• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Вохӯрии виртуалӣ дар доираи BRITACOM дар мавзуи вокуниш ба COVID-19

5 июн 2020 с.

Вохӯрии виртуалӣ дар доираи BRITACOM дар мавзуи вокуниш ба COVID-19 ва пешомадҳои BRITACOM


Санаи 2 июни соли 2020 бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷриба аз ҷониби Котиботи BRITACOM (Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ») дар доираи BRITACОM дар мавзуи вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва пешомадҳои BRITACʘM вохӯрии виртуалӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ зиёда аз 120 намояндагони мақомоти фискалӣ, мушоҳидачиён, олимон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз 36 давлати дунё иштирок намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохўрӣ муовини якуми Раиси Кумита Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини Раис Маликзода Нарзулло Саймиддин ва муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Хайриддинов Умедҷон иштирок намуданд.

Маърӯзачиён иштирокчиёнро бо тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи сиёсати молиявию андозӣ, ҷамъоварӣ ва маъмурикунонии андоз чиҳати вокуниш ба пандемия COVID-19 дар кишварҳои худ шинос намуданд.

Қайд карда шуд, ки сирояти нави коронавирус сарҳад надорад, аз ин рӯ, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо воситаи муҳими мубориза бар зидди он мебошад. Инчунин, намояндагон нақши назарраси технологияҳои муосири иттилоотӣ, платформаҳои табодули маълумот ва маъмурикунонии андозро бидуни тамоси ҷисмонӣ бо андозсупорандагон ҳангоми пандемия изҳор намуданд. Технологияҳои номбурда ба кормандони мақомоти андоз имкон дод, ки хизматрасонӣ ва иҷрои вазифаҳои худро пайваста тариқи фосилавӣ амалӣ намоянд.

Тадбирҳои андешидашуда ва дастгирии соҳибкорони давлатҳои аъзои BRITACʘM самараи худро дода ба коњиш додани таъсири манфии пандемия мусоидат намуд.

Қобили қайд аст, ки намояндагони якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ба иштирокчиён тавсия намуданд, ки аз маводњои нашршуда ва ҳисоботњо оид ба 800 тадбирҳои беш аз 100 давлат ҷиҳати вокуниш ба COVID-19, ки дар вебсайти расмии созмони мазкур қарор дорад, барои корбарӣ истифода намоянд. Дар охир иштирокчиёни вохӯрии виртуалӣ омодагии худро барои ҳамкории боз ҳам наздик баён карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки Конфронси дуюми Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ», ки баргузор гардидани он соли 2021 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, дар шакли муқаррарӣ, яъне ғайривиртуалӣ доир гашта, дар он иштирокчиён имкон пайдо менамоянд, ки масъалаҳои рўзмарраи ҳамкориҳои минбаъда ва рушди маъмурикунонии андозро бевосита баррасӣ намоянд.



Эълон. Бо мақсади ба ситоди ҷумҳуриявӣ дастрас намудани маълумотҳои фаврӣ оид ба шахсони дорои аломатҳои бемории коронавирус COVID - 19...

1 май 2020 с.

Эълон


Ба диққати шаҳрвандон ва андозсупорандагон расонида мешавад, ки бо мақсади ба ситоди ҷумҳуриявӣ дастрас намудани маълумотҳои фаврӣ оид ба шахсони дорои аломатҳои бемории коронавирус COVID - 19 ва дастрасии маълумот дар бораи чораҳои пешгирӣ аз сирояти бемории мазкур телефони боварии ситоди дохилиидоравии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 233-34-32 фаъол карда шудааст. Дар сурати дар худ ё дигарон мушоҳида намудани нишонаҳои бемории мазкур ба рақами болозикр метавонед занг занед.

Ситоди дохилиидоравии Кумитаи андози
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Эълон


Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон! Кумитаи андоз ба таваҷуҳи Шумо мерасонад, ки ҷиҳати бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андози ва ё ба саволҳои худ оиди масалаҳои андоз ва андозбандӣ, аз хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз вз ҷумла утоқи шахсии андозсупоранда, почтаи электрони (info@andoz.tj), телефонщои соддакардашудаи 151, 152 ва телефони боварии Раиси Кумитаи андоз 233-09-05 истифода намоед.

Ширкатҳои “якрӯза”

27 апрел 2020 с.


Ба диққати шаҳрвандон ва андозсупорандагон!


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мерасонад, ки шахсони зерин ба воситаи таъсис додани ширкатҳои ба истилоҳ “якрўза” ва ба расмият даровардани амалиётҳои моҳияти иқтисодӣ надошта, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, ҷиноят содир намудаанд. Новобаста аз он, ки чунин шахсон мутобиқи ҳукмҳои дахлдори судӣ ба ҷавобгари ҷиноятӣ ҷалб ва аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ҳануз ҳам ислоҳ нагардида, ба кирдорҳои ғайриқонунии худ идома дода истодаанд.

Бинобар ин, аз шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз анҷом амалиётҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ бо шахсони дар поён зикргардида худдорӣ намоянд. Бо назардошти дар руйхати “андозсупорандагони бемасъулият” қарор доштани ин субектҳо амалиётҳои иқтисодии бо ин шахсон ва ширкатҳои ба онҳо алоқаманд анҷомдодашуда, бо мақсадҳои андозбандӣ ба инобат гирифта намешаванд.


Шукуров Меҳроншо Раҳимович. Соли таваллуд 12.03.1990. Зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Ҳисор 81/1, хонаи 22.


Ба воситаи ҶДММ «Абдуллохони -И», ҶДММ «1-Дирам», ҶДММ «Тозагии савдо», ҶДММ «Оли Сомон-84», ҶДММ «Трайко», ҶДММ «Асри Сохтмон», ҶДММ «Ваҳдат-2015», ҶДММ «Умед», ва ҶДММ «Борӣ» ба барасмият даровардани амалиётҳои моҳияти иқтисодӣ надошта ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи 17.3 млн сомонӣ машғул гардидааст. Дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 28 июни соли 2019, бо парвандаи таҳти № 1-296/19 Шукуров М. Р. бо моддаҳои 292 қисми 1 ва 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум ва ба маблағи 73.0 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудааст.



Қамаров Кишвар Садриддинович. Соли таваллуд 18.02.1984.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Б. Ғафуров 34/2, хонаи 31.



Дар ҶДММ «Кишвар 2016» ба сифати роҳбар баромад намуда, ба барасмият даровардани амалиётҳои моҳияти иқтисодӣ надошта ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи 4.9 млн. сомонӣ роҳ додааст. Дар асоси ҳукми Суди шаҳри Турсунзода аз 29.07.2019 Қамаров К. С. бо моддаи 292 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба андозаи 55.0 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудааст.



Шодмонқулов Андалеб Турақулович. Соли таваллуд 10.01.1977.
Зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд. Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Айни 70, хонаи 4.

Ба воситаи ҶДММ «Довуди 2011», ба барасмият даровардани амалиётҳои моҳияти иқтисодӣ надошта ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи 2 млн. сомонӣ машғул гардидааст. Дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2017, бо парвандаи таҳти № 1-227/17 Шукуров М. Р. бо моддаҳои 292 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шудааст.



Туйғунов Дилшод Туробович. Соли таваллуд 15.07.1985.
Зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд. Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Маҳмудов 56, хонаи 14.

Ба воситаи ҶДММ «Ёсамин 5», ба барасмият даровардани амалиётҳои моҳияти иқтисодӣ надошта ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи 4 млн. сомонӣ машғул гардидааст. Дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аз 14 августи соли 2014, бо парвандаи таҳти № А-3 Туйғунов Д. Т. бо моддаҳои 292 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва 20 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.



Саидов Фарҳод Ҳомидович. Соли таваллуд 28.08.1978.
Зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд. Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Зарафшон 7, хонаи 20.

Ба воситаи ҶДММ «Чилча», ба барасмият даровардани амалиётҳои моҳияти иқтисодӣ надошта ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи 4 млн сомонӣ машғул гардидааст. Дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 4 январи соли 2017, Туйғунов Д. Т. бо моддаҳои 292 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ҳисобот оид ба баҳогузории натиҷаи корҳо "TADAT"

6 март 2020 с.

Ташрифи Ташкилоти ҷаҳонии TADAT (Воситаҳои ташхис ва баҳогузории маъмурикунонии андоз) ба
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



Як қатор коршиносони Ташкилоти ҷаҳонии TADAT (Воситаҳои ташхис ва баҳогузории маъмурикунонии андоз) аз сана 16 то 28 декабри соли 2019 ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ки мақсад аз он омўзиш ва арзёбии ҳамаҷонибаи фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳот ва такмилоти системаи маъмурикунонии андоз мебошад.

Аз ҷониби коршиносони чунин як ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз дар ҷодаи ислоҳот ва такмилоти системаи маъмурикунонии андоз, аз ҷумла сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо, соддагардони қонунгузорӣ ва расмиёти андоз, тақвияти асосҳои моддию техникӣ ва неруи кадрии мақомоти андозро мавриди омузиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Санаи 27 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Хазинаи байналмилалии асъор ҷаласа барпо гардид, ки дар он муттахассисони Ташкилоти ҷаҳонии (TADAT) натиҷаи пешакии таҳлили такмилоти системаи маъмурикунонии андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисони TADAT натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти такмилоти системаи маъмурикунонии андоз мусбӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҳамзамон, ба маълумоти иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд, ки коршиносони TADAT баҳои ниҳоии худро вобаста ба арзёбии натиҷаҳои такмилот ва ислоҳоти системаи маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро рўзҳои наздик дар сомонаи интернетии худ «www.tadat.org» расман эълон менамоянд.

