Маълумот оиди лоиҳа
Бо мақсади татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №643 тасдиқ шудааст, санаи 3 июни соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи Грантӣ № D835-TJ “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” (минбаъд Созишнома) ба имзо расид.
Созишнома аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2021, № 471 тасдиқ (ратификатсия) карда шуда, бо назардошти иҷроиши шартҳои муайянгардидаи Созишнома, санаи 6 декабри соли 2021 қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Давраи татбиқи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” солҳои 2021–2026-ро дар бар мегирад ва аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд барои татбиқи он 50 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ҷиҳати ноил шудани ҳадафҳои зерин равона шудааст: 1) беҳтар кардани сифат ва содагардонии низоми андоз; 2) баланд бардоштани сифати хизматрасонињо ба андозсупорандагон ва 3) бењтар намудани риояи ихтиёрии ќонунгузории андоз.