Тақвими андоз
- - Андози низоми содакардашуда дар давоми сол 4 маротиба (1 маротиба дар семоҳа) то санаи 15-уми моҳ, баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ (мисол: андози мазкур барои давраи аз январ то марти соли то санаи 15 апрели соли пардохт карда мешавад).
- - ААИ, пардохтҳои ҷории андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯш (алюминии аввалия) дар давоми сол 12 маротиба пардохт карда мешаванд (ҳармоҳа) то санаи 15-уми моҳ, баъд аз моҳи ҳисоботӣ (мисол: пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андозҳои мазкур барои моҳи январ то санаи 15 феврал амалӣ карда мешаванд).
- - Аксизҳо дар давоми сол 12 маротиба пардохт карда мешаванд, Ҳар як эъломия то санаи 15-уми моҳ, баъд аз моҳи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешаванд (мисол: эъломия барои январи соли то санаи 15 феврал пешниҳод мешавад).
- - Субъектҳои бизнеси бозӣ, ки бо низоми содакардашуда андозбандӣ мешаванд, эъломияҳоро 12 маротиба дар давоми сол пешниҳод менамоянд, Эъломияи низоми мазкур то санаи 15-уми моҳ, баъд аз моҳи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
- - Эъломияи андоз аз даромадҳои шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд то санаи 1 апрели соли ояндаи баъд аз соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешаванд.
- - Андозҳо аз молу мулк (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) на дертар аз 15-уми феврал (бо тартиби пешпардохт), 15-уми май, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25%, 50%, 75% ва 100% маблағи солона пардохт карда мешавад.
-
- Андози ягонаи соли ҷории андоз барои заминҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ на дертар аз 10-уми март ба андозаи на камтар аз 15% маблағи солонаи андоз:
- на дертар аз 10-уми июн ба андозаи на камтар аз 30% маблағи солонаи андоз;
- на дертар аз 10-уми сентябр ба андозаи на камтар аз 50% маблағи солонаи андоз;
- на дертар аз 10-уми декабр ба андозаи на камтар аз 100% маблағи солонаи андоз, пардохт карда мешавад.
- - Санаи имрӯза