Ифтитоҳи бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ифтитоҳи бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни муассисаи олии таълимӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни академия самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолияти Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 барои курсантони Академия пешбинӣ гардидааст.
Акнун минбаъд дар ин бинои нав дар ду кафедраи факулта - кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, 20 нафар олимону профессорон ба донишҷуён таълим медиҳанд.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2-и назди Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳбарияти вазорат ва дигар масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.