• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд

23 январ 2020 с.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз — кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.

Ташрифи Ташкилоти ҷаҳонии TADAT ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 декабр 2019 с.

Ташрифи Ташкилоти ҷаҳонии TADAT (Воситаҳои ташхис ва баҳогузории маъмурикунонии андоз) ба
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



Як қатор коршиносони Ташкилоти ҷаҳонии TADAT (Воситаҳои ташхис ва баҳогузории маъмурикунонии андоз) аз сана 16 то 28 декабри соли 2019 ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ки мақсад аз он омўзиш ва арзёбии ҳамаҷонибаи фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳот ва такмилоти системаи маъмурикунонии андоз мебошад.

Аз ҷониби коршиносони чунин як ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз дар ҷодаи ислоҳот ва такмилоти системаи маъмурикунонии андоз, аз ҷумла сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо, соддагардони қонунгузорӣ ва расмиёти андоз, тақвияти асосҳои моддию техникӣ ва неруи кадрии мақомоти андозро мавриди омузиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Санаи 27 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Хазинаи байналмилалии асъор ҷаласа барпо гардид, ки дар он муттахассисони Ташкилоти ҷаҳонии (TADAT) натиҷаи пешакии таҳлили такмилоти системаи маъмурикунонии андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисони TADAT натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти такмилоти системаи маъмурикунонии андоз мусбӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҳамзамон, ба маълумоти иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд, ки коршиносони TADAT баҳои ниҳоии худро вобаста ба арзёбии натиҷаҳои такмилот ва ислоҳоти системаи маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро рўзҳои наздик дар сомонаи интернетии худ «www.tadat.org» расман эълон менамоянд.

Ҳисобот оид ба баҳогузории натиҷаи корҳо "TADAT"

Муҳосиба

26 декабр 2019 с.

Муҳосиба




Чи тавре, ки қаблан ба маълумоти Шумо расонида будем айниҳол мутахассисони Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурикунонии андоз (минбаъд TADAT) бо мақсади баҳогузории тарафҳои мусбат ва манфии низоми маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи андоз ҳузур доранд.

Дар ин хусус суҳбате анҷом додем, бо мутахассиси TADAT Томас Судинтас ва номбурда низоми маъмурикунонии андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин арзёби намуд.

Ман аз натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тадбиқи маъмурикунонии андоз таасуроти хеле хуб гирифтам.

Ҷараёни баҳогузории TADAT оид ба натиҷаҳои рушди маъмурикунонии андоз бо назардошти таҷрибаи байналмилалии мақомотҳои андози пешрафтаи дунё амали карда мешавад. TADAT самаранокии фаъолияти мақомоти миллии андозро аз руи 9 самти натиҷабахш баҳогузорӣ менамояд, ки ба инҳо масъалаҳои бақайдгирии андозсупорандагон, самаранокии идоракунии хавҳо, расонидани ёрӣ ба андозсупорандагон ҷиҳати риояи меъёрҳои қонунгузори, пешниҳоди саривақтӣ ва электронии эъломияҳои андоз ва дигар паҳлуҳои муҳими фаъолияти мақомоти андоозро дар бар мегирад. Ҳамаи паҳлуҳои зарурии фаъолияти мақомоти андоз аз ҷониби мо барраси ва баҳо дода шуданд. Ба фикри ман самаранокии фаъолияти рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад ва дар ояндаи наздик баҳои ниҳоиро ба Кумитаи андоз пешниҳод хоҳем кард.



Самтҳои асосии ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 декабр 2019 с.

Самтҳои асосии ислоҳоти маъмурикунонии андоз
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон



Раванди тақвияти иқтидори иқтисодию истеҳсолии кишвар ва омили таъсиррасони он беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, боз ҳам содда ва дастрас намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мебошад. Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти системаи маъмурикунонии андоз роҳандозии системаи андоз дар асоси технологияҳои рақамӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он аз байн бурдани тамоси шахсӣ миёни кормандони андоз ва андозсупоранда ҷиҳати паст бурдани сатҳи фасод дар системаи андоз мебошад.

Аз ҷумлаи чунин равандҳое, ки самти ислоҳоти систамаи маъмурикунонии андозро дар асоси принсипҳои иқтисоди рақамӣ муайян менамояд коркард ва ҷорӣ гаштани модули хизматрасонӣ (дафтари шахсии андозсупоранда , равзанаи ягона, пешбурди феҳристи андозсупорандагон ва ғайра) ба андозсупорандагон мебошад, ки тибқи он муроҷиаткунандагон метавонанд ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ ба мақомоти андоз ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.

Чунин модулҳо зиёданд ва тасмим гирифтаем, ки оид ба асоситарини онҳо иттилооти бештаре барои хонандагон пешниҳод намоем. Дар маҷмуъ, намудҳои хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон то 36 адад зиёд карда шуда, айни замон гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, азназаргузаронии ҳисоботҳо, тартиб додани санади муқоисавӣ, ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ, пешниҳоди эъломияҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, ҳисобкунаки андоз (барои андоз аз даромад, андоз аз воситаи нақлиёт, амволи ғайриманқул, андози замин), шакли электронии Кодекси андоз барои телефонҳои мобилӣ дар платформаи Android, гирифтани маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда, пардохти андозҳо тавассути кортҳои бонкӣ ва ѓайраҳо ба роҳ монда шудааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур дар маҷмуъ аз беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз шаҳодат диҳанд ҳам, аммо аз ҷониби дигар ба он далолат менамоянд, ки минбаъд ба корҳо ҷиҳати сифатан боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз тақвият дода шавад. Зеро, дар сатҳи минтақаҳо камбудиҳо дар ҷодаи банақшагирӣ ва пешбинии андоз ба назар мерасанд, ки сабабҳои он истифода гардидани услубҳои номукаммал, дақиқ набудани нишондиҳандаҳои оморӣ ва ѓайра ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷумлаи мушкилоти роҳандозии чораҳои муҳими маъмурикунонии андоз ва ҳамоҳанг будани он нокифоя будани ҳамкориҳои самараноки байниидоравӣ оид ба татбиқи сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз, мавҷуд набудани таҷрибаи пайвастаи арзёбӣ намудани таъсири танзими меъёрҳои андозҳо ва имтиёзҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ, идоракунии молияи давлатӣ, қисман ва нопурра истифода гардидани механизмҳои ҳавасмандкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, баҳисобгирии нопурраи истифодаи имтиёзот аз ҷониби андозсупорандагон, ҳанӯз ҳам нокифоя будани имкониятҳои хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон, ба имкониятҳои техникии технологияҳои муосир оид ба интиқол ва мубодилаи иттилоот ва мутобиқ набудани баъзе муносибатҳои андозӣ миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мебошанд.

Яъне, беҳдошти системаи маъмурикунонии андоз то андозае такья ба консепсияи иқтисоди рақамӣ ва таҳкими механизмҳои ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин кам кардани хароҷот вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз мебошад.

Барномаи амалкунандаи маъмурикунонии андоз, ки имсол ҷамъбаст мегардад, ва барномаи нав барои солҳои 2020-2030, ки мақсад ва вазифаҳои асосии рушди маъмурикунонии андозро муайян менамояд самтҳои асосии ислоҳотро чунин муқаррар менамоянд:

1. Такмили сиёсати андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ;
2. Таҷдиди пайвастаи системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ҳамкории фосилавӣ (бе тамоси шахсӣ) бо андозсупорандагон, мақомоти давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ;
3. Баланд бардоштани фарҳанги андоз;
4. Баланд бардоштани сифати фаъолияти мақомоти андоз.

Бинобар ин, татбиқи чорабиниҳои беҳдошти маъмурикунонии андоз ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ, гузариш ба моделҳои муосир ва самараноки технологияҳои пешбурди системаи мақомоти андоз, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии соҳаи андоз, огоҳии андозсупорандагон ва дар натиҷа мустақилона риоя намудани қонунҳои андоз ва, дар ин асос боло бурдани нуфузи мақомоти андоз тавассути идоракунии одилона равона карда шудаанд.

Кабинети шахсии андозсупоранда: принсипҳои асосии таъсисдиҳӣ ва истифодабарии васеи он

20 декабр 2019 с.

Кабинети шахсии андозсупоранда:
принсипҳои асосии таъсисдиҳӣ ва истифодабарии васеи он





Таъсиси «Кабинети шахсии андозсупоранда» ҳамчун маҳзани иттилоотӣ ва ҷой додани он дар сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим дар ҳалқаи умумии автоматикунонӣ ва соддагардонии расмиёт ва меъёрҳои қонунгузории соҳаи андозбандӣ маҳсуб меёбад, ки ҳам барои андозсупоранда ва ҳам барои мақомоти андоз зарур мебошад.

Кабинети шахсии андозсупоранда механизми идоракунии маҷмӯӣ ва автоматикунонии равандҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Махзани иттилоотии мазкур фарогири ҷанбаҳои пурраи имкониятҳои функсионалии иттилоотӣ барои маъмурикунонии маҷрои иттилоотии Кумитаи андоз ва андозсупорандаҳо буда, имкони пешниҳод гардонидани ҷанбаи васеи веб-ҳизматрасониҳо, таъсиси модули махсус, ки робитаи мутақобилаи системаро бо дигар системаҳо ва қарорҳо аз рӯйи принсипи ҳукумати электрониро дорад. Кабинети шахсии андозсупоранда бо мақсади татбиқи пурраи ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, таъсис дода мешавад.

Ҳамаи андозсупорандагон, ки ҳамчун истифодабарандаи Кабинети шахсии андозсупоранда ба қайд гирифта шудаанд, тавассути он имкони дарёфт намудани ҳуҷҷатҳо аз мақомоти андоз ва ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ё иттилоотро ба мақомоти андоз доранд.

Зимнан, аз мақомоти андоз ба воситаи кабинети шахсии андозсупоранда дарёфт кардани ҳуҷҷатҳоро шахси воқеӣ метавонад баъди ба мақомот ирсол намудани огоҳинома дар бораи истифодаи кабинети шахсии андозсупоранда амалӣ кунад.

Бо мақолаи мазкур маълумоти мухтасарро роҷеъ ба имкониятҳои «Кабинети шахсии андозсупоранда» ҳамчун махзани мвуофиқ ва дастраси иттилоотӣ пешниҳод мегардонем:

1. Дар хотир доштан зарур аст, ки махзани иттилоотии «Кабинети шахсии андозсупоранда» кабинети ҳамаҷониба ҳифзшаванда мебошад, ва он аз воридшавӣ ва истифодабарии шахси бегона ба таври махсус муҳофизат карда мешавад.

2. Супоридани эъломия. Системаи супоридани ҳисоботдиҳии электронӣ барои субъектҳои тибқи тартиби умумии андозбандишаванда номгӯи пурраи воситаҳоро барои супоридани ҳисоботдиҳии андозӣ ва дар шакли электронӣ амалкунандаро дар бар мегирад.

3. Санадҳои электронии муқоисавӣ. Хизматрасонии онлайн имкон медиҳад, ки санадҳои муқоисавӣ бо мақомоти андоз бе ташрифи онҳо, яъне фосилавӣ ва бе тамоси шахсӣ таҳия ва тасдиқ карда шаванд.

4. Маълумотномаи электронӣ дар бораи мавҷуд набудани қарздорӣ. Система имкон медиҳад, ки маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани қарздорӣ дар шакли электронӣ дастрас бошад.

5. Ҳисоб-фактураҳои электронии андоз. Хизматрасонии онлайни навишта додани ҳисоб-фактураҳои электронии андозӣ. Хусусиятҳои фарқкунандаи ин тарзи хизматрасонӣ ин аст, ки робитаи пурра бо системаи иттилоотии андозӣ, бидуни маҳдудият дар навишта шудани ҳисоб-фактураҳои электронии андоз ва инъикоси автоматикии он дар мавриди таѓйирёбии эъломия имконпазир гардидааст.

6. Дархостҳои электронӣ барои бекор кардани ҳисоб-фактураҳо. Система имкон медиҳад, ки аз тариқи реҷаи онлайн дархостҳо барои бекор кардани ҳисоб-фактураҳои электронӣ пешниҳод гарданд ва тасдиқнома оид ба бекор кардани онҳо дастрас карда шавад.

7. Анбори электронӣ (борхатҳои молӣ-нақлиётӣ). Хизматрасонии электронии ташаккулёбии муҳити маълумотҳо имкон медиҳад, ки анбори маҷозии субъектҳо ташаккул ёбад. Система имкон медиҳад, ки тамоми амалиётҳо оид ба истифодабарӣ ё ҷойивазкунии арзишҳои молӣ-моддӣ дар анборҳо, инчунин инъикоси автоматикии амалиётҳо дар ҳисоботҳои андозӣ татбиқ карда шаванд.

8. Муроҷиати электронӣ ва қабули арзу шикоятҳо. Ин намуди хизматрасонӣ ба ҳар як шахс – истифодабарандаи «Кабинети шахсии андозсупоранда» имкон медиҳад, ки дар шакли электронӣ ба Кумитаи андоз муроҷиат кунад ё дар бораи амалҳои ѓайриқонунии кормандон ариза пешниҳод гардонад, инчунин роҷеъ ба такмил додани кори махзани иттилоотӣ пешниҳодот манзур созад.

9. Пешниҳоди ариза барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда (ААИ). Пешниҳоди электронии ариза барои баргардонидани ААИ ва иттилои ба он иловагардида, инчунин баррасии электронии ариза бо интиқоли минбаъдаи хулоса оид ба баргардонидани ААИ ба унвонии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазиг гардидааст.

10. Мониторинги МНХ (мошинаҳои назоратӣ - хазинавӣ). Хизматрасонии мониторинги мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ, ки бо таҷҳизоти воситаҳои интиқоли иттилои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, имкон додааст, ки дар реҷаи вақти воқеӣ нуқтаҳои фурӯши субъект таҳти назорат қарор дошта бошанд.

11. Назорати автоматикии камералӣ (интихобшуда ва ба тариқи фосилавӣ анҷом додашаванда. Система имкон медиҳад, ки механизми электронии якҷояи иттилооти андоз, манбаъҳои берунии маълумотҳо ва маълумотҳои эъломияҳои андоз бо мақсади ба таври автоматикӣ ташаккул додани натиҷаҳои назорати камералӣ истифода карда шаванд.

12. Санҷиши иштирокчии шартнома (контрагент). Хизматрасонии онлайн ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ имкони санҷиши иштирокчии шартномаро оид ба мавҷудияти мақоми барҳамхӯрӣ ва ѓайра имконпазир гардидааст.