Ҳисобот оид ба баҳогузории натиҷаи корҳо "TADAT"

Вебинар дар мавзўи “Тартиби таҳия ва пешниҳод намудани Эъломияи низоми соддакардашуда”

13 феврал 2020 с.

Боҷи давлатӣ барои амалҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии... бекор карда шуд

4 феврал 2020 с.

Иттилоот оид ба ройгон гаштани амалҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии
(барҳамдиҳӣ, қатъ намудани фаъолият) ташкилотҳои тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ,
шахсони воқеии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти тамоми андозсупорандагон ва истифадабарандагони сомонаи расмии Кумита эҳтиромона мерасонад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019, №1680 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2020, №1681 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул гардидааст.

Қонуни мазкур дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» санаи 8 январи соли 2020 ба шар расида, аз ҳамин сана мавриди амал қарор дода мешавад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019, №1680 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба моддаҳои 3, 5 ва 6 –и ҳамин қонун тағйироту иловаҳои дахлдор ворид гардидааст, ки тибқи он қисми 5 моддаи 4 хориҷ карда шуд. Яъне, дар асоси ин тағйирот минбаъд барои амалҳои бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии таъсисёбии (барҳамдиҳӣ, қатъ намудани фаъолият) ташкилотҳои тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ, шахсони воқеии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда боҷи давлатӣ ситонида намешавад.

Мутобиқ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2020, №1681 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қисми 1 моддаи 6 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи он қисми 2-и он дар таҳрири зерин баён карда шудааст:

«2. Пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани маълумотнома дар бораи дар феҳристи мазкур мавҷуд набудани маълумот оид ба субъектҳо ройгон анҷом дода мешавад».

Тибқи қонуни мазкур ба моддаҳои 11, 20, 22, 25, 27, 29 ва 32-и Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, талабот оид ба пешниҳоди пардохтнома (квитансия) ҳангоми анҷом додани амали бақайдгирии давлатӣ, бекор карда шуд, ки дар натиҷа номгўи ҳуҷҷатҳои барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда то ба 1 адад кам гардид.

Андозсупорандагони ва истифодабарандагони сомонаи мазкур бояд бидонанд, ки чунин тағйирот дар қонунгузорӣ ҷузъи ҷудонашавандаи силсилаи чорабиниҳо оид ба муомилоти электронии иттилоот дар системаи маъмурияти андоз мебошад ва он на танҳо ба соддагардонии тартиби бақайдгирии андозсупорандагон дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, балки ба ройгон гардидани чунин хизматрасониҳо равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои такмилоти системаи маъмурикунонии андоз ин маҳдуд гаштани шумораи амалҳои расмиёти бюрократии андоз, сарфаи вақти ҳам андозсупоранда ва ҳам кормандони мақомоти андоз, кам кардани тамоси шахсии корманди андозсупоранда ва андозсупоранда ва, сарфаи маблағҳои андозсупорандагон барои расмиёти бақайдгирӣ низ мебошад.

Инчунин, қисми 6-и моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» дар таҳрири зайл ифода карда шуд:

«6. Аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ иқтибос дода мешавад».

Бо назардошти чунин муқаррарот, шўъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони њуқуқӣ ва соњибкорони инфиродӣ, инчунин хадамоти минтақавии андоз вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади дуруст татбиқ намудани талаботи муқаррароти қонун корњои фањмондадиҳӣ барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон таҳким бахшида шавад ва аз натиҷаи он ба Кумитаи андоз мунтазам ахборот пешнињод намояд.

Яъне, азбаски Феҳрист аз ҷониби нозироти минтақавии андоз аз ҷониби нозироти минтақавӣ ташаккул мегардад, ва баъд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст карда мешавад, иттилооти заминавӣ дар бораи бақайдгирии соҳибкорон ва ташкилотҳо дар сатњи минтақавӣ ба Феҳрист дароварда мешавад. Вобаста ба ин, моњияти соддагардонӣ ва ройгон намудани бақайдгирии андозсупорандагон дар он аст, ки: якум, ҳуҷҷате, ки воридшавӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тасдиқ менамояд, огоҳиномаи ройгони ба бақайд гирифта шудани шахси воқеиро нишон медињад, ва дуюм – пешниҳоди маълумот аз Феҳристи ягона низ ройгон аст.