Истиқбол дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон
14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона - пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.