Воситаи ташхиси баҳогузории маъмурикунонии андоз (TADAT) - семинари омӯзишӣ
![](https://andoz.tj/images/news/photo_2024-12-05_07-49-36.jpg)
Дар доираи Ҳисоботи Хазинаи Байналмиалии Асъор (минбаъд ХБА) оид ба пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ ба Кумитаи андоз ҷиҳати татбиқ намудани Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2023, №594 тасдиқ шудааст, рӯзҳои 25 - 29 ноябри соли 2024 бо иштироки коршиносони ХБА барои кормандони Кумитаи андоз семинари омӯзишӣ оид ба Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурикунонии андоз (TADAT) баргузор гардид.
Тавассути стандартҳои TADAT дар муқоиса ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ баҳогузорӣ намудани ҳолати воқеии маъмурикунонии андоз ва сатҳи рушди он пеш аз ҳама барои муайян намудани тарафҳои мусбат ва манфии маъмурикунонии андоз мусоидат менамояд.
Зимни баргузории семинар, коршиносони ХБА ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён оид ба сохтор, консепсияи ТАДАТ ва соҳаҳои муҳимми самарабахш аз ҷумла, ягонагии махзани иттилоотии андозсупорандагони ба қайд гирифташуда, идоракунии хавфҳои андозӣ, мусоидат намудан ба иҷрои ихтиёрии қонунгузории андоз, саривақт пешниҳод намудани эъломияҳо ва пардохти андозҳо, дурустии маълумотҳо дар эъломияҳои андозӣ, ҳали баҳсҳои андозӣ, идоракунии даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён дар машғулиятҳои амалии семинар фаъолона иштирок намуда, бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ оид ба маъмурикунонии андоз шинос гардиданд.
Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон