• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Ифтитоҳи иншооти Нозироти андоз дар ноҳияи Роштқалъа

28 сентябр 2021 с.

Ифтитоҳи иншооти Нозироти андоз дар ноҳияи Роштқалъа



    28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа ҳамчунин бинои нави Нозироти андозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Нозироти андоз туҳфаи арзандаест ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони мақомоти андоз, соҳибкорон ва шаҳрвандони ноҳияи Роштқалъа.




    Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 692 метри мураббаъ сохта шуд. Бинои нави Нозироти андоз аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ, терминал ва шуъбаи бақайдгирӣ ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм бошад, дорои маҷлисгоҳ, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, ки ҳамагии онҳо бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.




    Дар бино ҳамчунин толори алоҳидаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст, ки дар он андозсупорандагон имкон доранд бо истифода аз хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз истифода баранд.




Вохӯрӣ бо ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия

27 сентябр 2021 с.

Вохӯрӣ бо ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия



Санаи 27 сентябри соли 2021 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо ходимони илмии Маркази сиёсати андози Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия вохӯрии судманд анҷом дод. Дар вохӯрӣ Лазарян Самвел Сергеевич – роҳбари самтҳои барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ, сардори Маркази тадқиқоти макроиқтисодӣ, Шаталов Сергей Дмитриевич – мушовири директори Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотӣ, Пинская Миляуша Рашитовна – роҳбари Маркази сиёсати андоз ва дигар ходимони Пажӯҳишгоҳ иштирок намуданд. Мақсади вохӯрӣ – мубодилаи таҷриба байни мақомотҳои марбутаи давлатӣ ва ба роҳ мондани семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои дурнамосозии даромади буҷети давлатӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва сиёсати андозро дарбар мегирад. Инчунин, ҷонибҳо вобаста ба Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, таъсири он ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди самтҳои гуногуни иқтисодии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани њамкорињои минбаъда бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

Ифтитоҳи иншоотҳо дар ноҳияи Балҷувон.

23 сентябр 2021 с.

Ифтитоҳи иншоотҳо дар ноҳияи Балҷувон



    Санаи 23-юми сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи иншоотҳо, аз ҷумла иншооти БДА «Амонатбанк», Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Варзишгоҳи марказӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон иштирок намуданд.




    Дар бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили кушодани суратҳисоби бонкӣ, интиқол ва гирифтани маблағ, пардохти хизматрасониҳо ва гирифтани қарзҳо ба роҳ монда шудааст.




    Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик тарбия намудани насли наврасу ҷавон мусоидат мекунад. Зеро дар ин ҷо аз давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисоркуниҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад.




    Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст. Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ҳуҷраҳои кории шуъбаю бахшҳои дастгоҳ ва мақомот ва бойгонӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон бо тамоми лавозимоти корӣ дар ошёнаи дуюм муҷаҳҳаз мебошанд.




    Мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, баргузории мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ, чорарабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар миёни сокинон имкони васеъ фароҳам овард.




    Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.




Конфронси дуюми Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” (BRITACOF).

7 сентябр 2021 с.

Конфронси дуюми Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” (BRITACOF).



    Рӯзҳои 7-9-уми сентябри соли 2021 конфронси дуюми маҷозии Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” (минбаъд - BRITACOF) баргузор гардид.

    Конфронс аз ҷониби Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд. Мавзӯи конфронс: "Рақамикунонии маъмурикунонии андоз ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави идоракунии маълумот".

    Дар конфронс намояндагони мақомоти андози 61 кишвар, 12 созмони байналмилалӣ, доираҳои академӣ ва тиҷоратӣ иштирок доштанд, ки доир ба рақамикунонии маъмурикунонии андоз маърӯза ироа намуданд.

    Ҳадафи ин конфронс мусоидат намудан ба рушди доимии муҳити андозӣ, тақвияти андозбандӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва ҳамкорӣ баҳри тавсеаи маъмурикунонии андоз дар кишварҳои узви BRITACOM мебошад.

    Аз ҷониби Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронси маҷозӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Солехзода А., муовини Раиси Кумитаи андоз Маликзода Н. ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Хайриддинов У. иштирок намуданд.

    Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Солехзода А. дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Дар маърӯзаи худ ӯ доир ба асосҳои ҳуқуқии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, шаклҳои хизматрасонӣ ва шумораи хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон маълумоти муфассал ироа намуд.

    Ба иштироккунандагони конфронс вебсайти Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуд, ки аз соли 2017 инҷониб 63 намуди хизматрасониҳои электрониро ба андозсупорандагон пешниҳод менамояд. Инчунин имконоти терминал ва маркази тамос нишон дода шуданд, ки ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон ҷиҳати баррасии мушкилоту проблемаҳо, арзу шикоятҳо ва пешниҳоди фикру мулоҳизаи онҳо оид ба ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупорандагон шароити мусоид фароҳ меоварад.

