• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Резаахбор Оид ба натиҷаҳои Форуми андозӣ ва сармоягузорӣ “Роҳи абрешим”

18 март 2023 с.

Рӯзҳои 22-23 феврали соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми андозӣ ва сармоягузорӣ “Роҳи абрешим” (минбаъд Форум) бо ташаббуси Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 иштирокчӣ аз 14 кишварҳои дуру наздик ширкат варзиданд.

Дар Форум аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Раиси Кумитаи андоз – Раҳимзода Абдусалом (роҳбари ҳайат) ва муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилали –Хайриддинов Умедҷон иштирок намуданд. .

Бояд қайд намуд, ки Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ (минбаъд Марказ) созмони мустақили ғайритиҷоратии тадқиқотӣ ва таълимӣ буда, бо мақсади пешбурди ислоҳоти андозӣ ва ташаббусҳои давлативу хусусӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсис дода шудааст. Ситод-қароргоҳи Марказ дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка воқеъ буда, намояндагии минтақавии худро дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода аст. Марказ табодули таҷрибаи байналмилалиро дар самти андозбандӣ ва сармоягузорӣ ба роҳ монда, тавассути дастгирии созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақомотҳои андоз ва молияи 85 давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамасола, Марказ дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои андоз ва молияи давлатҳои дахлдор Форуми андозии Авруосиёро ташкил ва баргузор намуда, иштирокчиёни Форуми зикргардида масъалаҳои сиёсат ва маъмурикунонии андоз, ҳалли масъалаҳои андозӣ ва навовариҳои андозиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар Форум њайатҳои расмии давлатҳои Гурҷистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносони байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Халқии Хитой, Туркиё, Федератсияи Россия, Швейтсария, Шоҳигарии Нидерланд, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Африқои Ҷанубӣ иштирок намуданд. Намояндагони Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон, коршиносони Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ ва дигар намояндагони бахши хусусӣ тибќи рўзномаи љаласањои Форум мавзуъњои вобаста ба рушди минтақавии иқтисодӣ ва омилҳои умумии сиёсати андозиву буҷетӣ, маъмурикунонии андозҳои ғайримустақим, ҳамоҳангсозии сиёсати савдо ва андоз бо мақсади рушди савдои минтақавӣ ва муқовимат ба савдои ғайриқонунӣ, истифодаи технология барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, манфиатҳои истифодабарии тамғагузорӣ ва рамзгузории электронии маҳсулот ва пайгирии маҳсулотҳо дар ҳамаи марҳилаҳои муомилот, инчунин андозбандии хизматрасониҳо дар иқтисодиёти рақамӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин, коршиносони байналмилалӣ оид ба навовариҳо дар самти татбиқи тадбирҳои мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида дар доираи BEPS, тиҷорати электронӣ, ҳалли мушкилоти иқтисоди рақамӣ, таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Қазоқистон дар таҳрири нав, пешниҳоди эъломияҳои андозӣ вобаста ба даромадҳо ва молу мулк аз тарафи аҳолии Қазоқистон дар солҳои минбаъда, хавфҳои иҷро нагардидани қонунгузории андоз аз тарафи соҳибкории хурду миёна, дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузории давлатҳои минтақа ва дигар масъалаҳои мубрами андозбандии байналмилалӣ суханрониҳо намуда, масъалаҳои матраҳшударо мавриди муқокима қарор доданд. Зимни муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои номбурда аз ҷониби ҳайати Кумитаи андоз ба коршиносони байналмилалӣ оид ба татбиқи тадбирҳо дар доираи BEPS, роҳҳои ҳалли мушкилотҳо дар самти тиҷорати электронӣ, андозбандии ширкатҳои фаромиллӣ ва тамғагузории маҳсулот саволҳо пешниҳод намуд. Ҳамзамон, ҳайати Кумитаи андоз ба иштирокчиёни Форум оид ба ислоҳотҳои қонунгузории андоз ва рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтассар манзур гардид.

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

13 март 2023 с.

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Ҳамчунин дар ошёнаҳои болоӣ ду маҷлисгоҳи дигар барои 100 нафар, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ сохта шудааст. 

Бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 30 садяк заминро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2021 оғоз гардида буд.

Фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Мега Техника Иншоот" мебошад.

Дар бинои тозабунёд 40 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад, ки ҳар яки он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. 

Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шафофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин карда шуда, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.

Ҳамзамон соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.

Бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, ҳамзамон саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан ободу зебо гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин бино ба роҳбарият ва кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дастуру маслиҳатҳои муфид  доданд.

Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Сино ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷӯҳ ва дастгирҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони мақомоти андоз изҳори сипосу миннатдорӣ карда, бинои навбунёдро дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Ҳамкории Федератсияи Россия оид ба такмили низоми маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 март 2023 с.

Рӯзҳои 2 – 3 марти соли ҷорӣ Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Михаил Мишустин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия миёни Тоҷикистону Россия 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки доираи гуногуни муносибатҳо миёни ду кишвар, аз ҷумла маориф, тиб, нафақа, сайёҳӣ, молия, иқтисод ва варзишро фаро мегиранд. Маросими имзо дар ҳузури сарвазирони Тоҷикистону Россия, Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин баргузор гардид.

Ҳамин тавр, дар доираи ба имзорасонии санадҳои дуҷониба миёни давлатҳо Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз ба имзо расид.

Созишномаи мазкур бо мақсади татбиқи протоколҳои 17-ум ва 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.

Тибқи Созишномаи мазкур ҷониби Россия дар солҳои 2023-2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз кумаки техникии беподош пешниҳод менамояд.

Хадамоти андози Федератсия Россия мутобиқи Созишнома бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” пешбинишуда, тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таҷдиди бизнес - равандҳои маъмурикунонии андоз;

- азнавкунии ҷузъҳои низоми мавҷудаи иттилоотӣ, таъсиси платформаи таҳлилӣ ва воситаҳои таҳлилии коркарди маълумоти ҳисобнома-фактураҳо бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда;

- таҳияи Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи тавсияҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маъмурикунонии андоз ва ғайраҳо;

Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав

9 март 2023 с.

9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мануел Микаллер, Туркия Умут Аҷар, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира ва Зеландияи Нав хонум Сари Мэри Уолш, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давлати мо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, пайгирона густариш медиҳад.

Сарвари давлат изҳори умед карданд, ки кишварҳои мо - бо такя ба ғояҳои волои умумибашарӣ - минбаъд низ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди худро боз ҳам тақвият бахшида, густариш хоҳанд дод.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Ирландия, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Чили, Ҷумҳурии Уганда ва Зеландияи Нав андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфиятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим изҳори сипос карда, бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуданд ва омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

7 март 2023 с.

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.

Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст.

Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад.

Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.

Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.

Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.

Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.

Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.

Далели бебаҳс аст, ки симои занони соҳибмаърифат, ҷасуру далер ва адолатпарвари тоҷик аз паси садсолаҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқамон ба мардуми мо тавону неру мебахшад.

Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст.

Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем.

Аз ҷумла ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.

Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуд.

Фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои инкишоф ва истифодаи ҳарчи бештари қобилияти занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии ҳуҷҷатҳои зикршуда мебошад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили парламент, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд.

Онҳо дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.

Ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.

Дар бунёди иншооти муҳимми аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону бонувон мебошанд.

Занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд.

Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад.

Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Яъне ҳар чӣ қадар, ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.

Дини мо, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургони мо ва табиати ҳуқуқии давлатамон моро вазифадор кардаанд, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо намоем.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои таҳсили духтарон ва афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби онҳо, хусусан, духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тамоми шароити заруриро муҳайё кардаем.

То имрӯз садҳо ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият карда истодаанд.

Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло танҳо дар соҳаи маориф ва илми мамлакат ҳазорон нафар занону духтарон муваффақона кору фаъолият доранд.

Донишомӯзии духтарон муҳимтарин манбаи рушди давлат ва неруи бузурги пешрафти ҷомеа мебошад.

Раванди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд, ки дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарону бонувони мо дар масъалаи китобхонии фарзандон, хусусан, аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд ва мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Мо ифтихор дорем, ки духтарони тоҷик дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ ғолиб омада, парчами давлати тоҷиконро баланд мебардоранд.

Модарону бонувон як масъалаи муҳимро бояд дар хотир дошта бошанд, ки мо дар асри пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо зиндагӣ дорем.

Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем.

Ман дар суханрониҳои худ борҳо хотирнишон кардаам ва ҳоло мехоҳам бори дигар бо ифтихор иброз дорам, ки модарону бонувон ва духтарони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлату миллат ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру таҳаммул, хираду тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимоди давлат ва ҷомеа будани худро борҳо исбот намудаанд.

Модарону бонувон дар ҷомеаи мо, дар ҳақиқат, неруи бузурги созанда, тарбиякунанда ва пешбаранда мебошанд.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бо эътимоди комил иброз медорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осудагии ҷомеа нақши шоистаи худро мегузоранд.

Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар ин рӯзи саид ба модарону бонувони азизи кишвар муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши шумо гузошта шудааст.

Бинобар ин, кӯшиш намоед, ки ин рисолати зиндагисозро бо масъулияти баланд дар назди имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат ба иҷро расонед.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир муносибати бисёр ҷиддӣ зоҳир кардан ба тарбияи фарзандон, аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.

Ҳамчунин, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобии паёпай, ки инсониятро бо душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ кардааст, модарону бонувони арҷмандро ҳушдор медиҳад, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард.

Дар робита ба ин, бо ифтихору қаноатмандӣ ёдовар мешавам, ки занону модарони мо ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бештар мерасанд ва ин неъмати бебаҳои бадастовардаи давлату миллатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.

Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.

Бори дигар тамоми занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

3 март 2023 с.

3 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо самти муҳими доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва омили ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нави амалӣ мебошад.

   Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тотористон - ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Федератсияи Русия, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Тақвият ва густариш додани робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи мубрам дониста шуд.

Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.   

Ҷонибҳо оид ба имкону иқтидори бузурги афзоиши гардиши мутақобила, ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самтҳо табодули андеша карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.

Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Русия таҳким мебахшад.