Вохӯрии маҷозӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони вазорату идораҳо дар мавзӯи “Рушди маъмурикунонии андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони рақамикунонӣ”
Вохӯрии маҷозӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони вазорату идораҳо дар мавзӯи “Рушди маъмурикунонии андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони рақамикунонӣ”
Бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷриба аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони рақамикунонӣ” бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва вазорату идораҳои давлатӣ вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ 68 намояндагони вазорату идораҳо ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода Аюбҷон Маруф ва дигар кормандони Кумита иштирок намуданд.
Аз ҷониби Солеҳзода А. М. қайд карда шуд, ки рақамикунонии маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадриҷ тақвият меёбад ва он аз ҷониби андозсупорандагон мусбӣ баҳогузорӣ карда шудааст. Тибқи пурсишномаи назарсанҷии андозупорандагон, ки нимсолаи аввали соли 2021 аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронида шуда буд, 82% пурсидашудагон иброз намудаанд, ки мақомоти андоз яке аз мақомоти эътимоднок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз чор се ҳиссаи ширкатҳо чунин мешуморанд, ки маъмурияти андоз одилона андозҳоро ҳисоб намуда, онҳоро меситонад. Тақрибан 80% пурсидашудагон боварӣ доранд, ки мақомоти андоз дар масъалаҳои андоз салоҳиятноканд.
Ҳамчунин бояд ёдовар намуд, ки мақомоти андоз аз соли 2012 инҷониб эъломияҳои электронӣ барои содда кардани раванди пешниҳоди эъломияҳо ва коҳиш додани басомади ҳамкории андозсупорандагон бо мақомоти андоз ҷорӣ карда шудааст. Имрӯзҳо андозсупорандагони Тоҷикистон зиёда аз 60 намуди хизматрасонии электронӣ дастрасӣ доранд, ки шумораи онҳо тадриҷан меафзояд. Хизматрасониҳои электронӣ барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони воқеӣ, бахши бонкӣ ва корхонаҳои давлатӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, иштирокчиён, аз ҷумла Маликзода Н. С., муовини раиси Кумитаи андоз, Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нормуродзода Фирдавс, сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Карл Ҳайнз Ҳайдл намояндаи ташкилоти “Бизнес” дар СҲИР-(Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд) ва як қатор намояндагони вазоратҳои идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фикру андешаҳои худро вобаста ба рушди минбаъдаи рақамикунонии маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Нормуродзода Фирдавс, қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мунтазам такмил додани маъмурикунонии андоз чораҳои зарурӣ меандешад, ки ин ба фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад. Маҳз бо шарофати татбиқи ҳамин чораҳо ва ислоҳот, тибқи гузориши Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба “Пешбурди тиҷорат-2020”, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар дохил шуд.
Инчунин, Ян-Петер Олтерс тазаккур дод, ки мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои муҳим ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз амалӣ намуда, дар роҳи мубаддал шудан ба як мақомоти муосири андози муваффақ шудааст.
Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Бизнес” дар СҲИР корҳои созанда гузаронида шуда, дар як муддати кӯтоҳ 18 ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Google, Facebook ва дигарон, ки хизматрасониҳои электрониро ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, худро ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар Кумитаи андози ба қайд гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Солеҳзода А. М. изҳори итминон кард, ки мулоқоти мазкур ба амалишавии кӯшишҳои муштарак оид ба рушд ва такмили маъмурикунонии андоз ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои навӣ электронӣ ҷиҳати боз ҳам сода ва мусоид намудани раванди хизматрасонӣ ба андозсупорандагон такони нав хоҳад дод.