    Қайд гардид, ки бо мақсади муайян намудани сатҳи қаноатмандии андозсупорандагон аз хизматрасониҳои андозӣ, аз ҷониби гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар ибтидои соли 2021 дар байни 1060 субъектҳои соҳибкории Тоҷикистон таҳқиқот гузаронида шуда, дар натиҷаи он маълум гардид, ки аксарияти андозсупорандагон аз касбият, салоҳият ва ёрии кормандони мақомоти андоз дар шарҳу тавзеҳи қонунгузории андоз изҳори қаноатмандӣ намуданд.

    Пас аз маърӯзаи муовини якуми Раиси Кумитаи андоз, модератори конфронс Стеф ван Вигел - роҳбари сиёсати байналмилалии андози PwC, профессори ҳуқуқи байналмилалии андози Донишгоҳи Амстердам ба Солехзода А. барои баромади пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки шахсан аз вебсайти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кард ва мутмаин гардид, ки вебсайти Кумита барои истифодаи андозсупорандагон қулай ва осон мебошад.

    Дар охир маъмуриятҳои андози кишварҳои узви BRITACOM вобаста ба коркарди технологияҳои пешрафта барои мусоидат ба навсозӣ ва рақамигардонии маъмурикунонии андоз, дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории мутақобила судманд, ошкорбаёнӣ ва фарогирӣ баҳри рушду инкишофи ояндаи BRITACOM ба тавофуқ расиданд.

    Лозим ба зикр аст, ки дар вебсайти расмии BRITACOM намоишгоҳи маҷозӣ баргузор мегардад, ки дар он дастоварду комёбиҳои мақомоти андози кишварҳои гуногун дар соҳаи рақамисозии маъмурикунонии андоз ба намоиш гузошта мешавад.

    Дар намоишгоҳи маҷозӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намудааст (маълумоти муфассал дар бораи намоишгоҳи маҷозӣ (виртуалӣ) дар истиноди зерин дастрас аст: https://www.britacom.org/news/exhibition_2/ ).


Ифтитоҳи иншооти Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

20 август 2021 с.

Ифтитоҳи иншооти Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ



Санаи 20-уми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншооти Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуд.



Муосиркунонии соҳаи андоз – яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз буда, ҷиҳати беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва фароҳам овардани шароити мусоиду қулай ба шаҳрвандон ва беҳтар иҷро намудани уҳдадориҳои андозии онҳо пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад.



Айни замон, мақомоти андоз намудҳои зиёди хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамояд, аз ҷумла эъломияҳои андозӣ тариқи электронӣ пешниҳод карда мешаванд ва маълумотномаи лозима дар реҷаи онлайн дархост карда мешавад, инчунин ҳама гуна маълумотро метавон вобаста ба қонунгузории андоз дар сомонаи Кумитаи андоз дастрас намуд.



Иншооти замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки мақомоти андозро ҳамчун яке аз мақомоти хизматрасонӣ дорои технологияҳои пешқадам муаррифӣ менамояд. Ин ба соддагардонии раванди ҳамгироӣ бо андозсупорандагон, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва ҷиҳати ташкили фазои мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди ноҳия мусоидат хоҳад кард.



Дар иншоот барои андозсупорандагон тамоми нуқтаҳои функсионалӣ алалхусус, мизҳо барои тартиби ҳуҷҷатҳо, овезаҳои маълумотӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо баҳри қабули самараноки шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.



Бояд қайд намуд, ки иншооти Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.



Қабули ҳайати вакилони Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия дар Кумитаи андоз

12 август 2021 с.

Қабули ҳайати вакилони Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия дар Кумитаи андоз



    Санаи 11 августи соли 2021 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Гурӯҳи кории Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини роҳбари хадамот Шепелева Юлия Вячеславовна вохӯрӣ анҷом дод.




    Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, муовини роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия Шепелева Ю. В. ба Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Н. М. барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму дӯстонаи ҳайати Россия изҳори сипос намуда, роҷеъ ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои расонидани кӯмаки техникӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуд.




    Кӯмаки техникии Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия ба Кумитаи андоз ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз самтҳои зеринро дар бар мегирад:

    1) беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда;

    2) мавриди истифода қарор додани онлайн кассаҳо (мошинҳои назоратӣ - хазинавии насли нав);

    3) баланд бардоштани самаранокии андозбандии молу мулки ғайриманқул ва манқул;

    4) таҳияи тавсияҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маъмурикунонии андоз.




    Ҳамчунин, зимни вохӯриҳо баррасии лоиҳаи Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия оид ба расонидани кӯмаки техникӣ бо мақсади рушди маъмурикунонии андоз дар назар аст.


 Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии
 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон