• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Вохӯрии машваратӣ-тавзеҳотии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд.

19 март 2021 с.

Вохӯрии машваратӣ-тавзеҳотии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд.



Санаи 18 марти соли 2021 бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои ба андозбандӣ ҷалб намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, кор ва фаъолият мекунанд, вохӯрии машваратӣ-тавзеҳотии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ зиёда аз 50 намояндагон ва шахсони мансабдори миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Кумитаи андоз муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон ва дигар шахсони масъули Кумита иштирок намуданд.

Ба маълумоти иштирочиёни вохӯрӣ рӯнамоҳо оид ба хизматрсониҳои Кумитаи андоз дар шакли электронӣ ва оид ба маъмурикунонии андозбандии шахсони воқеӣ, ки аз кори кироя дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ даромад мегиранд ва оид ба муқаррароти асосии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №205 “Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд” пешниҳод карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ, иштирокчиён роҳҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар самти риояи Конвесияи Вена оид ба муносбатҳои дипломатӣ ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбандии даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд ва мушкилиҳои ҷойдошта ҳангоми баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалиро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯри аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон ба саволҳои намояндагони сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда оид ба тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Инчунин ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи маҷозӣ расонида шуд, ки Кумита омодааст дар доираи ваколатҳои худ ба ҳалли минбаъдаи масъалаҳои мавҷуда мусоидат намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо бори дигар ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар ҳалли мушкилиҳо дар раванди андозбандии даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва риояи тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои болозикр изҳори умед намуданд.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН!

10 март 2021 с.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН!



     Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозии насли наврас, донишҷӯён, соҳибкорон ва шахсони воқеӣ дар ҳамкории муштарак бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар таҳти унвони “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” Озмун эълон менамояд.

Озмун аз рӯи ду номинатсия дар се давр гузаронида мешавад:

1. Номинатсияи расми беҳтарин – зери унвони “Андоз аз нигоҳи наврасон” - барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна.

2. Номинтасияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” – барои донишҷӯёни таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, соҳибкорон ва шахсони воқеӣ.

Тартиби гузаронидани Озмун:

Даври якум дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 15 июни соли 2021.

Даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе то 15 августи соли 2021.

Даври сеюм (даври ниҳоӣ) дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 октябри соли 2021 гузаронда мешавад.

Барои номинатсияи гурӯҳи якум - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

- ғолибони даври якум ва дуюми Озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд (се нафарӣ барои ҳар як ҷой) бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти андоз мукофотонида мешаванд;

- ғолибони даври сеюми Озмун (ниҳоӣ) бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравии Кумитаи андоз (планшет ва мукофотҳои хотиравӣ) ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд.

Мукофотҳои пулӣ:

- ҷойи якум – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 5 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи дуюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 3 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи сеюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 2 ҳазор сомонӣ.

Барои номинатсияи гурӯҳи дуюм - донишҷӯёни таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, соҳибкорон ва шахсони воқеӣ:

- ғолибони даври якум ва дуюм, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд (се нафарӣ барои ҳар як ҷой), бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти андоз мукофотонида мешаванд;

- ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявӣ (даври ниҳоӣ) бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравии Кумитаи андоз (ноутбук ва мукофотҳои хотиравӣ) ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд.

Мукофотҳои пулӣ:

- ҷойи якум – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 10 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи дуюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 7 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи сеюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 5 ҳазор сомонӣ.

Барои маълумоти бештар бо телефони 233-55-31 муроҷиат карда метавонед.

Пас аз Facebook Google низ худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт

4 март 2021 с.

Пас аз Facebook Google низ худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт



Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 3 марти соли 2021 ширкати бузурги онлайнии Google дар сомонаи www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифт.

Қонуне, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шуд. Амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд. Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.


Кумитаи андоз инчунин қайд менамояд, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги Google ва Facebook, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд, ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.

ЭЪЛОН.Шаҳрвандони муҳтарам!

3 март 2021 с.

Шаҳрвандони муҳтарам!



     Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи талаботи моддаи 156 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ниҳоии пешниҳоди эъломияи андоз аз даромад аз ҷониби шахсони воқеӣ барои соли 2020 то санаи 1 апрели соли ҳисоботӣ муқаррар карда шудааст.

Яъне, тибқи муқаррароти моддаи мазкур, шахсони воқеӣ – резидент ва ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде мегиранд, ки бояд андозбандӣ карда шавад, аммо дар манбаи пардохт андозбандӣ нашудаанд, шахсони воқеие, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулӣ доранд, инчунин онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, уҳдадоранд, дар муҳлати то санаи 1 апрели соли баъди ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли қайди худ эъломияи андоз аз даромад пешниҳод намоянд.

Аз ин лиҳоз, эҳтиромона аз Шумо хоҳиш менамоем, ки эъломияи андоз аз даромади худро ба мақомоти андози маҳалли қайди худ пешниҳод намоед!

Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби Шумо пешниҳод нагардидани эъломияи андоз аз даромад, мақомоти андоз тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҷӯӣ менамояд.

Facebook худро ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифт

2 март 2021 с.

Facebook худро ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифт



Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.

2 марти соли 2021 ширкати Facebook худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анчом дода мешаванд, ба қайд гирифт.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҷиҳати риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба шахсони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ ба соҳибкорон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!

25 феврал 2021 с.

Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!



Лоиҳаи пешакии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон «Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома амалишаванда» бо дар назардошти лоиҳаи нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи имрӯзаи бозорӣ таҳия гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ набуда, дар доираи таклифу пешниҳодҳои асосноки Шумо такмил дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Аз ин лиҳоз, Ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи қарори мазкур эҳтиромона хоҳишмандем таклифҳои худро бо тариқи - ЛОИХАИ ҚАРОРИ №451 ба 20.02.2021-5 ё ин, ки ба почтаи электронии info@andoz.tj ва ё дар шакли хаттӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2 ирсол намоед.



Муҳлати пешниҳоди таклифҳо то 10 марти соли 2021.