Оид ба ташрифи муовини Роҳбари Хадамоти федералии андози Россия ба Кумитаи андоз

     Санаи 24 октябри соли 2024 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси Кумита Давлатзода Нусратулло Муқим бо муовини Роҳбари Хадамоти федералии андози Россия Шепелева Юлия Вячеславовна баргузор гардид.

     Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид, муовини роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия Шепелева Ю.В. ба Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Н.М. барои истиқболи самимонаи ҳайати Россия изҳори сипос намуда, роҷеъ ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Созишномаи байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз табодули афкор намуд.

     Бояд қайд намуд, ки Созишномаи номбурда соли 2023 ба имзо расонида шуда, давраи татбиқи амалии он солҳои 2023-2025-ро дарбар мегирад.

     Дар робита ба ин Кумитаи андоз дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии андози Россия, Ҷамъияти саҳомии “Маркази асосии татбиқи инноватсияҳои илмӣ” (АО“ГНИВЦ”), Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти иловагии касбии "Донишкадаи таҳсилоти касби"-и Россия, Донишкадаи молиявии илмию тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пленум”- и Федератсияи Россия як қатор корҳои назаррасро дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Созишномаи болозикр амалӣ намуд, аз ҷумла, Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташкили кор бо андозсупорандагон ва Консепсияи услуби корпоративии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ороиши дохилию берунии Нозироти намунавӣ таҳия намуд.

     Ҳамзамон, дар доираи кӯмаки техникии Федератсияи Россия бизнес-равандҳои маъмурикунонии андози Кумитаи андоз низ такмил дода шуда истодаанд аз ҷумла, системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилии ҳуҷраи шахсӣ барои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор дода шуданд.

     Бояд қайд намуд, воситаи таҳлилии таҳияшуда ба таври худкор маълумотро аз ҳисобнома-фактураҳои электронӣ ва эъломияи андоз аз арзиши иловашуда тафтиш карда, маълумотҳои дохилии андозсупоранда ва ҳам контрагентҳои андозсупорандаро муқоиса мекунад. Система имконият медиҳад, ки графҳои робитаҳо иттилоотии бо ҳам алоқамандро ташаккул дода, тавассути тасвири визуалии муносибатҳои моливу-молиявии андозсупорандагонро ҷиҳати муайян кардани хавфҳои эҳтимолии иҷро нагардидани қонунгузории андоз ва саркашӣ аз пардохти одилонаи андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет мусоидат менамояд.

     Доир ба замимаи мобилии ҳуҷраи шахсӣ барои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қайд намуд, ки он дар ду платформаи мобилӣ - Android ва iOS татбиқ гардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд, аз ҷумла, бақайдгирӣ дар утоқи шахсӣ, ворид шудан ба система тавассути рамзи махфӣ ё бо истифода аз маълумоти биометрӣ (изи ангушт ё faceID), шинос шудан бо паёмҳои Кумитаи андоз, кор кардан бо ҳисобкунаки андоз, шиносоӣ бо маълумот оид ба амволи шахси воқеӣ ва дигар имкониятҳоро пешниҳод менамояд.

     Дар фарҷоми вохӯрӣ изҳори итминон карда шуд, ки корҳои дар доираи Созишнома иҷрогардида ба сиёсати андоз ва беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои самаранок татбиқ намудани назорати андоз, пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат ба андозсупорандагон ва васеъ намудани манбаи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон