Давлатзода Нусратулло Муқим

Маълумот:

15 январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2006 Академияи хизматии давлатии Русияи назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солеҳзода Аюбҷон Маруф

Маълумот:

9 майи соли 1968 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахтиёр Султон

Маълумот:

12 апрели соли 1976 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, соли 2004 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва соли 2011 Академияи умумироссиягии давлатии андози Вазорати молияи Федератсияи Россияро бо ихтисосҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос ва идоракунии давлатӣ – андозҳо ва андозбандиро хатм кардааст.

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маликзода Нарзулло Саймиддин

Маълумот:

9 сентябри соли 1962 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1984 филиали Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе бо ихтисоси муаллими мактаби миёна ва соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимзода Абдусалом

Маълумот:

1 сентябри соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меликзода Каъбатулло Нарзулло

Маълумот:

3 ноябри соли 1972 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон