• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Фаҳмондадиҳии муқаррароти нави қонунгузории андоз

9 феврал 2021 с.

Фаҳмондадиҳии муқаррароти нави қонунгузории андоз




Барои фаҳмондадиҳии муқаррароти нави қонунгузории андоз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2021 бо иштироки намояндагони Асотсиатсияи Ташкилотҳои Маблағгузории Хурди Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор намуд. Ғайр аз он, ҳангоми интервю якчанд саволҳо ошкор карда шуданд:

1. Ташкилоти қарз, бинобар сабаби надоштани шартнома бо дилхоҳ шабакаи иҷтимоӣ (мисол бо шабакаи иҷтимоии Facebook ва ё YouTube) ба корманди худ, ки махсус барои пешбурди маркетинг машғул аст, корти бонкӣ мекушояд ва пардохти хизматрасонӣ барои рекламаи ташкилоти қарзӣ ба хизматрасонанда, яъне ба Facebook ё YouTube тавассути корти бонкии ин корманд амалӣ шуда, дар ин самт пардохткунандаи хизматрасонӣ ба сифати шахси воқеӣ баромад менамояд. Дар чунин сурат оё ташкилоти қарзӣ агенти андоз ба ҳисоб меравад? Зеро, дар ин ҳолат чунин ба назар мерасад, ки ААИ аз ҳисоби шахси воқеъӣ гирифта шуда, дар асл хизматрасонии рекламавӣ ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод мегардад.

Инчунин, агар ташкилоти қарзӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро оиди аз корти бонкии корманд пардохтшудаи ААИ -ро пешниҳод карда тавонад, пас дар ин ҳолат ташкилоти қарзӣ набояд ҳамчун агенти андоз ба ҳисоб равад.

Зеро хизматрасонии мазкур алакай аз ҷониби шабакаи иҷтимоии хизматрасонанда бо дарназардошти андози дахлдор пешниҳод гардидааст.

Ҷавоб. Тибқи моддаи 1931 КА ҶТ шахсони хориҷие, ки мустақиман ё тавассути шахсони миёнарав ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва маҳалли чунин хизматрасониҳо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамчун андозсупоранда эътироф мегарданд. Маҳалли ҷойгиршавии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, агар яке аз шартҳои зерин иҷро гарданд:

  • маҳалли зисти харидор Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

  • маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ ё ташкилоти дигаре, ки дар он суратҳисоб кушода шудааст ва он аз ҷониби харидор барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истифода мешавад, ё оператори маблағҳои пулии электронӣ, ки тавассути он харидор ҳаққи хизматрасониро пардохт менамояд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад;

  • суроғаи шабакавии харидор, ки ҳангоми харидории хизматрасониҳо истифода мегардад (гардидааст), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад;

  • рамзи байналмилалии кишваре, ки рақами телефонии он барои харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасониҳо истифода шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта бошад

Агар хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ анҷом дода шаванд, пас шахсони мазкур – харидорони чунин хизматрасониҳо агентҳои андоз эътироф карда мешаванд.

Анҷом додани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби шахсони хориҷӣ-миёнаравҳое, ки фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати ташкили ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шахсони воқеӣ дар асоси шартномаҳои супориш, комиссия, агентӣ ва шартномаҳои дигари ба он алоқаманд бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо амалӣ менамоянд, барои мақсадҳои боби мазкур агенти андоз эътироф карда мешаванд.

Агар хизматрасониҳои электронӣ бо иштирок дар ҳисоббаробаркуниҳои силсилаи пайдарҳамии якчанд шахсони ҳуқуқӣ-миёнаравон анҷом дода шаванд, агенти андоз шахси хориҷӣ-миёнараве дониста мешавад, ки новобаста ба мавҷудияти шартнома бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони воқеӣ бевосита иштирок менамояд.

Дар ҳолате, ки харидори хизматрасониҳои рекламавӣ шахсони воқеӣ мебошанд, онҳо агентҳои андоз эътироф карда намешавад.

2. Дар қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 1911 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “шахсони миёнарав” зикр шудааст ва мехостем оиди ин мафҳум равшанӣ андохта шавад, ки ба ҳайси нафарон мушаххасан киҳо баромад намуда метавонанд? Инчунин савол ба миён меояд, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми қабули пардохти шахси воқеӣ барои хизматрасонии электронӣ ва гузарондани маблағи он ба шахсони хориҷӣ агенти андоз мебошад ё не?

