• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Мулоқот бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал

5 июн 2023 с.

5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот карданд.

Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони вохӯриро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал табрику таҳният намуданд.

Қайд карда шуд, ки Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод. Инчунин дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Фонд барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби он тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад.

Сарвари давлат нақши муҳими Раёсатро дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ зикр карда, аҳамияти қарорҳои қабулкардаи Раёсатро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байни кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии об ва мушкилоти экологӣ таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҷаласаҳои раёсати Фонд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.

Дар мулоқот инчунин масъалаи ҷоннок кардани кор бо саҳмгузорон ва шарикони рушде, ки ба Фонд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, таъкид карда шуд.

Таъкид гардид, ки Фонд дар Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар моҳи марти соли ҷорӣ фаъолона иштирок кард.

Тавре маълум аст, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика низ таҳти таваҷҷуҳи доимии сарони кишварҳои минтақа қарор дорад.

Аз ин рӯ зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, афзоиши шумораи аҳолии минтақа, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишварҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва дигар масоили марбут ба обу иқлим, андешаронӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки бояд ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва усулҳои обёрӣ, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шавад.

Айни замон ҷаҳон бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ аст, ки дар баробари тағйирёбии иқлим ва дигар офатҳои табиӣ вазъи кунунии минтақаро душвор мегардонад. Ин беш аз ҳарвақта аз кишварҳои минтақа муттаҳидӣ ва муборизаи муштарак бо ин таҳдиду хатарҳоро тақозо мекунад.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими нақши Фонд дар ин раванд, саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

2 июн 2023 с.

2 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла  вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкориҳои шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт,  логистика, гидроэнергетика, энергияи сабз ва рақамикунонӣ таъкид шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуданд. Сарвари давлати мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.

Аз натиҷаи нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо изҳороти муштараки матбуотӣ қабул гардид.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер

1 июн 2023 с.

1 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо алоқаманди ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо  ҳастем. Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ идома ёфта, ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил хоҳад шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. 

Дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок хоҳад кард.

Таъкид шуд, ки пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омода буда, аз тарафи Ҳукумати кишвар барои рушди риштаи гуштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар ин бахши варзиш гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 29 -умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 май 2023 с.

28 майи соли 2023 аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 29 сол пур шуд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ”- и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон гузориш доданд.

Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 166 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз тақдим гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи нави сарҳадии “Айвоҷ”-ро, ки ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик бунёд гардида буд, ифтитоҳ намуданд. Дидбонгоҳ бо тамоми шароити муосир ва техникаҳои замонавии мушоҳидавӣ дар марзи давлатӣ таъмин мебошад.

Пас аз ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизмат ва будубоши сарбозон, маркази назорати хатти сарҳади давлатӣ, шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида, ки аллакай даҳҳо километри он дар сарҳади давлатӣ насб гардидааст, шинос шуданд.

Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд. Бояд гуфт, ки дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон бошад, гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.

Иттилоъ дода шуд, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардидааст. 

Дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат” дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда шуд.

Дар рӯзи таҷлили иди сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ  ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сарҳадии “Айвоҷ” бинои дуошёнаи истиқоматӣ бо 12 хонаро ифтитоҳ карда, ба оилаҳои хуштолеи афсарон калиди хонаҳоро тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи хонаҳо бо тамоми ашёи зарури рӯзгор ва техникаи маишӣ таъмин гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат соҳибони хонаҳои навро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик ва соҳиб шудан ба манзилҳои замонавии истиқоматӣ таҳният гуфта, онҳоро барои адои хизмати содиқона ҳидоят карданд.

Баъди ташриф ба дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои сарбозону афсарон муҳайёшуда, аз қабили хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, сартарошхона, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ шинос шуданд.

Дар ошхонаи дидбонгоҳи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозон суҳбати самимӣ доир карда, бо шароити хизмати онҳо шинос шуданд. Пешвои миллат сарбозонро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми давлат ҳидоят намуданд.  

Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” барои афсарон 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист ва ашёҳои зарурӣ бунёд гардид, ки имрӯз Сарвари давлат ба соҳибонашон калид супориданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Айвоҷ” ва дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик гузашти низомии Отряди сарҳадии “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус ва шумораи зиёди техникаҳои гуногуни низомӣ доир гардид.

Сафари гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон

26 май 2023 с.

Рӯзҳои 3-10 майи соли ҷорӣ гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини Раиси Кумитаи андоз – Раҳимзода Абдусалом (роҳбари гуруҳ), сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон - Нурзода Ҷумахона, муовини сардори Сарраёсати назорати андоз - Давлатзода Диловара, сардори Шуъбаи маъмурикунонии тиҷорати электронӣ ва мониторинги таҷҳизоти техникӣ - Садридинов Акобир, Директори КВД «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз»-и Кумитаи андоз - Бобоев Дилшод ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” - Назризода Одинамуҳаммад ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хизматӣ анҷом доданд.

Мавриди қайд аст, ки бо мақсади татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №643 тасдиқ шудааст, Лоиҳаи грантӣ “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” аз соли 2021 то инҷониб дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст.

Сафари хизматӣ бо ташаббуси Намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок татбиқ намудани ҳадафҳои Барномаи номбурда ва табодули таҷриба сурат гирифта, зимни баргузории вохӯриҳо ҷонибҳо доираи масъалаҳои гуногуни мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти андозбандӣ, инчунин доир ба татбиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт, пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон ва рушди маъмурикунонии андоз дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон, мутахассисони мақомоти андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯъҳои маъмурикунонии андозҳо аз арзиши иловашуда, фоида ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҳамзамон идоракунии хавфҳои андозӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ, ба таври автоматӣ ҷорӣ намудани назорати камералӣ дар асоси модули барномавӣ, тамғагузории молҳо, тартиби бақайдгирии расидҳои дастгоҳи назорати хазинавӣ дар замимаи мобилии “soliq” ва гирифтани кэшбек, рақамикунонии низоми мақомоти андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯнамоҳо пешниҳод намуданд.

Сафари хизматӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, дар фарҷом ҷонибҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Иштирок дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

25 май 2023 с.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Москва таҳти раёсати Президенти Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Владимир Путин сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор доштанд, ки кишварҳои аъзо ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва кишвари мо дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои номбурда ҳамасола тамоюли афзоиши босуботро касб кардааст. Ҳамин аст, ки ҳиссаи кишварҳои Иттиҳод дар тиҷорати хориҷии кишвари мо дар соли 2022 зиёда аз 42 фоизро ташкил карда, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд.  

Бо таъкиди алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳод Сарвари давлати мо бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва гидроэнергетикаро ба ҳайси яке аз манбаъҳои асосии тавлиди “энергияи “сабз” ва заминаи калидии рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун самтҳои барои ҷонибҳо манфиатовари ҳамкорӣ номбар карданд.

 Дар фарҷоми сухани худ Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои умумӣ авлавияти амалҳои мо дар сатҳи минтақавӣ муайян гардидааст ва Тоҷикистон онро минбаъд ҳам рӯйи кор хоҳад гирифт.