Аввалин Форуми ҳамкории маъмурияти андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ ”

Аввалин Форуми ҳамкории маъмурияти андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ ”


         Санаи 18-20 апрели соли 2019 дар шаҳри Учжени Ҷумҳурии Мардумии Чин Аввалин Форуми ҳамкории маъмурияти андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – Як роҳ ” баргузор гардид. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин Форум Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим намояндагӣ намуд.


         18 апрели соли 2019 намояндагони 34 кишвари ҷаҳон Ёддошти тафоҳумро “Оид ба механизми ҳамкориҳо дар соҳаи маъмурикунонии андоз”, аз ҷумла Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расониданд.

         Механизм ба ташкили ҳамкорӣ оид ба хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, танзими баҳсҳои андозӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, пешгири намудани пинҳонкунии манбаъҳои андозбандӣ ва фоидаи андозбандишаванда (нақшаи BEPS), амалигардонии мубодилаи автоматии маълумоти молиявӣ (AEOI) тибқи стандартҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.

         Чи тавре ки маълум гардид, механизми ҳамкориҳо дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – Як роҳ” механизми ғайритиҷоратии байниҳукуматӣ буда, аз Шӯро, Котибот, Форум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи андоз, Иттиҳод оид ба мусоидат ба назорати андозбандӣ, инчунин Кумитаи коршиносӣ – машваратӣ иборат мебошад.

         Дар рафти Форум Раиси Шӯро - Комиссари Мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсзюн тайъин шуда, ҳамзамон муовини Раиси Шӯро, шахсони масъули Котибот ва Раиси Иттиҳод интихоб гардиданд. 34 давлат ба ҳайси аъзои Шӯро, 22 мақомоти андоз ва созмонҳои байналмилалии механизм ба ҳайси нозир ва 11 мутахассиони варзида ба ҳайати Кумитаи коршиносӣ – машваратӣ дохил шуданд.

         Форуми мазкур намояндагони мақомоти андози 85 кишвар, 16 созмонҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони ҷомеаҳои соҳибкорӣ ва доираи илмиро ба ҳам гирд овард.

Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандӣ