Оид ба семинар-машварати муштараки Кумитаи андоз ва Хадамоти федералии андози Россия дар мавзӯъҳои маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилии ҳуҷраи шахсӣ барои шахсони воқеӣ

         Санаи 25-уми октябри соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Кумитаи андоз дар якљоягӣ бо Хадамоти федералии андози Россия дар мавзӯъҳои маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби истифодаи замимаи мобилии ҳуҷраи шахсӣ барои шахсони воқеӣ семинар – машварат баргузор намуданд.

         Дар семинар беш аз 300 нафар андозсупорандагон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.



         Қайд гардид, ки дар доираи “Созишномаи байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз” як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуд. Аз ҷумла Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилии ҳуҷраи шахсӣ барои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – замимаи мобилӣ) таҳия ва роҳандозӣ гардид.

         Намояндагони Хадамоти федералии андози Россия тартиби истифодабарии Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилиро дар шакли рӯнамо ба иштирокчиён пешниҳод карда, қайд намуданд, ки Воситаи таҳлилии таҳияшуда ба таври худкор маълумотро аз ҳисобнома-фактураҳои электронӣ ва эъломияи андоз аз арзиши иловашуда тафтиш карда, маълумотҳои дохилии андозсупоранда ва ҳам контрагентҳои андозсупорандаро муқоиса мекунад. Система имконият медиҳад, ки графҳои робитаҳо иттилоотии бо ҳам алоқамандро ташаккул дода,тавассути тасвири визуалии муносибатҳои моливу-молиявии андозсупорандагонро ҷиҳати муайян кардани хавфҳои эҳтимолии иҷро нагардидани қонунгузории андоз ва саркашӣ аз пардохти одилонаи андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет мусоидат менамояд.



         Замимаи мобилӣ дар ду платформаи мобилӣ - Android ва iOS татбиқ мегардад ва вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд, аз ҷумла: бақайдгирӣ дар утоқи шахсӣ, ворид шудан ба система тавассути рамзи махфӣ ё бо истифода аз маълумоти биометрӣ (изи ангушт ё face ID), шинос шудан бо паёмҳои Кумитаи андоз, кор кардан бо ҳисобкунаки андоз, шиносоӣ бо маълумот оид ба амволи шахси воқеӣ ва дигар имкониятҳоро пешниҳод менамояд.

         Ҳамзамон, дар доираи Семинар байни кормандони Кумитаи андоз, намояндагони Хадамоти федералии андози Россия, андозсупорандагон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мубодилаи афкор сурат гирифт.



        Дар охир қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳамкори бо вазорату идораҳо, андозсупорандагон ва шарикони рушд ба монанди Хадамоти федералии андози Россия сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра беҳтар гардида, барои самаранок татбиқ намудани назорати андоз, пешниҳод намудани хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон ва васеъ намудани манбаи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон