Боҷи давлатӣ барои амалҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии... бекор карда шуд
Иттилоот оид ба ройгон гаштани амалҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии
(барҳамдиҳӣ, қатъ намудани фаъолият) ташкилотҳои тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ,
шахсони воқеии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти тамоми андозсупорандагон ва истифадабарандагони сомонаи расмии Кумита эҳтиромона мерасонад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019, №1680 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2020, №1681 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул гардидааст.
Қонуни мазкур дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» санаи 8 январи соли 2020 ба шар расида, аз ҳамин сана мавриди амал қарор дода мешавад.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019, №1680 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба моддаҳои 3, 5 ва 6 –и ҳамин қонун тағйироту иловаҳои дахлдор ворид гардидааст, ки тибқи он қисми 5 моддаи 4 хориҷ карда шуд. Яъне, дар асоси ин тағйирот минбаъд барои амалҳои бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии таъсисёбии (барҳамдиҳӣ, қатъ намудани фаъолият) ташкилотҳои тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ, шахсони воқеии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда боҷи давлатӣ ситонида намешавад.
Мутобиқ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2020, №1681 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қисми 1 моддаи 6 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи он қисми 2-и он дар таҳрири зерин баён карда шудааст:
«2. Пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани маълумотнома дар бораи дар феҳристи мазкур мавҷуд набудани маълумот оид ба субъектҳо ройгон анҷом дода мешавад».
Тибқи қонуни мазкур ба моддаҳои 11, 20, 22, 25, 27, 29 ва 32-и Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, талабот оид ба пешниҳоди пардохтнома (квитансия) ҳангоми анҷом додани амали бақайдгирии давлатӣ, бекор карда шуд, ки дар натиҷа номгўи ҳуҷҷатҳои барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда то ба 1 адад кам гардид.
Андозсупорандагони ва истифодабарандагони сомонаи мазкур бояд бидонанд, ки чунин тағйирот дар қонунгузорӣ ҷузъи ҷудонашавандаи силсилаи чорабиниҳо оид ба муомилоти электронии иттилоот дар системаи маъмурияти андоз мебошад ва он на танҳо ба соддагардонии тартиби бақайдгирии андозсупорандагон дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, балки ба ройгон гардидани чунин хизматрасониҳо равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои такмилоти системаи маъмурикунонии андоз ин маҳдуд гаштани шумораи амалҳои расмиёти бюрократии андоз, сарфаи вақти ҳам андозсупоранда ва ҳам кормандони мақомоти андоз, кам кардани тамоси шахсии корманди андозсупоранда ва андозсупоранда ва, сарфаи маблағҳои андозсупорандагон барои расмиёти бақайдгирӣ низ мебошад.
Инчунин, қисми 6-и моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» дар таҳрири зайл ифода карда шуд:
«6. Аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ иқтибос дода мешавад».
Бо назардошти чунин муқаррарот, шўъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони њуқуқӣ ва соњибкорони инфиродӣ, инчунин хадамоти минтақавии андоз вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади дуруст татбиқ намудани талаботи муқаррароти қонун корњои фањмондадиҳӣ барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон таҳким бахшида шавад ва аз натиҷаи он ба Кумитаи андоз мунтазам ахборот пешнињод намояд.
Яъне, азбаски Феҳрист аз ҷониби нозироти минтақавии андоз аз ҷониби нозироти минтақавӣ ташаккул мегардад, ва баъд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст карда мешавад, иттилооти заминавӣ дар бораи бақайдгирии соҳибкорон ва ташкилотҳо дар сатњи минтақавӣ ба Феҳрист дароварда мешавад. Вобаста ба ин, моњияти соддагардонӣ ва ройгон намудани бақайдгирии андозсупорандагон дар он аст, ки: якум, ҳуҷҷате, ки воридшавӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тасдиқ менамояд, огоҳиномаи ройгони ба бақайд гирифта шудани шахси воқеиро нишон медињад, ва дуюм – пешниҳоди маълумот аз Феҳристи ягона низ ройгон аст.