Қабули ҳайати вакилони Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия дар Кумитаи андоз
Қабули ҳайати вакилони Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия дар Кумитаи андоз
Санаи 11 августи соли 2021 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Гурӯҳи кории Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини роҳбари хадамот Шепелева Юлия Вячеславовна вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, муовини роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия Шепелева Ю. В. ба Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Н. М. барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму дӯстонаи ҳайати Россия изҳори сипос намуда, роҷеъ ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои расонидани кӯмаки техникӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуд.
Кӯмаки техникии Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия ба Кумитаи андоз ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз самтҳои зеринро дар бар мегирад:
1) беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда;
2) мавриди истифода қарор додани онлайн кассаҳо (мошинҳои назоратӣ - хазинавии насли нав);
3) баланд бардоштани самаранокии андозбандии молу мулки ғайриманқул ва манқул;
4) таҳияи тавсияҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маъмурикунонии андоз.
Ҳамчунин, зимни вохӯриҳо баррасии лоиҳаи Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия оид ба расонидани кӯмаки техникӣ бо мақсади рушди маъмурикунонии андоз дар назар аст.