаҳои пурмасъулият комёбиҳои беназирро таманно менамоем!

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи рақамикунонии Кумитаи андоз баҳои баланд дод

4 май 2021 с.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи рақамикунонии Кумитаи андоз баҳои баланд дод



    Дар доираи ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 майи соли 2021 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ба сатҳи рақамисозии Кумитаи андоз баҳои баланд дод.

    «Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият роҳи мураккаб ва пуршарафи ташаккулёбӣ ва инкишофро тай намуда, имрўзҳо дар марҳилаи нави рушд қарор доранд, ки моҳияти онро метавон ҳамчун давраи гузашти пурра ба рақамикунонии фаъолияти соҳа изҳор намуд», – муовини якуми Сарвазир қайд намуд.

    Давлатали Саид таъқид намуд, ки то имрўз дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ва зиёд анҷом дода шуда, мақомоти андоз ҷиҳати заминаи устувор гузоштан ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ дар миёни мақомоти давлатӣ воқеан яке аз пешоҳангони ин амал мебошанд.

АНДОЗCУПОРАНДАГОНИ МУҲТАРАМ!

31 март 2021 с.

АНДОЗПУПОРАНДАГОНИ МУҲТАРАМ!



Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мутобиқи моддаи 290 Кодекси андоз супорандаи андози низоми соддакардашуда супорандаи андоз аз фоида ба ҳисоб намеравад, ба истиснои даромадҳо, аз ҷумла суди саҳмияҳо, ки тибқи талаботи моддаи 126 Кодекси андоз аз онҳо андоз дар манбаи пардохт ситонида мешавад.

Бинобар ин, тибқи талаботи моддаи 19 Кодекси андоз аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки эъломияи андоз аз фоида ва тавозуни муҳосибии худро барои соли 2020 то санаи 1 апрели соли 2021 пешниҳод намоед.

Эъломияи андоз аз фоидаи аз ҷониби Шумо пешнидходшуда ҳамчун маълумот баррасӣ гардида, дар варақаҳои ҳисоббаробаркунии андози мазкур дарҷ карда намешавад ва танҳо бо мақсади ҳисоб намудани андоз аз суди саҳмияҳои истифода карда мешавад.

Онлайн-вохӯрӣ дар доираи татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

26 март 2021 с.

Онлайн-вохӯрӣ дар доираи татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия



Дар доираи татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, 25 марти соли 2021 онлайн-вохӯрии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андози Федератсия Россия баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони ваколатдори мақомоти андози Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласа ба мавзӯи такмили системаи маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ ва маъмурикунонии ААИ бахшида шуда буд. Қайд гардид, ки такмили маъмурикунонии андоз пеш аз ҳама ба содда кардани риояи қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандагон, баланд бардоштани сифати фаъолияти мақомотҳои андози ҷумҳур ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ тавассути такмили қонунгузории андоз равона шудааст.

Иштирокчиёни вохӯрӣ нияти идома додани кор дар формати дуҷониба ва бисёрҷонибаи кӯмаки техникӣ бо мақсади такмили системаи маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи бомуваффақияти муқаррароти Протоколи мазкур изҳор намуданд.