Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ (ШҲРМА)
Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ (ШҲРМА)
Қарор дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз ва тасдиқи Низомнома дар бораи он 31 майи соли 2001 дар Минск дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ қабул карда шуд. Дар қарори мазкур 12 давлати аъзои ИДМ иштирок доранд (ба ғайр аз Туркманистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон).
Мутобиқи Низомномаи мазкур маводҳо ба ҷаласаи навбатии Шӯро аз ҷониби раиси он, ки намояндаи мақомоти давлати андоз аст ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ омода карда мешавад.
Ба ҳайати Шӯро роҳбарони мақомоти андоз аз 9 давлати аъзои ИДМ дохил мешаванд. Шӯрои ҳамоҳангсоз бо Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳамкорӣ менамояд (ба ҳайати Шӯро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ бо ҳуқуқи овози машваратӣ ширкат менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти Шӯро инҳо мебошанд:
- ҳамкорӣ миёни мақомоти андози давлатҳо – аъзои ИДМ, мутобиқи қонунгузории миллӣ дар сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ, ки сиёсати андоз ва маъмурикунонии андозро танзим менамояд;
- ташкили шароитҳои муфид барои фаъолияти минтақаи озоди савдо;
- таҳия ва мусоидат намудан дар татбиқи созишномаҳои қабулшудаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва қарорҳо дар соҳаи беҳсозии сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз.
- таъмини шаффофияти қонунгузории андози давлатҳои аъзои ИДМ бо мақсади ташкили фазои ягонаи андоз, ки имконияти муҳайё намудани шароити баробарро барои фаъолияти хоҷагидорӣ таъмин менамояд;
- таҳкими назорати андозии байнидавлатӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ;
- тақвияти мубодилаи маълумот байни мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи назорати воқеӣ оид ба интиқоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар савдои байниҳамдигарӣ дар мавриди ситонидани андозҳои ғайримустақим аз рӯи принсипи "кишвари таъинот" миёни давлатҳои аъзои ИДМ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти андоз оид ба назорат дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти спиртдор ва тамоку;
- рушди ҳамкориҳои судманд бо дигар мақомоти соҳавии ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод ва сохторҳои миллӣ, ки мутобиқи қонунгузории миллии амалкунанда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба онҳо масъалаҳои сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз вобаста шудаанд, дохил мешаванд;
- ҳамкорӣ дар соҳаи табодули таҷриба ва тайёр намудани кадрҳо.
Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ аз оғози фаъолияти худ аз соли 2001, ҷиҳати таъмин намудани сатҳи дахлдори муносибатҳои андозӣ барои субъектҳои хоҷагидорӣ мутобиқи равишҳои дахлдори байналмилалӣ, фаъолият менамояд. Бинобар ин, бартараф намудани андозбандии дукарата ба яке аз самтҳои асосии ҳамкории андозӣ табдил гардид.
Дар фазои ИДМ низоми ягонаи санадҳои ҳуқуқии андозбандӣ ҳангоми сармоягузории мутақобила ва савдо таъсис нагардидааст. Бо амалӣ намудани принсипи соҳибихтиёрӣ, ҳар як давлат қонунгузориро қабул намуд, ки пардохти андозҳоро аз даромади на танҳо ташкилотҳои миллӣ, балки ширкатҳои хориҷӣ низ таъмин менамояд. Қоидаҳои монанд нисбат ба шахсони воқеӣ низ амал мекунанд. Зимнан равишҳои давлатҳо ба ҳаҷми уҳдадориҳои андозӣ барои ғайрирезидентҳо ва ҳолатҳое, ки чунин уҳдадориҳо ба миён меоянд, фарқ мекунад. Як қатор давлатҳо ҷиҳати баробар намудани шароитҳо барои шахсони миллӣ ва хориҷӣ то андозаи муайян омода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми нигоҳдории андозҳо аз бисёри даромадҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 15-20% ситонида мешавад. Дар дигар давлатҳо андозбандии ғайрирезидентҳо танҳо ҳангоми фаро расидани баъзе ҳолатҳо ва аз рӯи феҳристи маҳдуди навъҳои даромад анҷом дода мешавад. Аммо, новобаста аз ҳаҷми уҳдадории андозӣ барои ширкат ё шаҳрванди хориҷӣ, фаъолияти онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрисамаранок мегардад, чунки дар маҳалли бақайдгирӣ низ онҳо бояд андозбандӣ шаванд.
Даъвои ҳарду давлатҳо оид ба ҳуқуқи андозбандии даромади субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад ба чунин нишондиҳандаҳои муҳим, яъне гардиши мол, қарз ва сармоягузорӣ, ки муносибатҳои байнидавлатиро тавсиф медиҳанд, таъсири манфии расонад.
Дар робита ба ин, раёсати андоз дар соҳаи муносибати иқтисодии байналмилалӣ дар давлатҳои ИДМ, ташкил намудани механизми ташкилию иқтисодӣ ҷиҳати бартараф намудани андозбандии дукаратаро зарур донист.
