ЭЪЛОН Шаҳрвандони муҳтарам
ЭЪЛОН
Шаҳрвандони муҳтарамБа маълумоти Шумо мерасонем, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, ҳавасмандгардонии онҳо ва таъмини риояи муқаррароти қонунгузории андоз дар мавриди истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ, Кумитаи андоз аз 1 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе иқдоми бурднокро таҳти номинатсияи «Бихар ва бурд намо» доир менамояд.
Ҷиҳати иштирок дар иқдоми мазкур, шаҳрвандон бояд дар барномаи махсуси мобилии «Бихар ва бурд намо», ки дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.andoz.tj) ва замимаи «Play Market» ҷойгир карда шудааст, худро ҳамчун истифодабаранда ба қайд гузоранд.
Дар ҳар як даври баргузории иқдом, ғолибон аз рўи номгўи бурдҳои гузошташуда, тибқи рамзҳои махсуси қаблан ба иштирокчиёни иқдом ирсолшуда бо роҳи қуръапартоӣ муайян карда мешаванд.
Маълумоти пурраро оид ба маъсалаи мазкур метавонед аз сомонаи Кумитаи андоз (www.andoz.tj) ё ба воситаи рақами телефони соддакардашудаи «151» дастрас намоед.