Андозсупорандагони муҳтарам!

Андозсупорандагони муҳтарам!


 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 29 октябри соли 2020 соати 10:00 дар толорҳои видеоконференсияи Кумитаи андоз доир ба проблема ва мушкилиҳои истифодаи барномаҳои компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо семинар-машварат баргузор карда мешавад.

 Хоҳишмандон метавонанд дар кори семинар-машварат дар толорҳои видеоконференсияи раёсатҳои андоз дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намоянд.



Бақайдгирандагон:
шаҳри Душанбе, вилояти Суғд – 98-853-06-00
вилояти Хатлон, ВМКБ – 888006497
ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ - 918-26-47-29

 Кумитаи андози назди
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон