• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”

16 сентябр 2019 с.

Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”


Дар давраи аз 18 то 20 апрели соли 2019 дар шаҳри Учжен (вилоят Чжэсзян, Ҷумҳурии мардумии Хитой) аввалин Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” баргузор гардид.

Ин Форум таваҷҷуҳи беш аз 300 намояндагони мақомоти андоз аз 85 кишвар ва 16 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи бизнес ва доираҳои илмиро ба худ ҷалб намуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода роҳбарӣ намуд.

Форуми мазкур кори худро бо ҷаласаи умумӣ оғоз намуд, ки дар он Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой Ван Цзюнь, Раиси Кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Султангазиев, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои илмӣ бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд.




Давлатзода Нусратулло Муқим дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки Форуми "Як камарбанд – як роҳ" дар ояндаи наздик яке аз чорабиниҳои асосии ҳаёти иқтисодии байналмилалии кишварҳои иштирокчии ташаббуси мазкур мегардад ва дар доираи он масъалаҳои муҳими фаъолияти мо дар заминаи минтақаи савдои озод, нақли пулӣ, ҳаракати озоди одамон ва мубодилаи байналмилалии иттилоот ва дигар масъалаҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Дар натиҷаи ҷаласаи умумӣ маросими имзои Меморандум дар бораи таъсиси механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз баргузор гардид, ки дар татбиқи ташаббусҳои ҳамкорӣ ба нуқтаи ибтидоӣ табдил хоҳад гашт.

Ҳамин тариқ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати аъзои Механизми ҳамкории мақомоти андози ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" ва шарики Гурӯҳи баланд бардоштани иқтидори мақомоти андози ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" табдил ёфт.

Кори Форуми мазкур пас аз анҷоми ҷаласаи умумӣ дар доираи ҷаласаҳои мавзўи идома дошта, масъалаҳои зеринро дар бар гирифт: баланд бардоштани иқтидори мақомоти андоз, волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи муайянии андоз, такмили қонунгузории андоз ва рақамикунонии мақомоти андоз.




Дар доираи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой Ван Цзюнь, бо ҳамкасбон аз мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқотҳо бо Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой, ки дар фазои эътимоднок гузаштанд, дурнамои рушди минбаъдаи механизми таъсисгардидаи ҳамкорӣ, ҳамчунин табодули фикру мулоҳизаҳо оид ба ҷанбаҳои нисбатан мубрами ҳамкории дуҷониба муҳокима карда шуданд.




Дар вақти маросими пўшидашавии Форум иштирокчиён зикр намуданд, ки муттаҳид намудани кӯшишҳо дар масъалаҳои ташкил намудани муҳити мусоиди андозӣ боиси рушди савдои байнисарҳадӣ, ҷалби сармоягузорӣ, мусоидат ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ба рушди маҳаллии мутобиқшуда ва инкишофи инклюзивӣ оварда мерасонад.

Натиҷаи кори се рӯзаи Форум ин қабули Баёнияи ниҳоӣ ва Нақшаи амал барои ду соли оянда буда, онҳо ба талаботҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар доираи ташаббусҳои "Як камарбанд – як роҳ" ҷавобгў мебошанд.

Натиҷаи кори фосилавии гузаронидашудаи мақомоти андоз, соли 2020 дар рафти гузаронидани марҳилаи Дуюми Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон хоҳад баргузор гардид, ҷамбаст мегардад.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур

21 август 2019 с.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур

21 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, ҳамлу нақли транзитию нақлиётӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ манфиатдор аст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди туризми минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.

Тағйироти кадрӣ

10 август 2019 с.

Тағйироти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъин гардиданд, таъкид гардид, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Зикрихудо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод ва Мирзозода Мусо Одинамуҳамад ба вазифаи Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардид.

Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардида, ба вазифаи Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд ва сардори Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кадрҳои ботаҷриба, хатмкардагони ду ва ё зиёда муассисаи олии таълимоти низомии дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбуллозода Толиб муовини якум ва Соҳибзода Маҳмадкарим – муовини Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъин гардиданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф – муовини Котиби Шӯрои амният, Зуҳурзода Бахтиёр ва Раҳмонзода Ҷамшед – машваратчиёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат аз фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷагирӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқона, поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат истифода кардани нерӯи ақлониву таҷрибаи касбкарда даъват намуданд.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, бахусус дастгирии занон дар вазифаҳои масъули давлатӣ минбаъд низ таваҷҷуҳу ғамҳорӣ зоҳир менамояд” – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иброз доштанд, ки барои болоравиии мансабӣ, ташаккули таҷрибаи корӣ, нишон додани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як кадр тақозо мегардад, ки бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд. Ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.

Хизматрасониҳои электронӣ дар Кумитаи андоз

21 май 2019 с.

Хизматрасониҳои электронӣ дар Кумитаи андоз


         Санаи 21 майи соли 2019 дар толори видеоконференсияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳо муаррифии (презентатсияи) модулҳои электронии барномаи компютерии Системаи муттаҳидаи иттилотии идоракунии андозҳо доир ба «Хизматрасониҳои электронии Кумитаи андоз» баргузор гардид.

         Дар рафти муаррифӣ (презентатсия) қайд карда шуд, ки дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декбри соли 2011, №643 тасдиқ шудааст, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон ва бештар намудани намудҳои хизматрасониҳои электронӣ дар айни замон 36 адад номгӯи хизматарсониҳои электрониро пешниҳод намудааст, ки аз онҳо андозсупорандагон ва шаҳрвандон истифода намуда истодаанд.

         Аз ҷумла:

  • «Утоқи шахсии андозсупоранда» - барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андозӣ, азназаргузаронии ҳисобварақаҳо ва тартиб додани санади муқоисавӣ;
  • «Донистани рақами мушаххаси андозсупоранда» - барои муайян намудани рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • «Феҳристи ягонаи давлатӣ» - барои гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
  • «Портали хизматрасониҳои электронӣ» - барои аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз;
  • «Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ» - барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидор;
  • «Ҳисобнома – фактураҳои электронӣ» - барои дар шакли электронӣ таҳия намудани ҳисобнома – фатураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда;
  • «Онлайн номнавис намудан барои қабул» - барои дар низоми вақти мустақим номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз;
  • «Пардохти андозҳо» - барои бо истифода аз кортҳои бонкӣ пардохт намудани андозҳо;
  • «Ҳисобкунаки (калкулятори) андоз» - барои ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз даромад ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул;
  • «Утоқи шахсӣ оиди лоиҳаҳои грантӣ» - барои аз ҷониби татбиқкунандагони Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозӣ;
  • «Андози даромад аз иҷора» - барои дар шакли электронӣ баҳисоб гирифтани иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул ва ғайраҳо.

         Модулҳои мазкур ба андозсупорандагон имконият медиҳанд, ки онҳо аксари амалҳои худро доир ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба тариқи онлайн анҷом диҳанд.

         Дар семинар қайд гардид, ки дар маҷмуъ номгӯи хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешаванд, аз 2 намуд дар соли 2009 то 36 намуд дар соли 2019 оварда расонида шуд.

         Қобили зикр аст, ки барои андозсупорандагоне, ки ба шабакаи Интернет дастрасӣ надоранд, ё дорои малакаи кофии корӣ барои ба тариқи электронӣ пардохт намудани маблағи андозҳо нестанд, имкон фароҳам оварда шудааст, ки аз хизматрасониҳои утоқҳои алоҳидаи (терминалҳои) дар 26 мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо кушода шуда, ки бо компютерҳои ба шабакаи Интернет пайвастбуда, муҷаҳҳаз мебошанд, истифода намоянд. Дар утоқҳои (терминалҳои) мазкур кормандони алоҳида барои ба андозсупорандагон мусоидат намудан ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пардохт кардани маблағи андозҳо, вобаста гардида, дар айни замон барои давра ба давра дар тамоми нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо кушодани чунин утоқҳои (терминалҳои) корӣ, чораҷӯӣ шуда истодааст.

         Дар семинар таъкид гардид, ки то охири соли 2019 аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз 20 адад модулҳои нави компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки мақсад аз омода ва мавриди амал қарор додани онҳо пеш аз ҳама беҳтар намудани маъмурикунонии андозҳо, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва содаву қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои андозсупорандагон мебошад.

         Дар рафти семинар ба иштирокчиён тартиби истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ намоиш дода шуда, қайд гардид, ки Кумитаи андоз омодааст ба иқтисодиёти рақамӣ гузарад.

Хизматрасониҳои электронӣ дар Кумитаи андоз

Аввалин Форуми ҳамкории маъмурияти андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ ”

18 апрел 2019 с.

Аввалин Форуми ҳамкории маъмурияти андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ ”


         Санаи 18-20 апрели соли 2019 дар шаҳри Учжени Ҷумҳурии Мардумии Чин Аввалин Форуми ҳамкории маъмурияти андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – Як роҳ ” баргузор гардид. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин Форум Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим намояндагӣ намуд.


         18 апрели соли 2019 намояндагони 34 кишвари ҷаҳон Ёддошти тафоҳумро “Оид ба механизми ҳамкориҳо дар соҳаи маъмурикунонии андоз”, аз ҷумла Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расониданд.

         Механизм ба ташкили ҳамкорӣ оид ба хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, танзими баҳсҳои андозӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, пешгири намудани пинҳонкунии манбаъҳои андозбандӣ ва фоидаи андозбандишаванда (нақшаи BEPS), амалигардонии мубодилаи автоматии маълумоти молиявӣ (AEOI) тибқи стандартҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.

         Чи тавре ки маълум гардид, механизми ҳамкориҳо дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – Як роҳ” механизми ғайритиҷоратии байниҳукуматӣ буда, аз Шӯро, Котибот, Форум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи андоз, Иттиҳод оид ба мусоидат ба назорати андозбандӣ, инчунин Кумитаи коршиносӣ – машваратӣ иборат мебошад.

         Дар рафти Форум Раиси Шӯро - Комиссари Мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсзюн тайъин шуда, ҳамзамон муовини Раиси Шӯро, шахсони масъули Котибот ва Раиси Иттиҳод интихоб гардиданд. 34 давлат ба ҳайси аъзои Шӯро, 22 мақомоти андоз ва созмонҳои байналмилалии механизм ба ҳайси нозир ва 11 мутахассиони варзида ба ҳайати Кумитаи коршиносӣ – машваратӣ дохил шуданд.

         Форуми мазкур намояндагони мақомоти андози 85 кишвар, 16 созмонҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони ҷомеаҳои соҳибкорӣ ва доираи илмиро ба ҳам гирд овард.

Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандӣ

Андозсупорандагони муҳтарам!

1 апрел 2019 с.

Эълон

Андозсупорандагони муҳтарам!

    Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади муайян намудани андешаи соҳибкорон оид ба риояи тартиби гузаронидани назорати камералӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз ва ҷиҳати беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ, пурсиш гузаронад.

    Шакли Пурсишнома дар саҳифаи асосии сомонаи расмии Кумитаи андоз andoz.tj ҳамчун бахши алоҳида ҷойгир карда шудааст.

    Инчунин, Пурсишнома дар шумораҳои рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, ки рӯзҳои 4-ум, 11-ум ва 18-уми июли соли ҷорӣ чоп мешаванд, ҷойгир карда мешавад ва Шумо метавонед, андешаҳои худро нисбат ба саволҳои Пурсишнома изҳор намуда, онро ба воситаи почтаи муқаррарӣ ба суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2, ба почтаи электронии Кумитаи андоз info.andoz.tj, ё аксбардорӣ намуда, бо истифода аз барномаҳои “Вайбер”, “ИМО” ва “Ватсап” ба рақами телефони 987-25-33-33 ба Кумитаи андоз ирсол намоед.

    Андешаҳои Шумо барои мо ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти мақомоти андоз дар самти гузаронидани назорати камералӣ муҳим мебошад.

    Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ метавонед тавассути рақами телефони содакардашудаи “151” ба Бахши иттилоотии Кумитаи андоз муроҷиат намоед.

    Барои ҳамкориатон қаблан сипосгузорем.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон