• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Ташкилотҳои қарзӣ қабули пардохтҳоро барои хизматрасониҳои хориҷӣ аз нав ҷорӣ карданд

26 март 2021 с.

Ташкилотҳои қарзӣ қабули пардохтҳоро барои хизматрасониҳои хориҷӣ аз нав ҷорӣ карданд

Дар робита бо муқаррароти нави қонунгузории андоз, Кумитаи андоз иттилоъ медиҳад, ки 27 январи соли 2021 он бо иштироки аъзои Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо мақсади фаҳмондадиҳии хусусиятҳои андозбандии хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, семинари омӯзишӣ баргузор намуд (аз ҷумла, фаҳмондадиҳии муқарраротҳои оиди агентҳои андоз).

Тибқи моддаи 1931 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ анҷом дода шаванд, пас шахсони мазкур – харидорони чунин хизматрасониҳо агентҳои андоз эътироф карда мешаванд. Агар хизматрасониҳои электронӣ бо иштирок дар ҳисоббаробаркуниҳои силсилаи пайдарҳамии якчанд шахсони ҳуқуқӣ-миёнаравон анҷом дода шаванд, агенти андоз шахси хориҷӣ-миёнараве дониста мешавад, ки новобаста ба мавҷудияти шартнома бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони воқеӣ бевосита иштирок менамояд.

Дар натиҷа, ташкилотҳои қарзие, ки резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва имконияти пардохти хизматрасонии электронии хориҷиро фароҳам меоранд, ба категорияи агентҳои андоз дохил карда намешаванд.

Дар расми 1 скриншоти ҳамёни электронии мобилии ҶСК «Алиф Бонк» замима карда шудааст, ки он ҳамчунин нишон медиҳад, ки онҳо аз Кумитаи андоз тавзеҳот гирифтаанд ва қабули пардохтҳоро барои хизматрасониҳои хориҷӣ аз нав ҷорӣ карданд.


Расми 1. Скриншоти ахбори ҳамёни мобилии alif mobi

Хизматрасониҳои рақамии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 март 2021 с.

Хизматрасониҳои рақамии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табдилоти рақамии иқтисодиёт, аз ҷумла маъмурикунонии андоз, муносибатро ба кори мақомоти андоз тағйир медиҳад ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотиро дар бар мегирад, ва Тоҷикистон низ аз ин истисно нест. Масалан, сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон andoz.tj, ки барои истифодаи 56 намуди хизматрасониҳои электронӣ, ки шумораи онҳо тадриҷан меафзояд, фароҳам меорад.

Сомонаи расмии Кумитаи андоз аз соли 2007 мавриди истифодаи шаҳрвандон ва андозсупорандагон қарор дода шуда, тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2017, №344 «Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет» пайваста такмил дода, азнавсозӣ карда мешавад.

Ҳангоми такмил додани сомона, Кумитаи андоз пеш аз ҳама ба хизматрасониҳои электронӣ тамаркуз мекунад, зеро онҳо риояи қонунгузории андоз, аз ҷумла иҷрои ӯҳдадориҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон ва фаъолияти мақомоти андозро дар самти такмили маъмурияти андоз содда мекунанд.

Ба функсияҳое, ки хизмарасониҳои электронии Кумитаи андоз иҷро мекунанд, муфассалтар назар кунем.

Хизматрасониҳо бо назардошти категорияҳои андозсупорандагон тақсим карда мешаванд: барои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, инчунин барои шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020, №1744 андозбандӣ карда мешаванд.

Барои ҳамаи категорияҳои андозсупорандагон модули «Утоқи шахсии андозсупоранда» дастрас аст, ки чунин имкониятҳо медиҳад:

  • пешниҳоди эъломияи андоз;
  • тартиби санади муқоисавиро бо мақомоти андоз;
  • тафтиши маълумот оиди объектҳои амволи андозбандишаванда бо маълумоти мақомоти андоз;
  • онлайн-пардохти андозҳо ва боҷҳо;
  • тафтиши расидҳои пардохти андоз ва эътибори расидҳои фискалиро;
  • маълумотро дар бораи мавҷудияти қарзи андоз ё набудани он ва ғайра талаб кунад.

Омӯзиши омори боздид аз сайтҳо нишон дод, ки аз ҳама бештар талабот ба хидматҳо ба монанди:

1) ҳисобкунаки андоз (барои ҳисоб кардани андоз аз даромад, андоз аз амволи ғайриманқул, замин ва нақлиёт);

2) ҷустуҷӯи РМА (барои гирифтани маълумот дар бораи РМА);

3) онлайн-номнавис барои қабули шаҳрвандон дар Кумитаи андоз.

Ба шахсони воқеӣ, ки мехоҳанд бо мақсади фаъолияти сҳибкорӣ ба қайд гирифта шаванд, имконият дода мешавад, ки барои бақайдгирии давлатӣ дар шакли электронӣ ариза пешниҳод кунанд.

Ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар утоқи шахсӣ чунин онлайн-имкониятҳо дастрас астанд:

  • азназаргузаронии ҳисобварақа;
  • пешниҳоди эъломияҳои андоз;
  • пешниҳоди ҳисобнома-фактура барои контрагент;
  • анбори электронӣ;
  • бақайдгирии ва мониторинги МНХ;
  • ирсоли дархостҳо барои гирифтани тасдиқи санади муқоисавӣ, гирифтани маълумотномаи надоштани қарз ва ғайра.

Алоҳида бояд дар бораи модули барои хизматчиёни давлатӣ пешбинишуда қайд кард. Хизматчиёни давлатӣ, ки тибқи қонунгузорӣ уҳдадоранд ҳар сол на дертар аз 1 апрели соли пас аз соли ҳисоботӣ эъломия дар бораи даромад пешниҳод кунанд, имкон доранд эъломияро дар шакли электронӣ пешниҳод кунанд.

Дар оянда Кумитаи андоз ба нақша гирифтааст, ки технологияҳои Big Data-ро ҷорӣ кунад. Илова бар ин, як лоиҳаи тиҷорати электронӣ амалӣ карда мешавад, ки ҷорӣ намудани мошинҳои кассавии абрии виртуалиро пешбинӣ мекунад.

Технологияҳои иттилоотӣ дар системаи андоз ба рушди соҳибкории хурд ва миёна таъсири мусбат расонида, дар фароҳам овардани шароити баробар ва таъмини шаффофияти фаъолият мусоидат мекунанд. Технологияҳои рақамӣ дар маъмурикунонии андоз раванди ихтиёрии риояи қонунҳои андозро низ содда мекунанд. Реформаи маъмурикунонии андоз барои афзоиши даромадҳо ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ шароити мусоид фароҳам меорад, ки ин ба рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии кишвар фоида мерасонад.

Вохӯрии машваратӣ-тавзеҳотии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд.

19 март 2021 с.

Вохӯрии машваратӣ-тавзеҳотии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд.



Санаи 18 марти соли 2021 бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои ба андозбандӣ ҷалб намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, кор ва фаъолият мекунанд, вохӯрии машваратӣ-тавзеҳотии намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ зиёда аз 50 намояндагон ва шахсони мансабдори миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Кумитаи андоз муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон ва дигар шахсони масъули Кумита иштирок намуданд.

Ба маълумоти иштирочиёни вохӯрӣ рӯнамоҳо оид ба хизматрсониҳои Кумитаи андоз дар шакли электронӣ ва оид ба маъмурикунонии андозбандии шахсони воқеӣ, ки аз кори кироя дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ даромад мегиранд ва оид ба муқаррароти асосии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №205 “Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд” пешниҳод карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ, иштирокчиён роҳҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар самти риояи Конвесияи Вена оид ба муносбатҳои дипломатӣ ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбандии даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд ва мушкилиҳои ҷойдошта ҳангоми баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалиро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯри аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон ба саволҳои намояндагони сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда оид ба тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Инчунин ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи маҷозӣ расонида шуд, ки Кумита омодааст дар доираи ваколатҳои худ ба ҳалли минбаъдаи масъалаҳои мавҷуда мусоидат намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо бори дигар ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар ҳалли мушкилиҳо дар раванди андозбандии даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва риояи тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои болозикр изҳори умед намуданд.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН!

10 март 2021 с.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН!



     Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозии насли наврас, донишҷӯён, соҳибкорон ва шахсони воқеӣ дар ҳамкории муштарак бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар таҳти унвони “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” Озмун эълон менамояд.

Озмун аз рӯи ду номинатсия дар се давр гузаронида мешавад:

1. Номинатсияи расми беҳтарин – зери унвони “Андоз аз нигоҳи наврасон” - барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна.

2. Номинтасияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” – барои донишҷӯёни таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, соҳибкорон ва шахсони воқеӣ.

Тартиби гузаронидани Озмун:

Даври якум дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 15 июни соли 2021.

Даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе то 15 августи соли 2021.

Даври сеюм (даври ниҳоӣ) дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 октябри соли 2021 гузаронда мешавад.

Барои номинатсияи гурӯҳи якум - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

- ғолибони даври якум ва дуюми Озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд (се нафарӣ барои ҳар як ҷой) бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти андоз мукофотонида мешаванд;

- ғолибони даври сеюми Озмун (ниҳоӣ) бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравии Кумитаи андоз (планшет ва мукофотҳои хотиравӣ) ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд.

Мукофотҳои пулӣ:

- ҷойи якум – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 5 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи дуюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 3 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи сеюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 2 ҳазор сомонӣ.

Барои номинатсияи гурӯҳи дуюм - донишҷӯёни таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, соҳибкорон ва шахсони воқеӣ:

- ғолибони даври якум ва дуюм, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд (се нафарӣ барои ҳар як ҷой), бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти андоз мукофотонида мешаванд;

- ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявӣ (даври ниҳоӣ) бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравии Кумитаи андоз (ноутбук ва мукофотҳои хотиравӣ) ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд.

Мукофотҳои пулӣ:

- ҷойи якум – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 10 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи дуюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 7 ҳазор сомонӣ;

- ҷойи сеюм – барои 3 нафар (ба ҳар як ғолиб) 5 ҳазор сомонӣ.

Барои маълумоти бештар бо телефони 233-55-31 муроҷиат карда метавонед.

Пас аз Facebook Google низ худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт

4 март 2021 с.

Пас аз Facebook Google низ худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт



Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 3 марти соли 2021 ширкати бузурги онлайнии Google дар сомонаи www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифт.

Қонуне, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шуд. Амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд. Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.


Кумитаи андоз инчунин қайд менамояд, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги Google ва Facebook, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд, ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.

ЭЪЛОН.Шаҳрвандони муҳтарам!

3 март 2021 с.

Шаҳрвандони муҳтарам!



     Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи талаботи моддаи 156 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ниҳоии пешниҳоди эъломияи андоз аз даромад аз ҷониби шахсони воқеӣ барои соли 2020 то санаи 1 апрели соли ҳисоботӣ муқаррар карда шудааст.

Яъне, тибқи муқаррароти моддаи мазкур, шахсони воқеӣ – резидент ва ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде мегиранд, ки бояд андозбандӣ карда шавад, аммо дар манбаи пардохт андозбандӣ нашудаанд, шахсони воқеие, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулӣ доранд, инчунин онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, уҳдадоранд, дар муҳлати то санаи 1 апрели соли баъди ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли қайди худ эъломияи андоз аз даромад пешниҳод намоянд.

Аз ин лиҳоз, эҳтиромона аз Шумо хоҳиш менамоем, ки эъломияи андоз аз даромади худро ба мақомоти андози маҳалли қайди худ пешниҳод намоед!

Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби Шумо пешниҳод нагардидани эъломияи андоз аз даромад, мақомоти андоз тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҷӯӣ менамояд.