Ҷавоб: Агар хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ анҷом дода шаванд, пас шахсони мазкур – харидорони чунин хизматрасониҳо агентҳои андоз эътироф карда мешаванд.

Дар натиҷа, ташкилотҳои қарзӣ, ки резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки имконияти пардохти хизматрасонии электронии хориҷиро фароҳам овардаанд, ба категорияи агентҳои андоз дохил карда намешаванд.

3. Дар ташкилотҳои қарзӣ ҳамёнҳои электронии шахсони воқеӣ мавҷуданд. Ташкилоти қарзӣ бо ғайрирезидент, ки номгӯи хизматрасониҳои электронии ширкатҳои гуногунро дорад (аз ҷумла рекламаи шабакаҳои иҷтимоӣ: Фейсбук, Ютуб ва ғайра) шартнома оиди қабули пардохтҳоро мебандад ва уҳдадор мешавад, ки бо чунин хизматрасониҳо ғайрирезидентро ба шахси воқеӣ бо тариқи терминалҳо, иквайринг ва бонкинги мобилӣ ҷорӣ намояд. Ташкилоти қарзӣ барои хизматрасонии мазкур ҳаққи комиссия мегирад ва маблағи хизматрасониро ба агенти ғайрирезиденти ширкатҳои интернетӣ пардохт мекунад. Дар чунин сурат ташкилоти қарзӣ агенти андоз ё миёнарав, ки дар моддаи 193 қисми 3 ва 4 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳамчун андозсупорада ба ҳисоб меравад?

Бояд зикр намуд, ки дар ҳолати тавассути терминалҳо пардохт шудани хизматрасонии ғайрирезидент шахси воқеӣ танҳо дар терминал хизматрасониро интихоб мекунад ва онро нақдӣ пардохт карда, дар ин маврид ташкилоти қарзӣ ҳамчун миёнарав баромад менамояд, яъне маблағҳои шахсони воқеъӣ тавассути ташкилоти қарзӣ ба ғайрирезидент пардохт мегардад.

Ҷавоб: Агар хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ анҷом дода шаванд, пас шахсони мазкур-харидорони чунин хизматрасониҳо агентҳои андоз эътироф карда мешаванд. Анҷом додани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби шахсони хориҷӣ-миёнаравҳое, ки фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати ташкили ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шахсони воқеӣ дар асоси шартномаҳои супориш, комиссия, агентӣ ва шартномаҳои дигари ба он алоқаманд бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо амалӣ менамоянд, барои мақсадҳои боби мазкур агенти андоз эътироф карда мешаванд.

4. Оид ба қисми 2 моддаи 1931 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли мушаххас оварда шавад, ки оё ташкилоти қарзӣ, ки ҳангоми аз ҷониби шахси ҳуқуқие, ки дар ташкилоти қарзӣ суратҳисоб дорад ва тавассути ин суратҳисоб хизматрасониҳои электрониро аз ғайрирезидент мехарад, ҳамчун агенти андоз ба ҳисоб меравад?

Ҷавоб. Дар ҳолате, ки шахси ҳуқуқӣ дар ташкилоти қарзӣ суратҳисоб дорад ва хизматрасониҳои электрониро тавассути суратҳисоби худ пардохт менамояд, ташкилоти қарзӣ агенти андоз намебошад.

5. Чӣ тарз дар ин самти нави андозбандӣ амалиётҳои мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ, ки тавассути низомҳои пардохтии байналмиллалӣ анҷом дода шудаанд, назорат карда мешаванд?

Ҷавоб. Тибқи моддаи 1934 КА ҶТ шахсони хориҷӣ (агентҳои андоз) эъломияи андозро дар шакли муқаррарнамуда дар шакли электронӣ тариқи утоқи шахсӣ пешниҳод менамоянд. Дар эъломия арзиши умумии хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда қайд гардидааст. Из этой стоимости вычитается 18% приходится на НДС.

6. Тартиби ҳисоботсупории ташкилотҳои қарзӣ дар ин самт чи гуна ба роҳ монда мешавад? Даврияти ҳисоботсупорӣ ва дарбаргирии маълумоти чунин ҳисобот чи тарз мебошад? Чунин ҳисобот аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо кадом усул (тарз) бояд дастрас шавад?

Ҷавоб. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзии резидентӣ барои бақайдгирӣ бо мақсади андозбандӣ ниёз надоранд, зеро онҳо агенти андоз эътироф намешаванд.

7. Вобаста ба мафҳуми «хизматрасониҳои электронӣ» амалҳои «ҳифз, нигоҳдошт, коркард ва интиқоли маълумот (иттилоот)» чӣ гуна фаҳмида мешаванд? Зеро, мафҳумҳои мазкур маълумотҳо ва амалиётҳои гуногунро дарбар мегиранд ва хубтар мешуд, агар амалиётҳои таҳти мафҳумҳои зикршуда қарор гирифтаро бо мисолҳои намунавӣ нишон медодед.

Ҷавоб. «Яндекс» яке аз намунаҳои як ширкати хориҷӣ мебошад, ки иттилоотро дар шакли электронӣ нигоҳ медорад ва коркард мекунад. Ин ширкат хизматрасонӣ барои нигоҳдории иттилоот дар «Яндекс.Диск» пешниҳод мекунад. Яндекс.Диск сервиси абриест, ки барои нигоҳдории, коркард ва интиқоли маълумот дар серверҳои «абр» имконият медиҳад. Хизматрасонӣ «абр»-и ройгонро то 20 Гб пешниҳод мекунад, аммо барои васеъ кардани фазои мавҷудаи диск имконоти пулакӣ мавҷуданд. Агар шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хизматрасониро харад, пас «Яндекс» супорандаи ин андоз мешавад.

8. Агар субъекти андозбандӣ ширкати хориҷӣ бошад, вале амалиёт аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он замон дар хориҷа қарор дорад сурат гирад ё ин ки ҳангоме, ки шаҳрванди хоричӣ амалиётро дар мағозаи интернетии хориҷӣ тавассути корти бонкии ташкилоти қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад ё ин ки харид аз мағозаи интернетии хориҷӣ бо истифода аз корти бонкии ташкилоти қарзии хориҷӣ аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шавад, пас дар ин самт қонунгузории соҳавии андоз чи гуна татбиқ мегардад?

Ҷавоб. Маҳалли ҷойгиршавии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, агар яке аз шартҳои зерин иҷро гарданд:

  • маҳалли зисти харидор Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

  • маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ ё ташкилоти дигаре, ки дар он суратҳисоб кушода шудааст ва он аз ҷониби харидор барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истифода мешавад, ё оператори маблағҳои пулии электронӣ, ки тавассути он харидор ҳаққи хизматрасониро пардохт менамояд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад;

  • суроғаи шабакавии харидор, ки ҳангоми харидории хизматрасониҳо истифода мегардад (гардидааст), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад;

  • рамзи байналмилалии кишваре, ки рақами телефонии он барои харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасониҳо истифода шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта бошад.

9. Хариди Quasi-cash чи гуна танзим мешавад? Аз ҷумла, пур кардани ҳамёни Киви, Яндекс Деньги, Вэбмани ва ғайра?

Ҷавоб. Ширкатҳои хориҷӣ, аз қабили «Киви», «Яндекс», «Вэбмани» ва ғайра ӯҳдадор мешаванд, ки агар ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод кунанд, худро дҳар мақомоти андози ҶТ ба ҳисоб гиранд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон 18% ААИ супоранд.

10. Умуман дар робита ба тағйиротҳои воридшудаи қонунгузории андоз дар ин самт мафҳуми «агенти андоз» ба таври равшан шарҳ дода шавад, зеро гуногунфаҳмиҳои бисёр дар муносибатҳои ба миён омада ҷой доранд?

Ҷавоб. Агар хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ анҷом дода шаванд, пас шахсони мазкур-харидорони чунин хизматрасониҳо агентҳои андоз эътироф карда мешаванд

Анҷом додани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби шахсони хориҷӣ-миёнаравҳое, ки фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати ташкили ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шахсони воқеӣ дар асоси шартномаҳои супориш, комиссия, агентӣ ва шартномаҳои дигари ба он алоқаманд бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо амалӣ менамоянд, барои мақсадҳои боби мазкур агенти андоз эътироф карда мешаванд.

Агар хизматрасониҳои электронӣ бо иштирок дар ҳисоббаробаркуниҳои силсилаи пайдарҳамии якчанд шахсони ҳуқуқӣ-миёнаравон анҷом дода шаванд, агенти андоз шахси хориҷӣ-миёнараве дониста мешавад, ки новобаста ба мавҷудияти шартнома бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони воқеӣ бевосита иштирок менамояд.



Даъват барои муҳокима!

29 январ 2021 с.

Даъват барои муҳокима!



Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои муҳокимаи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба «Тартиби ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ», «Нақшаи ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор», «Арзёбии низомҳои идоракунии экологӣ ва ҷанбаъҳои иҷтимоӣ», инчунин «Нақшаи идоракунии муҳити экологӣ ва иҷтимоӣ»-ро даъват ба амал меорад.

Лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои номбурда аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи андоз дар доираи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №643 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, дар сомонаи Кумитаи андоз www.andoz.tj ҷойгир карда шудаанд.

Кумитаи андоз аз Шумо хоҳиш менамояд, ки бо лоиҳаҳои номбурда шинос шуда, таклифу пешниҳодҳои худро ба суроғаи Кумитаи андоз info@andoz.tj то санаи 5 феврали соли 2021 ирсол намоед.

Санаи 2 феврали соли ҷорӣ, соати 14:00, Кумитаи андоз ҷиҳати муҳокима намудани ҳуҷҷатҳои номбурда тавассути барномаи Webex бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва шарикони рушд вохӯрии виртуалӣ ба нақша гирифтааст.

Ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба суроғаи Кумитаи андоз info@andoz.tj оид ба ному насаб, мансаб, ҷои кор ва рақамҳои телефон маълумот ирсол намоед.

1.1 План взаимодействия с заинтересованными сторонами
1.2 Stakeholder Engagement Plan
2.1 ПРОЦЕДУРЫ РЕГУЛИРОВАНИЯ_ 15.01.20
2.2 LABOUR MANAGEMENT PROCEDURES
3.1 Оценка систем управления экологическими и социальными аспектами
3.2 Environmental and Social Systems Assessment
4.1 План управления экологической и социальной средой
4.2 Environmental and Social Management Plan

Саволҳо ва ҷавобҳо оид ба «андоз аз Google»

21 январ 2021 с.

Саволҳо ва ҷавобҳо оид ба «андоз аз Google»




1. «Андоз аз Google» – чист?

Бояд қайд намуд, ки истилоҳи «андоз аз Google» намуди андози нав набуда, балки як ҳолати махсуси андозбандии андоз аз арзиши иловашуда мебошад ва ин яке аз хизматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Хизматрасониҳои электронӣ шакли хизматрасоние мебошанд, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ ва коммуникатсионии Интернет ба тариқи худкор бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «андоз аз Google» аз соли 2021 эътибор пайдо мекунад.

2. Кадом рӯйхати хизматрасониҳои электронӣ дохил карда шудааст?

Хизматрасониҳои электронӣ аз фурӯши китобҳои электронӣ ва дигар файлҳои медиавии электронӣ (мундариҷаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқҳо барои истифодаи барномаҳо, таблиғ, дастгирии сайт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот, омор, домен ва хостинг, дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, соҳаи IT ва ғайра иборатанд. Яъне ҳамаи ин хизматрасониҳое, ки тавассути Интернет пешниҳод карда мешаванд.

3. Супорандагони «андоз аз Google» – кистанд?

Супорандагони «андоз аз Google» шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳалли иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ибораи дигар, агар харидорони хадамоти электронии шахсони хориҷӣ шахсони воқеии Тоҷикистон бошанд, пас ин шахсони хориҷӣ супорандагони «андоз аз Google» ҳисобида мешаванд. Агар хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон ва намояндагиҳои (филиалҳои) ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод карда шаванд, пас онҳо агентҳои (миёнаравҳои) андоз эътироф карда мешаванд. Агар дар ҳисоббаробаркунӣ якчанд шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (агентҳо) иштирок кунанд, пас агенти андоз ҳамонест, ки ҳисоббаробаркунӣ бо шахси воқеии харидор тавассути он мегузарад.

4. Объекти андозбандӣ, меъёри андозбандӣ ва давраи андоз кадомҳоянд?

Объекти андозбандӣ даромад аз ҳисоби амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Манбаи андоз - арзиши хизматрасонии электронӣ аз ҷониби шахсони хориҷӣ, бе назардошти маблағи андоз. Ширкатҳои хориҷӣ муваззаф шудаанд, ки семоҳа (ҳар 3 моҳ) бо меъёри 18% яъне стандартӣ пардохт кунанд. Шахсони хориҷӣ андозро мустақилона ҳисоб мекунанд ва месупоранд, агар агенти андоз ӯҳдадории супоридани андозро надошта бошад.

5. Тартиби бақайдгирии ширкати хориҷӣ чӣ гуна аст?

Барои бақайдгирӣ (баромадан аз қайд) шахси хориҷӣ (ё агенти андоз) бояд дар шакли тасдиқшуда дар мӯҳлати на дертар аз 20 рӯз аз рӯзи оғоз (қатъ)-и пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ариза пур карда ва пешниҳод карданд зарур аст.

6. Чӣ гуна ҳисоботи андоз пешниҳод карда мешавад?

Эъломияҳои андоз (эъломияи 18% ААИ) дар шакли электронӣ тавассути утоқи шахсии андозсупоранда дар сомонаи Кумитаи андоз (www.andoz.tj) пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон, қайд менамоем, ки эъломияи андоз бо забони англисӣ дастрас аст.

7. Сабаби қабули ин намуди андоз чӣ буд?

Тавре ки қаблан қайд карда шуд, ин андози нав набуда, танҳо як ҳолати махсуси андозбандии ААИ мебошад. Тахмин меравад, ки «андоз аз Google» як манбаи дигари даромади буҷаи давлат хоҳад шуд. Ғайр аз ин, тағйиротҳо ба Кодекс имкон медиҳанд, ки андозбандии хизматрасониҳои электрониро ба тартиб дароварда шавад. Ҳангоми қабули ин намуди андозҳо таҷрибаи кишварҳои дигар истифода мешуд. «Андози Google» дар Федератсияи Русия, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова ва ғайра ҷорӣ карда шуд. Ин ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ вобаста аст.

8. Оё ин ба истифодабарандагон интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад?

Барои истифодабарии он тариқи интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ надорад. Аз ҷониби мақомотҳои андоз аз истифодабарандагони Интернет талаб карда намешавад, ки маблағи иловагӣ супоранд. «Андоз аз Google» андози ғайримустақим, ки ширкатҳои ғайрирезидентҳои хориҷӣ (ё агентҳои андоз) барои пешниҳоди хаизматрасониҳои электронӣ пардохт мекунанд.

9. Оё ин андоз ба интернет-мағозаҳои ватанӣ дахл дорад?

Супорандаи «андоз аз Google» ширкатҳои ғайрирезидентии хориҷӣ мебошанд, ки бевосита ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, ки маҳалли иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, «андоз аз Google» ба интернет-мағозаҳои ватанӣ вобастагӣ надорад. Агар интернет-мағозаҳои ватанӣ дар мақомоти андоз ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта бошанд, пас онҳо тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда андоз месупоранд.



Андоз аз хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ

7 январ 2021 с.

Андоз аз хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ




Аз соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳрири нави Кодекси андозро қабул кард. Тағйироти асосӣ ба андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд (ба истилоҳ «андоз аз Google»). Ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.

Аз ҷумла, боби 311 илова карда шуд, ки ба хусусиятҳои андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ бахшида шудааст. Ин боб аз 5 модда иборат аст, ки андозсупорандагони хориҷӣ, тартиби бақайдгирӣ (азқайдбарорӣ) онҳо, объекти андозбандӣ, тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз ва пардохти андоз (ААИ) ва рӯйхати хизматрасониҳои электронии андозбандишавандаро муайян мекунад.

Супорандагони «андози аз Google» шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳали иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Агар хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон, соҳибкорони инфиродӣ ва намояндагиҳои (филиалҳои) ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод карда шаванд, онҳо агентҳои (миёнаравҳои) андоз мешаванд.

Агар дар ҳисобҳо якчанд шахсони ҳуқуқии агентҳо иштирок намоянд, пас агенти андоз ҳамонест, ки ҳисоббаробаркунӣ бо шахси воқеии харидор тавассути он мегузарад.

Ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ, ки мустақиман ё тавассути агентҳо дар территорияи Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, дар сатҳи қонунгузорӣ вазифадоранд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ бақайдгирӣ гузоранд. Барои бақайдгирӣ (азқайдбарорӣ) шахси хориҷӣ (ё агенти андоз) бояд ариза ва дигар ҳуҷҷатҳоро дар шакли муқаррарнамуда на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Объекти андозбандӣ даромад аз ҳисоби амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Манбаи андоз ҳамчун арзиши хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ бе назардошти маблағи андоз муайян карда мешавад. Давраи андоз семоҳаи тақвимӣ мебошад.

Эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо (иттилоот) ва маълумоти дигар на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешаванд. Дар даврае, ки шахсони хориҷӣ утоқи шахсиро барои ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо (иттилоот) истифода бурда наметавонанд, эъломияи андоз на дертар аз санаи пардохт тариқи шабакаи алоқаи телекоммуникатсионӣ пешниҳод карда мешавад.

Барои мақсадҳои боби 311 ба хизматрасониҳои электронӣ хизматрасониҳое дохил мешаванд, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионии интернет (минбаъд – шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) бо усули худкор бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд. Ба хизматрасониҳои электронӣ дохил мешаванд: 1) додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла додани дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ; 2) амалӣ намудани хизматрасониҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзанҳои маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; 3) анҷоми хизматрасониҳо оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; 4) анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши молҳо (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти худкор пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо тариқи ташкили огоҳонии худкор хабардор мешаванд); 5) таъмин ва (ё) нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; 6) бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ; 7) таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамчунин ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо; 8) ҳифз ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дошта бошад; 9) дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар системаи иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот; 10) пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасониҳои хостингӣ; 11) пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи интернет; 12) пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет тариқи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасониҳои автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли худкор дар реҷаи вақти воқеӣ); 13) додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан тариқи шабакаи интернет; 14) пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва (ё) пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ; 15) пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯӣ дар шабакаи интернет; 16) пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи интернет.

Ба хизматрасониҳои электронӣ дохил намешаванд: фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), агар ҳангоми фармоиши тавассути шабакаи интернет анҷомдодашуда таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бе истифода аз шабакаи интернет амалӣ гардад; фурӯши (додани ҳуқуқи истифодабарии) барномаҳо барои мошинаҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани иттилоотӣ дар ҳомилҳои моддӣ; пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ тавассути почтаи электронӣ; пешниҳоди хизматрасониҳо вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи интернет.

Қонуни мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.



Ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ

23 декабр 2020 с.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Резаахбор
Ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ




Рӯзҳои 21 то 23 декабри соли 2020 тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд ШҲРМА ИДМ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарон ва мансабдорони баландпояи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим ва дигар мутахассисон ширкат варзиданд.

Иҷрокунанадаи вазифаи Роҳбари хадамоти давлатии андози Ҷумҳурии Озарбойҷон Назарли Орхан Фаик оғли бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуд.

Инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ бо гузориши худ дар мавзӯи "Дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисод ва вазифаҳои марбут ба ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2020-2021" суханронӣ кард.

Мавзӯи асосии рӯзнома муҳокимаи фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар заминаи пандемияи COVID-19 ва рафъи оқибатҳои он буд.





Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Кумитаи андоз ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ шинос намуд.

Дар ҷаласаи коршиносон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи андоз ба диққати иштирокчиён маълумоти ҷамъбастӣ оид ба таҷрибаи баҳсҳои судӣ ва то судии баррасии шикоятҳои андозсупорандагон вобаста ба натиҷаҳои назорати андоз дар давлатҳои аъзои ИДМ-ро пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин як қатор мавзӯъҳои муҳимми дигарро, аз ҷумла амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми (солҳои 2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии ИДМ ва омодасозии бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо Протокол қабул намуданд, ки дар он дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ-ро муайян карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ШҲРМА ИДМ тибқи Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 31 майи соли 2001 бо мақсади таъмини шароити мусоид барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ таъсис дода шудааст.

 Раёсати ҳамкории байналмилалӣ