• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Равандҳои татбиқи Созишнома дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз

22 май 2023 с.

Рӯзҳои 18-19 майи соли 2023 бо мақсади татбиқи амалии Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки техникии беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз (минбаъд – Созишнома) намояндагони Хадамоти федералии андози Россия, Маркази асосии татбиқи инноватсияҳои илмии Хадамоти андози Россия ва Донишкадаи молияи илмӣ-таҳқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Спитса Алексей Михайлович – муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва назорати асъори Хадамоти федералии андози Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар рафти сафари хизматӣ Гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти Кумитаи андоз дар ҳайати муовини якуми Раис – Солеҳзода Аюбҷон Маруф ва муовини Раис – Раҳимзода Абдусалом, инчунин дигар мутахассисони дахлдор вохӯриҳо баргузор намуда, раванд ва тартиби татбиқи Созишнома, аз ҷумла қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати андоз ва тартиби гузаронидани санҷишҳои андозӣ, маъмурикунонии андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, андозбандии молу мулки ғайриманқул ва дигар масъалаҳои дахлдорро мавриди муҳокимаронӣ қарор медиҳад.



Ёдовар бояд шуд, ки Созишнома бо мақсади татбиқи протоколҳои 17-ум ва 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 марти соли 2023 дар доираи сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам М. В. Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Тибқи Созишнома ҷониби Россия дар солҳои 2023-2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз кумаки техникии беподош пешниҳод менамояд.

Хадамоти федералии андози Россия мутобиқи Созишнома бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” пешбинишуда, тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таҷдиди бизнес - равандҳои маъмурикунонии андоз;

- азнавкунии ҷузъҳои низоми мавҷудаи иттилоотӣ, таъсиси платформаи таҳлилӣ ва воситаҳои таҳлилии коркарди маълумоти ҳисобнома-фактураҳо бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда;

- таҳияи Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи тавсияҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маъмурикунонии андоз ва ғайраҳо.

Иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”

19 май 2023 с.

19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит бо истиқболи самимии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказиро” бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ифтитоҳ карданд.

Зимни суханронии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи масъалаҳои рушди кишварҳо пешниҳод карданд, ки Чин барои пурзӯр намудани институтикунониии минбаъдаи ин сиғаи ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба ин мақсад, ӯ изҳор намуд, ки ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард Юан ҷудо хоҳад намуд.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил кардани Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ва истиқболи гарму меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани кишварҳову мардумони мо хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкор ии кишварҳо дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад

Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.

Пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад.

Таъкид карда шуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ҳамеша кушода аст.

Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад.

Дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид.

Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд.

Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ чунин иброз доштанд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед.

Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед.

Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ”  Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.

Инчунин, як қатор механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш қабул гардиданд.

Оид ба натиҷаҳои кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.

Бо ҳамин кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ба охир расид.

Пас аз анҷоми кори Саммит Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо нишони таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ниҳоли “дӯстӣ” шинониданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

18 май 2023 с.

18 май дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” муҳокима карданд.

Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян

17 май 2023 с.

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тайи даҳ соли охир равобити шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ба сатҳи сифатан нав баромад ва ин муносибатҳо намунаи ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ мебошанд.

Таъкид гардид, ки муомилоти молӣ байни кишварҳо мунтазам афзуда, соли гузашта афзоиши он қариб 40 фоизро ташкил дод. Ин имкон медиҳад, ки ҳарду давлат дар ояндаи наздик ҳачми тиҷоратро назаррас зиёд намоянд.

Дар рафти мулоқот масоили робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ амри муҳим маънидод гардид.

Дар ин зимн, зарур шумурда шуд, ки масъалаи марбут ба додани иҷозат барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Чин ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд.

Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Мулоқот бо Комиссари Олии САҲА оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахманов

15 май 2023 с.

15 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахмановро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳоди он оид ба корҳо бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмон ошкоро ва созанда ҷараён дошта, мо кори Комиссари олиро дар таҳкими эътимоди мутақобила, иттиҳоди иҷтимоӣ ва дарки ҳуқуқи инсон қадр мекунем.

Таъкид гардид, ки сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Мулоқот бо Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангмин

15 май 2023 с.

15 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Корея баҳои баланд медиҳад. Вусъат додани муносибатҳо бо Корея самти муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад.

Дар рафти мулоқот муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ, баррасӣ шуд.

Ба нақши Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун майдони муҳимми ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид

Таҳкими ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.