Ба пуррагӣ ин механизм ба воситаи хулоса ва татбиқи созишномаҳо дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата, қоидаҳои дақиқи тақсими юрисдиксия байни давлатҳо оид ба андозбандии субъектҳои як давлат пешбинӣ шудааст, ки дар дигар давлати аъзои ИДМ даромад мегиранд ё молу мулк доранд, амалӣ менамояд. Созишнома системаҳои андозии давлатҳоро пайваст менамояд ва бо мурури рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо шумораи онҳо зиёд гардида истодааст.
Сохтори созишномаҳо, принсипҳои асосӣ ва моддаҳои онҳо байни худ монанданд: ҳангоми бастани онҳо давлатҳо аз тавсияҳо ва намунаҳои таҳиянамудаи ташкилотҳои байналмилалӣ истифода мебаранд. Дар баробари ин, ҳар як созишнома сифатҳое фарқкунандаи худро дорад, ки бо хусусиятҳои иқтисодӣ рушди давлат ва ҷанбаҳои таърихии ҳамкории дуҷониба шарҳ дода мешаванд.
Ба ғайр аз қоидаҳои муайянкунандаи кишвар, ки бояд андозбандӣ сурат гирад ва андозаи уҳдадориҳои андоз муайян мегардад, инчунин шартнома, механизми бартараф намудани андозбандии дукарата (тартиби ба ҳисоб гирифтани андози пардохтшуда дар хориҷи кишвар ба маблағи миллии андоз), шартҳои гузаронидани расмиёти мутақобила ҳангоми баррасии масъалаҳои баҳсталаб, инчунин тартиби мубодилаи иттилоотро дар бар мегирад. Ин масъалаҳо, ба кори ҳаррӯза оид ба таъмини маъмурикунонии андози андозсупорандагон, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, дохил мешаванд.
Азбаски созишнома қонунгузории андоз аст, муқаррароти он дар як вақт аз ҷониби ду давлат, ба ҳамон як шахс ва нисбат ба ҳамон як даромад ё молу мулк татбиқ мегардад, муҳим аст, ки мақомоти давлатҳои дахлдор муқаррароти онро баробар дарк кунанд ва амалӣ намоянд.
Дар маҷмӯъ дар давлатҳои аъзои ИДМ оид ба маъмурикунонии созишномаҳо фарқият мавҷуд нест, ки аз усулҳои умумиэътирофшуда тафовут дошта бошанд. Дар баробари ин, хусусиятҳои таҷрибаи ҳар як мақомоти андоз ҷой доранд. Барои муайян намудани талаботи тартиби андозбандӣ ҳангоми ҷой доштани аҳдҳои байналмилалӣ мақомоти андози давлатҳо пайваста ҳамкорӣ доранд.
Дар натиҷаи чунин ҳамкорӣ дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи дар як ҳуҷҷат ҷамъ овардани меъёрҳои дастурӣ, ки маъмурикунонии созишномаҳои аз ҷониби тамоми давлатҳои аъзои ИДМ қабулнамударо дар бар мегирад, мувофиқ дониста шуд.
Дар натиҷа, давлатҳо таҷрибаи муайян ва қоидаҳои миллиро вобаста ба татбиқи созишномаҳо ба даст оварданд. Ҳолатҳои мазкур таваҷҷуҳи маъмуриятҳои андозро дар таҳияи маҷмӯаи иттилоотӣ оид ба масъалаи мазкур, ки дар он маълумот дар бораи шартҳои татбиқи созишномаҳо дар давлатҳои аъзои ИДМ, намунаҳои маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани афазалияти созишномаҳо, тасдиқи маблағи андозҳо, ки дар хориҷ пардохт шудаанд, талабот оид ба пур кардан ва шартҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро бояд дар бар гирад.
Маълумотҳои мазкур ҷиҳати хабардор намудани андозсупорандагон оид ба талаботҳои муқаррарнамудаи давлатҳои аъзои ИДМ нисбат ба ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави онҳо даромад ба даст овардаанд ва молу мулк доранд, барои бартараф намудани андозбандии дукарата зарур мебошад.
25-26 сентябри соли 2001 аввалин ҷаласаи Шӯро гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳо оид ба интихоби Раис, барномаи чорабиниҳои аввалиндараҷа ва қоидаҳои кори шӯро баррасӣ гардида буданд.
Бояд қайд намуд, ки ҷаласаи 25-ум Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 24 августи соли 2018 гузаронида шуд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти андози Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, инчунин Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамчун пойгоҳи ташкилоти давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омода, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун нозир иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои маъмурикунонии андоз дар замони иқтисод рақамӣ, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи навъҳои хизматрасонӣ, истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд дар давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2017 ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ лоиҳаи Протокол оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои амалӣ намудани маъмурикунонии андоз низ баррасӣ гардид.
Ҷаласаи 26-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ моҳи ноябри соли 2019 дар Россия баргузор гардида, он ба мавзӯи хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон ва воситаҳои рақамии дастрасӣ ба он бахшида шуда буд. Ваколат оид ба гузаронидани ҷаласаи 26-ум ба Хадамоти андози Федератсияи Россия дар ҷараёни ҷаласаи 25-ум Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар Душанбе барпо гардид, вогузор шуда буд.
Дар ҷаласаи 26-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, ки моҳи ноябри соли 2019 дар Россия баргузор гардид, ваколат оид ба гузаронидани ҷаласаи 27-ум ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор карда шуд.