• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Санаи 16 декабри соли ҷорӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

16 декабр 2019 с.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Р Е З А А Х Б О Р


Санаи 16 декабри соли ҷорӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Роҳбари Гурӯҳи Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурияти андоз (минбаъд TADAT) Султан Хваджа Мунавер вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои самтҳои асосии самаранокии маъмурикунонии андозро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан ёдовар мешавем, ки TADAT ин воситаи умумиҷаҳоние мебошад, ки ҳамаи давлатҳо метавонанд онро бо мақсади баҳогузории тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андози худ истифода намоянд. Ҳангоми баҳогузории TADAT ба масъалаҳои маъмурикунонии андозҳои ташкилкунандаи қисмати даромади буҷет диққати асосӣ дода мешавад. TADAT самаранокии мақомоти миллии андозро аз рӯи 9 самти натиҷабахш баҳогузорӣ менамояд: пуррагии махзани маълумотҳои андозсупорандагони бақайдгирифташуда, самаранокии идораи хавҳо, расонидани кӯмак ба андозсупорандагон ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, пешниҳоди саривақтии эъломияҳои андозӣ, саривақт супоридани андозҳо, дурустии маълумотҳои дар эъломияҳои андозӣ дарҷгардида, самаранокии расмиятҳои ҳалли баҳсҳои андозӣ, самаранокии идораи даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият. Чунин баҳогузории самаранокии фаъолияти мақомоти миллии андоз, тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андозро аллакай бисёре аз давлатҳои ҷаҳон ба монанди Федератсия Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Беларус ва дигарон гузаронидаанд. Кумитаи андоз тасмим гирифтааст, ки аз рафти баҳогузории TADAT мунтазам маълумот пешниҳод намояд.

Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандии
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 ноябр 2019 с.

Ифтитоҳи бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон





22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни муассисаи олии таълимӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни академия самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолияти Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 барои курсантони Академия пешбинӣ гардидааст.

Акнун минбаъд дар ин бинои нав дар ду кафедраи факулта - кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, 20 нафар олимону профессорон ба донишҷуён таълим медиҳанд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2-и назди Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳбарияти вазорат ва дигар масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар шаҳри Москва Ҷаласаи XXVI-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

17 сентябр 2019 с.

Дар шаҳри Москва Ҷаласаи XXVI-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид





Рӯзҳои 18-21 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷаласаи XXVI-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатии Шӯро намояндагони мақомоти андози Озорбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҳайати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумита - Давлатзода Нусратулло Муқим роҳбарӣ намуд.

Кори ҷаласаро Роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсия Россия Михаил Мишустин ва Муовини якуми Раиси Ҳукумат – Вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки мавриди муҳокимаи роҳбарони мақомоти андози кишварҳои ИДМ қарор гирифт ин “Таъсири иқтисоди рақамӣ ба рушди низоми андозбандӣ дар кишварҳои ИДМ” буд.

Бо мақсади васеъ намудани ҳамкорӣ ва таҳким бахшидан ба ҳамкории минтақавӣ дар ҷаласа ба ҳайси нозир намояндагони мақомоти андози Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ташкилотҳои байналмилалии Комиссияи Авруосиёгии Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (OECD), Созмони Дохилиаврупоии мақомоти андоз (IOTA), Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкории мақомотҳои андози давлатҳо аъзои ИДМ ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳимми фаъолияти минбаъдаи мақомоти андоз дар доираи Шӯро самаранок ва муфид мебошад.

Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандии
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” дар шаҳри Душанбе

17 сентябр 2019 с.

Гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” дар шаҳри Душанбе





17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшиданд.

Дар рафти корҳои бунёдгарӣ наздики 100 нафар мутахассисону бинокорони ботаҷриба  ба кор ҷалб мегарданд. 

Зимни шиносоии лоиҳаи корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона қубурҳои шишапластикии қутрашон 300 ва 3000 мм истеҳсол гардида, иқтидори солонаи он ба 150 км баробар хоҳад шуд. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле содда ва осон мебошад. Ҳамчунин қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.    

Бино ба иттилои масъулин барои омода намудани маҳсулот, наздики 60 фоизи ашёи хом аз дохили кишвар дастрас карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки ҳамсола дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои бузург дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, обёрӣ ва корезӣ, ки аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ, грантҳо ва ё қарзҳои шарикони рушд маблағгузорӣ мегарданд, татбиқ мешаванд. Қубурҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳаҳои мазкур истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд. Акнун баъд аз фаъол кардани корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот гардида, ба буҷети кишвар низ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Корхонаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ назир надошта, он дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд хоҳад шуд ва дар оянда қубурҳои истеҳсолшаванда барои мамлакат маҳсулоти ивазкунундаи воридот ва содиротӣ ба ҳисоб меравад. Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ давоми 1,5 соли оянда бунёд гардида, дар сурати пурра ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёни коргоҳи мазкур барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани он, муваффақиятҳо орзу намуданд.   

Гузоштани санги асоси Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе

17 сентябр 2019 с.

Гузоштани санги асоси Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе





17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.

Роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат ва таҳвили лизингии дастгоҳу таҷҳизот корхонаи муосири саноатиро дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода диҳанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона асосан истеҳсоли дастгоҳҳои идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, лавҳаҳои ҳимояи релеӣ ва автоматикӣ, дастгоҳҳои тақсимотии баландшиддати 6,10 ва 20 киловолта, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояҳои оҳании гуногун барои низоми равшандиҳии хиёбону гулгаштҳо, равоқпояҳои зеристгоҳҳои барқӣ, пояҳои оҳании хатҳои интиқоли нерӯи барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хати истеҳсолӣ оид ба руҳандуд намудани ҳамагуна конструксияҳои оҳанӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 1000 дастгоҳи идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, 500 адад дастгоҳи тақсимотии баландшиддати 6, 10 ва 20 киловолта ва беш аз 200 адад истгоҳи мукаммали трансформаториро ташкил дода, бунёди иншоот иқдоми муҳим дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар дохили кишвар ва бад-ин васила таъмини боэътимоди соҳаҳои гуногуни мамлакат бо нерӯи барқ мебошад.

Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхона дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла қолибгарӣ, қаткунӣ, кафшергарӣ, рандакорӣ, харротӣ, рангуборкунии хока, ваннаҳо барои руҳандуд ва дастгоҳҳои коркарди конструксияҳои оҳану тахтасим аз корхонаҳои бонуфузи Аврупо, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо реҷаи ададӣ барномасозӣ гардидаанд, ворид ва васлу насб карда мешаванд.

Муҳлати бунёди ин корхонаи замонавӣ дар пойтахти мамлакат ду сол пешбинӣ гардидааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ зиёда 200 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Аснои шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки сокинон баъди омӯзиши раванди истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда ба кор фаро гирифта мешаванд.

 Ҳамчунин дар нақша аст, ки дар назди корхона курсҳои бозомӯзии мутахассисон ташкил карда шавад ва барои танзими лавҳаҳои электронӣ, ки таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд, 30 дарсади кормандон аз ҳисоби занон ба кор ҷалб мегарданд.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани корхона, ки дар он асосан истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст, тадбири муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Ҳамчунин иқдоми бунёди корхона, ки бо мақсади роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридод рӯи даст гирифта шудааст, ба коҳиши раванди воридоти дасгоҳу таҷҳизоти барқӣ, ки феълан аз хориҷ дастрас карда мешаванд, мусоидати фаъол хоҳад кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устувору доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакатро бо нерӯи барқ аз ҳадафҳои муҳими худ медонад ва ин раванд дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои дигари тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии барқтаъминкунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ зина ба зина мавриди татбиқ қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи иншоот иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро дар самти бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии аълосифат ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншоот дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.