Резаахбор оид ба сафарҳои кории намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

     Аз 17 то 26 ноябри соли 2024 ҳайати намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ ба Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд бо мақсади тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ намуданд.

     Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Кумитаи андоз - Султон Бахтиёр низ ҳамроҳӣ намуданд.

     Зимни сафари корӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони мақомотҳои давлатӣ ва намояндагони бахши хусусии давлатҳои номбурда вохӯриҳои судмандро баргузор намуда, масъалаҳо оид ба рушди ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоя, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва низоми андозбандиро мавриди муҳокима қарор доданд.

     Дар доираи ҳошияи вохӯриҳо Султон Бахтиёр оид ба низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорон, соҳибкорон ва намояндагони мақомотҳои давлатии Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд маълумот дар шакли рӯнамо пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав соли 2022 мавриди амал қарор дода шудааст, ки дар он таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ба инобат гирифта шудааст ва ба андозсупорандагон имконият медиҳад, ки уҳдадории андозии худро бо осонӣ иҷро намоянд.

     Ҳамзамон, Султон Бахтиёр ба таваҷҷуҳи иштирокчиён доир ба намуд, низом ва имтиёзҳои андозӣ, шаклҳои хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

     Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Кумитаи андоз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 тадбирҳои пайвастаро бо мақсади беҳтар намудани фазои андозбандӣ амалӣ намуда истодааст.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон