• Муносибатҳои байналмилалӣ
  • Андозбандии байналмилалӣ

Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”

16.09.2019 00:00:00

Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”


Дар давраи аз 18 то 20 апрели соли 2019 дар шаҳри Учжен (вилоят Чжэсзян, Ҷумҳурии мардумии Хитой) аввалин Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” баргузор гардид.

Ин Форум таваҷҷуҳи беш аз 300 намояндагони мақомоти андоз аз 85 кишвар ва 16 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи бизнес ва доираҳои илмиро ба худ ҷалб намуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода роҳбарӣ намуд.

Форуми мазкур кори худро бо ҷаласаи умумӣ оғоз намуд, ки дар он Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой Ван Цзюнь, Раиси Кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Султангазиев, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои илмӣ бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд.




Давлатзода Нусратулло Муқим дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки Форуми "Як камарбанд – як роҳ" дар ояндаи наздик яке аз чорабиниҳои асосии ҳаёти иқтисодии байналмилалии кишварҳои иштирокчии ташаббуси мазкур мегардад ва дар доираи он масъалаҳои муҳими фаъолияти мо дар заминаи минтақаи савдои озод, нақли пулӣ, ҳаракати озоди одамон ва мубодилаи байналмилалии иттилоот ва дигар масъалаҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Дар натиҷаи ҷаласаи умумӣ маросими имзои Меморандум дар бораи таъсиси механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз баргузор гардид, ки дар татбиқи ташаббусҳои ҳамкорӣ ба нуқтаи ибтидоӣ табдил хоҳад гашт.

Ҳамин тариқ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати аъзои Механизми ҳамкории мақомоти андози ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" ва шарики Гурӯҳи баланд бардоштани иқтидори мақомоти андози ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" табдил ёфт.

Кори Форуми мазкур пас аз анҷоми ҷаласаи умумӣ дар доираи ҷаласаҳои мавзўи идома дошта, масъалаҳои зеринро дар бар гирифт: баланд бардоштани иқтидори мақомоти андоз, волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи муайянии андоз, такмили қонунгузории андоз ва рақамикунонии мақомоти андоз.




Дар доираи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой Ван Цзюнь, бо ҳамкасбон аз мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқотҳо бо Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой, ки дар фазои эътимоднок гузаштанд, дурнамои рушди минбаъдаи механизми таъсисгардидаи ҳамкорӣ, ҳамчунин табодули фикру мулоҳизаҳо оид ба ҷанбаҳои нисбатан мубрами ҳамкории дуҷониба муҳокима карда шуданд.




Дар вақти маросими пўшидашавии Форум иштирокчиён зикр намуданд, ки муттаҳид намудани кӯшишҳо дар масъалаҳои ташкил намудани муҳити мусоиди андозӣ боиси рушди савдои байнисарҳадӣ, ҷалби сармоягузорӣ, мусоидат ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ба рушди маҳаллии мутобиқшуда ва инкишофи инклюзивӣ оварда мерасонад.

Натиҷаи кори се рӯзаи Форум ин қабули Баёнияи ниҳоӣ ва Нақшаи амал барои ду соли оянда буда, онҳо ба талаботҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар доираи ташаббусҳои "Як камарбанд – як роҳ" ҷавобгў мебошанд.

Натиҷаи кори фосилавии гузаронидашудаи мақомоти андоз, соли 2020 дар рафти гузаронидани марҳилаи Дуюми Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон хоҳад баргузор гардид, ҷамбаст мегардад.

Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ (ШҲРМА)

16.06.2020 00:00:00

Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ (ШҲРМА)


Қарор дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз ва тасдиқи Низомнома дар бораи он 31 майи соли 2001 дар Минск дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ қабул карда шуд. Дар қарори мазкур 12 давлати аъзои ИДМ иштирок доранд (ба ғайр аз Туркманистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон).

Мутобиқи Низомномаи мазкур маводҳо ба ҷаласаи навбатии Шӯро аз ҷониби раиси он, ки намояндаи мақомоти давлати андоз аст ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ омода карда мешавад.

Ба ҳайати Шӯро роҳбарони мақомоти андоз аз 9 давлати аъзои ИДМ дохил мешаванд. Шӯрои ҳамоҳангсоз бо Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳамкорӣ менамояд (ба ҳайати Шӯро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ бо ҳуқуқи овози машваратӣ ширкат менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти Шӯро инҳо мебошанд:


  • ҳамкорӣ миёни мақомоти андози давлатҳо – аъзои ИДМ, мутобиқи қонунгузории миллӣ дар сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз;
  • таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ, ки сиёсати андоз ва маъмурикунонии андозро танзим менамояд;
  • ташкили шароитҳои муфид барои фаъолияти минтақаи озоди савдо;
  • таҳия ва мусоидат намудан дар татбиқи созишномаҳои қабулшудаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва қарорҳо дар соҳаи беҳсозии сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз.
  • таъмини шаффофияти қонунгузории андози давлатҳои аъзои ИДМ бо мақсади ташкили фазои ягонаи андоз, ки имконияти муҳайё намудани шароити баробарро барои фаъолияти хоҷагидорӣ таъмин менамояд;
  • таҳкими назорати андозии байнидавлатӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ;
  • тақвияти мубодилаи маълумот байни мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи назорати воқеӣ оид ба интиқоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар савдои байниҳамдигарӣ дар мавриди ситонидани андозҳои ғайримустақим аз рӯи принсипи "кишвари таъинот" миёни давлатҳои аъзои ИДМ;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти андоз оид ба назорат дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти спиртдор ва тамоку;
  • рушди ҳамкориҳои судманд бо дигар мақомоти соҳавии ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод ва сохторҳои миллӣ, ки мутобиқи қонунгузории миллии амалкунанда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба онҳо масъалаҳои сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз вобаста шудаанд, дохил мешаванд;
  • ҳамкорӣ дар соҳаи табодули таҷриба ва тайёр намудани кадрҳо.

Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ аз оғози фаъолияти худ аз соли 2001, ҷиҳати таъмин намудани сатҳи дахлдори муносибатҳои андозӣ барои субъектҳои хоҷагидорӣ мутобиқи равишҳои дахлдори байналмилалӣ, фаъолият менамояд. Бинобар ин, бартараф намудани андозбандии дукарата ба яке аз самтҳои асосии ҳамкории андозӣ табдил гардид.

Дар фазои ИДМ низоми ягонаи санадҳои ҳуқуқии андозбандӣ ҳангоми сармоягузории мутақобила ва савдо таъсис нагардидааст. Бо амалӣ намудани принсипи соҳибихтиёрӣ, ҳар як давлат қонунгузориро қабул намуд, ки пардохти андозҳоро аз даромади на танҳо ташкилотҳои миллӣ, балки ширкатҳои хориҷӣ низ таъмин менамояд. Қоидаҳои монанд нисбат ба шахсони воқеӣ низ амал мекунанд. Зимнан равишҳои давлатҳо ба ҳаҷми уҳдадориҳои андозӣ барои ғайрирезидентҳо ва ҳолатҳое, ки чунин уҳдадориҳо ба миён меоянд, фарқ мекунад. Як қатор давлатҳо ҷиҳати баробар намудани шароитҳо барои шахсони миллӣ ва хориҷӣ то андозаи муайян омода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми нигоҳдории андозҳо аз бисёри даромадҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 15-20% ситонида мешавад. Дар дигар давлатҳо андозбандии ғайрирезидентҳо танҳо ҳангоми фаро расидани баъзе ҳолатҳо ва аз рӯи феҳристи маҳдуди навъҳои даромад анҷом дода мешавад. Аммо, новобаста аз ҳаҷми уҳдадории андозӣ барои ширкат ё шаҳрванди хориҷӣ, фаъолияти онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрисамаранок мегардад, чунки дар маҳалли бақайдгирӣ низ онҳо бояд андозбандӣ шаванд.

Даъвои ҳарду давлатҳо оид ба ҳуқуқи андозбандии даромади субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад ба чунин нишондиҳандаҳои муҳим, яъне гардиши мол, қарз ва сармоягузорӣ, ки муносибатҳои байнидавлатиро тавсиф медиҳанд, таъсири манфии расонад.

Дар робита ба ин, раёсати андоз дар соҳаи муносибати иқтисодии байналмилалӣ дар давлатҳои ИДМ, ташкил намудани механизми ташкилию иқтисодӣ ҷиҳати бартараф намудани андозбандии дукаратаро зарур донист.

Ба пуррагӣ ин механизм ба воситаи хулоса ва татбиқи созишномаҳо дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата, қоидаҳои дақиқи тақсими юрисдиксия байни давлатҳо оид ба андозбандии субъектҳои як давлат пешбинӣ шудааст, ки дар дигар давлати аъзои ИДМ даромад мегиранд ё молу мулк доранд, амалӣ менамояд. Созишнома системаҳои андозии давлатҳоро пайваст менамояд ва бо мурури рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо шумораи онҳо зиёд гардида истодааст.

Сохтори созишномаҳо, принсипҳои асосӣ ва моддаҳои онҳо байни худ монанданд: ҳангоми бастани онҳо давлатҳо аз тавсияҳо ва намунаҳои таҳиянамудаи ташкилотҳои байналмилалӣ истифода мебаранд. Дар баробари ин, ҳар як созишнома сифатҳое фарқкунандаи худро дорад, ки бо хусусиятҳои иқтисодӣ рушди давлат ва ҷанбаҳои таърихии ҳамкории дуҷониба шарҳ дода мешаванд.

Ба ғайр аз қоидаҳои муайянкунандаи кишвар, ки бояд андозбандӣ сурат гирад ва андозаи уҳдадориҳои андоз муайян мегардад, инчунин шартнома, механизми бартараф намудани андозбандии дукарата (тартиби ба ҳисоб гирифтани андози пардохтшуда дар хориҷи кишвар ба маблағи миллии андоз), шартҳои гузаронидани расмиёти мутақобила ҳангоми баррасии масъалаҳои баҳсталаб, инчунин тартиби мубодилаи иттилоотро дар бар мегирад. Ин масъалаҳо, ба кори ҳаррӯза оид ба таъмини маъмурикунонии андози андозсупорандагон, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, дохил мешаванд.

Азбаски созишнома қонунгузории андоз аст, муқаррароти он дар як вақт аз ҷониби ду давлат, ба ҳамон як шахс ва нисбат ба ҳамон як даромад ё молу мулк татбиқ мегардад, муҳим аст, ки мақомоти давлатҳои дахлдор муқаррароти онро баробар дарк кунанд ва амалӣ намоянд.

Дар маҷмӯъ дар давлатҳои аъзои ИДМ оид ба маъмурикунонии созишномаҳо фарқият мавҷуд нест, ки аз усулҳои умумиэътирофшуда тафовут дошта бошанд. Дар баробари ин, хусусиятҳои таҷрибаи ҳар як мақомоти андоз ҷой доранд. Барои муайян намудани талаботи тартиби андозбандӣ ҳангоми ҷой доштани аҳдҳои байналмилалӣ мақомоти андози давлатҳо пайваста ҳамкорӣ доранд.

Дар натиҷаи чунин ҳамкорӣ дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи дар як ҳуҷҷат ҷамъ овардани меъёрҳои дастурӣ, ки маъмурикунонии созишномаҳои аз ҷониби тамоми давлатҳои аъзои ИДМ қабулнамударо дар бар мегирад, мувофиқ дониста шуд.

Дар натиҷа, давлатҳо таҷрибаи муайян ва қоидаҳои миллиро вобаста ба татбиқи созишномаҳо ба даст оварданд. Ҳолатҳои мазкур таваҷҷуҳи маъмуриятҳои андозро дар таҳияи маҷмӯаи иттилоотӣ оид ба масъалаи мазкур, ки дар он маълумот дар бораи шартҳои татбиқи созишномаҳо дар давлатҳои аъзои ИДМ, намунаҳои маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани афазалияти созишномаҳо, тасдиқи маблағи андозҳо, ки дар хориҷ пардохт шудаанд, талабот оид ба пур кардан ва шартҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро бояд дар бар гирад.

Маълумотҳои мазкур ҷиҳати хабардор намудани андозсупорандагон оид ба талаботҳои муқаррарнамудаи давлатҳои аъзои ИДМ нисбат ба ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави онҳо даромад ба даст овардаанд ва молу мулк доранд, барои бартараф намудани андозбандии дукарата зарур мебошад.

25-26 сентябри соли 2001 аввалин ҷаласаи Шӯро гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳо оид ба интихоби Раис, барномаи чорабиниҳои аввалиндараҷа ва қоидаҳои кори шӯро баррасӣ гардида буданд.

Бояд қайд намуд, ки ҷаласаи 25-ум Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 24 августи соли 2018 гузаронида шуд.




Дар ҷаласа намояндагони мақомоти андози Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, инчунин Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамчун пойгоҳи ташкилоти давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омода, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун нозир иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои маъмурикунонии андоз дар замони иқтисод рақамӣ, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи навъҳои хизматрасонӣ, истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд дар давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2017 ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ лоиҳаи Протокол оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои амалӣ намудани маъмурикунонии андоз низ баррасӣ гардид.




Ҷаласаи 26-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ моҳи ноябри соли 2019 дар Россия баргузор гардида, он ба мавзӯи хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон ва воситаҳои рақамии дастрасӣ ба он бахшида шуда буд. Ваколат оид ба гузаронидани ҷаласаи 26-ум ба Хадамоти андози Федератсияи Россия дар ҷараёни ҷаласаи 25-ум Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар Душанбе барпо гардид, вогузор шуда буд.

Дар ҷаласаи 26-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, ки моҳи ноябри соли 2019 дар Россия баргузор гардид, ваколат оид ба гузаронидани ҷаласаи 27-ум ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор карда шуд.

Конфронси маҷозии сатҳи баланд, ки ба мушкилоти нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нав – банақшагирии рушди рақамисозии андоз дар замонаи пандемия бахшида шудааст.

15.12.2020 00:00:00

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Резаахбор
Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» вобаста ба мавзӯи «Паёмадҳои нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия»




Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» вобаста ба мавзӯи «Паёмадҳои нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия».
Санаи 15 декабри соли 2020 Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» (минбаъд – Механизм) вобаста ба мавзӯи паёмадҳои нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия баргузор гардид.
Дар Конфронси номбурдаи виртуалӣ намояндагони мақомоти фискалӣ, мушоҳидачиён, олимон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз 47 давлати дунё ва 9 созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси мазкур Раиси Кумита Давлатзода Нусратулло Муқим ва муовини якуми Раиси Кумита Солеҳзода Аюбҷон Маруф ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Кумита ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои васеи электронӣ шинос намуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи андоз рӯнамо оид ба «Рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри рақамӣ» омода гардида, ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд.
Маърӯзачиён ва иштирокчиёни Конфронси виртуалӣ изҳор доштанд, ки таъсири COVID-19 васеъ ва тӯлонӣ хоҳад буд, бинобар ин вокуниши қавӣ ва ҳамоҳангсоз дар доираи Механизм, ҳамчунин ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули иттиҳоди бо ҳам зич ва ояндая муштарак дар доираи «Як камарбанд - як роҳ» зарур мебошад.
Ҳамбастагӣ ҷиҳати тақвият додани рушди маъмурикунонии андоз, инфрасохтори андоз, назорати сифат, истифода намудани таҳлилҳои маълумоти калонҳаҷм (Big Data) ва ташаккули механизми идораи маълумоте, ки барои мақомотҳои андоз қобили қабул аст, аз ҷониби иштирокчиён қайд карда шуд.
Дар охир иштирокчиён эъломияи муштарак қабул намуда, омодагии худро барои ҳамкории боз ҳам наздик ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз дар давлатҳои аъзои Механизм баён намуданд.

 Раёсати ҳамкории байналмилалӣ




Ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ

23.12.2020 00:00:00

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Резаахбор
Ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ




Рӯзҳои 21 то 23 декабри соли 2020 тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд-ШҲРМА ИДМ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарон ва мансабдорони баландпояи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим ва дигар мутахассисон ширкат варзиданд.

Иҷрокунанадаи вазифаи Роҳбари хадамоти давлатии андози Ҷумҳурии Озарбойҷон Назарли Орхан Фаик оғли бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуд.

Инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ бо гузориши худ дар мавзӯи "Дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисод ва вазифаҳои марбут ба ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2020-2021" суханронӣ кард.

Мавзӯи асосии рӯзнома муҳокимаи фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар заминаи пандемияи COVID-19 ва рафъи оқибатҳои он буд.





Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Кумитаи андоз ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ шинос намуд.

Дар ҷаласаи коршиносон, сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумитаи андоз ба диққати иштирокчиён маълумоти ҷамъбастӣ оид ба таҷрибаи баҳсҳои судӣ ва то судии баррасии шикоятҳои андозсупорандагон вобаста ба натиҷаҳои назорати андоз дар давлатҳои аъзои ИДМ-ро пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин як қатор мавзӯъҳои муҳимми дигарро, аз ҷумла амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми (солҳои 2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии ИДМ ва омодасозии бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо Протокол қабул намуданд, ки дар он дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ-ро муайян карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ШҲРМА ИДМ тибқи Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 31 майи соли 2001 бо мақсади таъмини шароити мусоид барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ таъсис дода шудааст.

 Раёсати ҳамкории байналмилалӣ