• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

ЭЪЛОН Муҳтарам андозсупорандагон

27 май 2022 с.

ЭЪЛОН

Муҳтарам андозсупорандагон!



    Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” (аз 02.04.2020, №1690), дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 26 ноябри соли 2021, №553 тартиби “Баҳодиҳии сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар нозиротҳои андоз” таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд.

Тартиби баҳодиҳии хизматрасониҳои давлатӣ дар нозиротҳои андоз, дар саҳифаи асосии сомонаи расмии Кумитаи андоз (www.andoz.tj) ҷойгир карда шудааст, ки тавассути он андозсупорандагон ва шаҳрвандон имконият доранд ба сатҳу сифати хизматрасониҳои мақомоти андоз ва ё кормандони он баҳогузорӣ намоянд.

Баҳогузории мазкур имкон медиҳад, ки мушкилотҳои дар самти хизматрасониҳои мақомоти андоз ҷойдошта муайян гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани сифати хизматарасониҳои давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида шавад.

Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз тартиби мазкур, сифати хизматрасониҳои мақомоти андозро баҳогузорӣ намоед.

Вохӯрии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 май 2022 с.

Вохӯрии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон













    Санаи 4 майи соли 2022 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency вохӯрии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумитаи андоз) бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи соҳибкорон расонидани муқаррароти нави қонунгузории андоз ва муҳокимаи саволҳои қаблан аз ҷониби соҳибкорон пешниҳодгардида буд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Кумитаи андоз Маликзода Нарзулло Саймиддин - Муовини Раиси Кумитаи андоз, Вазиров Собирҷон - муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз ва Хайриддинов Умедҷон - муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ иштирок намуданд.

Вохӯрии мазкур бо ташаббуси Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-БАТР дар ҶТ) ташкил гардид. Ҳамчунин, ба иштирокчиёни вохӯрӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав дар шакли тоҷикӣ-русӣ тақдим карда шуд.

Рика Ишии – Роҳбари Намояндагии доимии БАТР дар ҶТ тазаккур дод, ки чунин вохӯриҳо имконият медиҳанд, ки бахши хусусӣ муқаррароти Кодекси андозро хубтару беҳтар омӯхта, зимни фаъолияти худ истифода намоянд.

Маликзода Н. аз нақш ва мақоми хоссаи БАТР дар такмили низоми қонунгузории андоз ва рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, ба соҳибкорон ҷиҳати ташриф ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Маликзода Н. вобаста ба муқаррароти Кодекси андоз ва тағйиротҳои асосии он аз Кодекси қаблӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав мутобиқ ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо назардошти пешниҳодҳои коршиносони байналмилалӣ такмил дода шудааст, ки ба ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, ҷиҳати дарки муқаррароти он имкониятҳои баробар фароҳам оварда, мухолифат ва баҳсҳоро бартараф менамояд.

Сипас, Вазиров С. ба иштирокчиён вобаста ба тағйиротҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав дар шакли рӯнамо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимнан, аз ҷониби соҳибкорон дар мавзӯъҳои андоз аз даромад, имтиёзҳои андозӣ, андоз аз арзиши иловашуда, санҷишҳои андозӣ ва назорати камералӣ, андозбандии даромади ғайрирезидентҳо, муоинаи хронометражӣ, критерияи хавфҳо, дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ, нигоҳдори андоз дар манбаи пардохт, истеҳлок ва мониторинги андозӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо аз ҷониби Маликзода Н. ва Вазиров С. ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Дар интиҳои вохӯрӣ, соҳибкорон миннатдории худро ба Роҳбарияти Кумитаи андоз ва БАТР дар ҶТ барои ба инобат гирифтани пешниҳодҳои онҳо дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва ҳамкории пурсамар баён намуданд.

Рика Ишии муҳиммияти чунин вохӯриҳоро қайд намуда, изҳори умед намуд, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав ба субъектони хоҷагидор шароити муносиби фаъолиятро фароҳам оварда, дар рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар навбати худ, соҳибкорон бояд ҷиҳати риояи муқаррароти Кодекси андоз, васеъ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти андоз ва риояи ихтиёрии қонунгузории андоз чораҳои саривақтӣ ва дахлдорро андешанд.

Вохӯрии маҷозии мутахассисони Кумитаи андоз бо намояндагони шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, хизматрасониҳои фосилавиро пешниҳод менамоянд

10 май 2022 с.

Вохӯрии маҷозии мутахассисони Кумитаи андоз бо намояндагони шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта,хизматрасониҳои фосилавиро пешниҳод менамоянд



    Санаи 3 майи соли 2022 вохӯрии маҷозии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои фосилавиро ба шахсони воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, пешниҳод менамоянд (минбаъд Шахсони хориҷӣ) ва намояндаи Бизнес дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Карл Ҳайнз Ҳайдл (минбаъд Карл Ҳайнз), баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи шахсони хориҷӣ расонидани муқаррароти нави қонунгузории андоз дар бораи андозбандии хизматрасониҳои фосилавии шахсони хориҷӣ ва дигар муқаррароти дахлдори Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав буда, дар он аз Кумитаи андоз Маликзода Нарзулло Саймиддин - муовини Раиси Кумитаи андоз, Вазиров Собирҷон – муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз, Хайриддинов Умедҷон – муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва Бобоев Дилшод – директори КВД “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз” иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриро оғоз намуда, миннатдории худро барои иштирок дар вохӯрии маҷозӣ ба намояндагони Шахсони хориҷӣ ва Карл Ҳайнз баён намуд.

Маликзода Н. С. қайд кард, ки айни замон 21 Шахсони хориҷӣ худро дар Кумитаи андоз тавассути сомонаи расмии Кумита ба ҳисоб гузошта, тибқи эъломияҳои пешниҳодшуда дар давраи ҳисоботии соли 2021 ва семоҳаи 1-уми соли 2022 ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 16,9 млн. сомонӣ хизматрасонии фосилавӣ пешниҳод намуда, аз он 2,8 млн. сомонӣ ААИ-ро нигоҳ дошта, ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуданд.

Иловатан, аз ҷониби Маликзода Н. С. вобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрир нав ва фарқияти он аз Кодекси андози қаблӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав мутобиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ такмил дода шудааст, ки ба ҳамаи субъектҳои хоҷагидор барои дарки муқаррароти он имкониятҳои баробар фароҳам оварда, мухолифат ва баҳсҳоро бартараф менамояд. Меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то 15 фоиз паст карда шудааст.

Сипас, аз ҷониби муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз Вазиров С. вобаста ба хусусиятҳои андозбандии хизматрасонии фосилавии Шахсони хориҷӣ ва тағйиротҳо дар ин самт дар шакли рӯнамо бо забони англисӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Баъдан, Карл Ҳайнз ва намояндагони Шахсони хориҷӣ, алалхусус Google ва Meta (собиқ Фейсбук), ва Booking.com вобаста ба мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласа саволҳои дахлдор пешниҳод намуданд, ки ба саволҳои онҳо Маликзода Н. С. ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Дар интиҳои вохӯрӣ, намояндагони Шахсони хориҷии номбурда миннатдории худро ба Роҳбарияти Кумитаи андоз барои ба инобат гирифтани пешниҳодҳои онҳо дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, кӯмакҳои саривақтӣ ва ҳамкории пурсамар баён намуда, қайд намуданд, ки фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқоиса бо таҷрибаи байналмилалӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб рафта, нисбат ба дархосту муроҷиатҳои онҳо кормандони Кумитаи андоз сари вақт маълумоти заруриро пешниҳод намуда, ҳангоми зарурият чораҷӯӣ менамоянд.

Илова бар ин, намояндагони Шахсони хориҷӣ нисбат ба истифодабарии сомонаи Кумитаи андоз ва утоқи шахсӣ баҳои баланд дода, онҳоро дар истифода хеле қуллай ва осон арзёбӣ намуданд.