Иштирок дар ҷаласаи 17-уми пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андоз
Рӯзҳои 25-29 ноябри соли 2024 дар шаҳри Асунсиёни Ҷумҳурии Парагвай ҷаласаи 17-уми пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбандӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 360 намоянда аз 116 кишвар ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии номбурда Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳзода Аюбҷон Маруф намояндагӣ намуд.
Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбанди (минбаъд - Форуми глобалӣ) ниҳоди байналмилалӣ буда, ба он 171 давлати ҷаҳон шомил мебошанд.
Ҳадафи асосии Форуми глобалӣ ин мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо ва таъмини афзоиши даромадҳои андозӣ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои табодули иттилоот мебошад.
Давлатҳои аъзои Форуми глобалӣ маълумотро ба ҳамдигар тибқи дархост оид ба андозсупорандаи муайян ва ё дар ҳар муддати (вақти) муайяншуда ба тариқи автоматӣ ва дар асоси Стандарти ягонаи ҳисоботӣ (CRS) пешниҳод менамоянд.
Иштирокчиён дар вохӯриҳои пленарии Форуми глобалӣ мавзӯъҳо оид ба дастовардҳои муштараки давлатҳо дар самти табодули иттилоот ва ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо, натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда дар соли 2024, муҳиммияти шомил шудан ба Форуми глобалӣ аз ҷониби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором, ҳадафҳои оянда барои такмил ва таҳкими табодули иттилоот, ҳифз ва махфияти маълумотҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти андоз ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон