• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Оғози сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ

8 ноябр 2023 с.

8 ноябр Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Мулоқот бо узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми Кумитаи ҳизбии Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй

2 ноябр 2023 с.

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлати мо тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ, ҷалби технологияҳои муосир, ҳамчунин дар соҳаҳои гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳӣ зикр карданд.

Ҳамзамон, имкониятҳои мусоиди рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои ояндадори иқтисоди рақамӣ ва “сабз”, бахусус электроэнергетика ва зерсохтори он, таҷдиду сохтмони роҳҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба аҳаммияти бозсозии гузаргоҳи “Кулма-Каросу” барои ташаккули шароити мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот миёни ду кишвар ишора карданд.

Пешвои миллат алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур дар ин самтҳо иброз доштанд.

Зимнан, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи “Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур” ва Форуми соҳибкорони ду ҷонибро дар шаҳри Душанбе ба манфиати кор донистанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба робитаҳои байниҳизбӣ, ҳамчун василаи муҳимми мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ба баррасӣ гирифта шуданд.

Ду ҷониб оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

Иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

13 октябр 2023 с.

13 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.

Зимни ҷаласаи хосса ва бо иштироки ҳайатҳо сарони давлатҳо масъалаҳои кунунии ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои минбаъд низ пур намудани рӯзномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мундариҷаи амалӣ изҳори омодагӣ намуда, доир ба дурнамои рушди минбаъдаи Иттиҳод ибрози андеша намуданд.

Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои зимни ҷаласа қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ дар доираи Иттиҳод такони иловагӣ хоҳанд бахшид.

Дар заминаи масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳо ба иқтисоди миллӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар робита ба ин аҳамияти татбиқи муттасили Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030 таъкид шуд. Зимни татбиқи стратегияи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳам имконоти захиравӣ, истеҳсолӣ ва молиявии давлатҳои аъзо ва ҳам вазъи геоиқтисодию геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бояд ба назар гирифта шавад, изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешбурди иқтисоди «сабз», бахусус энергетикаи «сабз», инчунин масъалаҳои тағйирёбии иқлим самтҳои муҳими Иттиҳод боқӣ мемонанд. Дар ин замина азми Тоҷикистон барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ гардида, ба ҳамкории минбаъдаи созандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт изҳори умед карда шуд.

Пешвои миллат муҳимияти таҳкими минбаъдаи рӯзномаи фарҳангӣ ва гуманитариро таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои баргузории Форуми панҷуми олимони давлатҳои аъзои ИДМ соли оянда дар ҷумҳурӣ баён доштанд.

Дар суханронии Сарвари давлатамон ҳамчунин ба миқёси ташвишовари зиёдшавии хатару таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ба муҳимияти идома додани татбиқи амалии қарору санадҳои дар доираи Иттиҳод қабулшуда дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурати андешидани тадбирҳо оид ба таҳкими минбаъдаи заминаи меъёрии ИДМ дар бахши амният таъкид гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15 қарор ва санад қабул гардид. Раёсат дар Иттиҳод ба ҷониби Федератсияи Русия гузашт.

Баъди анҷоми кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳамин ҷо бо иштироки сарони давлатҳо маросими супоридани Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Мукофоти олӣ - Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 октябри соли 2002 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис ёфта, ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин ба дигар арбобони давлатию ҷамъиятии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил супорида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2007 барои саҳми арзанда дар таҳким ва рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таъмини сулҳи байналмилалӣ ва амният бо ин мукофоти олӣ сарфароз гардида буданд.

Ҷаласаи XXX-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози (ШҲРМА) давлатҳои аъзои ИДМ Остона, Қазоқистон 4-6 октябри соли 2023

10 октябр 2023 с.

Рӯзҳои 4-6 октябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Казоқистон ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - Ҷаласа) баргузор гардид.

Дар Ҷаласа намояндагони мақомоти андози ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамчун пойгоҳи ташкилоти давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омода, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ иштирок доштанд.



Ҳайати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷаласа Раиси Кумитаи андоз – Давлатзода Нусратулло Муқим роҳбарӣ намуд.

Дар Ҷаласа масъалаҳои маъмурикунонии андоз дар давраи иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ (рақамӣ), усулҳои таҳлили маълумоти калонҳаҷм (BIG DATA) ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рушди неруи кадрӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи низоми содакардашудаи андозбандӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд дар давлатҳои аъзои ИДМ, рафти амалигардонии Протокол оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои амалӣ намудани маъмурикунонии андоз ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

4 октябр 2023 с.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.

Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки баъди амалӣ гардидани ормони беш аз ҳазорсолаи халқамон – расидан ба истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки ба масъалаи эҳтирому гиромидошти воқеии забони модарии худ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти махсус диҳем.

Имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

Ғамхориву таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон ҳамчун сарвати бебаҳо ва нишонаи муҳимтарини истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар мунтазам меафзояд.

Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.

Ҳамчунин, мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.

Тавассути пайгирона амалӣ намудани сиёсати давлатии забон арзишҳои забонӣ ва қудрати воқеии забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон дар тафаккури ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон вусъати бесобиқа пайдо кардаанд.

Бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозиву фарҳангсолории халқамон мебошад.

Дар баробари ин, як нуктаи муҳимро таъкид менамоям.

Рушди бесобиқаи ҷаҳони муосир, махсусан, пешрафти техника ва технологияҳо ба ҳамаи самтҳои зиндагӣ ва фаъолияти одамон таъсири рӯзафзун гузошта истодааст.

Мусаллам аст, ки чунин пешравӣ бо рушди забон робитаи қавӣ дошта, ба ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби луғавии он мусоидат менамояд.

Табиист, ки баёни мафҳумҳои нави дар марҳалаи кунунии ҳаёти башар ва фарҳанги ҷаҳони муосир бавуҷудомада калимаву истилоҳоти тозаэҷод ва мувофиқро тақозо мекунад.

Дар ин ҳолат ба мо таърихи пурғановати забони тоҷикӣ, гӯйишҳо ва усулҳои бунёдии калимасозии забонамон ёрӣ расонида метавонанд.

Барои ҳалли ин масъалаҳо олимони забоншиноси мо бояд ба омӯзиши ҳамаҷонибаи гӯйишҳо, таҳқиқи таърихи забон, баргардону нашр кардани осори оламшумули давраи классикӣ аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ ва муайяну дақиқ сохтани усулҳои калимасозии забони тоҷикӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Дигар ин ки дар болоравии сатҳи забондонии аҳли ҷомеа ва пойдориву рушди забонамон луғатномаҳо нақши бузург доранд.

Дар ин самт зарур мешуморам, ки бо мақсади аз байн бурдани гуногунбаёнӣ дар истифодаи истилоҳот таҳияву тадвини луғатномаҳои соҳавӣ густариш бахшида шавад.

Анҷом додани ин кор вазифаи олимону мутахассисони муассисаҳои илмии академӣ ва донишгоҳӣ мебошад.

Онҳо бояд мутобиқи равияҳои илмиашон луғатномаҳои соҳавиро таҳия намоянд, то мо тавонем онҳоро дар сатҳи давлатӣ тасдиқ карда, барои истифодаи умум пешниҳод намоем.

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки танҳо забони ягонаи миллӣ барои амалӣ гардидани муошират дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.

Бинобар ин, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва дар ҳама ҷо ба кор баранд.

Зеро танҳо забони адабӣ ҳамчун воситаи муошират ва робитаи байниҳамдигарии як ҷомеаи мустақили забонӣ мардумро дар доираи як воҳиди маъмурӣ ва як кишвар муттаҳид месозад.

Мо бояд ба масъалаи омӯзонидани забон ба фарзандонамон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ сар карда, то дигар зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳем ва ба кӯдакон аз хурдӣ талқин намоем, ки донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар – Ватан ва ифтихори милливу ватандорӣ шуморида мешавад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавонони иштироккунандаи озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле хуб ва умедворкунанда мебошад.

Мо бояд ин падидаи некро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем ва барои наврасону ҷавонон шароиту имконияти боз ҳам беҳтар муҳайё созем.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки дар шароити имрӯза забондонии ҷавонон яке аз масъалаҳои бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

Танҳо ҷавононе, ки забони давлатии худро дар сатҳи аъло медонанд ва забонҳои хориҷиро дар асоси он хуб аз худ мекунанд, метавонанд дар раванди ҳамгироӣ бо тамаддуни ҷаҳон фаъол бошанд ва илму донишҳои замонавиро мутобиқи талаботи замонаи пешрафт омӯзанд.

Хотиррасон менамоям, ки талабот ба кадрҳои забондон торафт меафзояд, зеро рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вусъат гирифтани ҳамгироиву ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, тарҷумаи осори пешқадами халқҳои дунё, омӯхтани илму фарҳанги ҷаҳони муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар кишвар маҳз бо ҷалби ҷавонони забондон амалӣ мегардад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки забон нишондиҳандаи асосӣ ва гувоҳи ҳастии ҳар як миллат мебошад.

Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад.

Чунки ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, расму ойин, суннату анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу маънавиёти миллӣ дар забони зиндаи он инъикос ва таҷассум меёбад ва аз насл ба насл дода мешавад.

Воқеан, ҳамин забони ширину шевои тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати моро бо неруи ҳаётбахши худ зинда нигоҳ доштааст, сарҷамъу муттаҳид кардааст ва ба даврони босаодати имрӯза расонидааст.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбат зуҳуроти манфии таъсиргузор, пеш аз ҳама, ба забону фарҳанг, аз ҷумла либоси миллӣ низ доранд.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгори нодири аҷдоди тамаддунсози ориёии худ ва мисли гавҳари гаронбаҳотарини ҳаётамон ҳифзу эҳтиёт кунем ва онро ба наслҳои ояндаи миллати ориёинажоди тоҷик дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузорем.

Дар баробари ин, дар хотир бояд дошт, ки эҳтироми забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни кулли башар ва омили муҳимми таҳкими ҳамгироиву ҳамкорӣ миёни халқҳои гуногун мебошад.

Гузашта аз ин, дар замони ҷаҳонишавӣ мустаҳкам   намудани пояҳои забони давлатӣ тавассути иҷрои яке аз вазифаҳои муҳим – амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забон роҳи асосии рушди забони давлатӣ мебошад.

Бовар дорам, ки ба ин масъалаи басо муҳим на танҳо масъулин, балки ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва ҳамватанони азизамон минбаъд низ бо ҷиддият ва масъулияти баланд муносибат мекунанд.

Мардуми кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон – ворисони мероси бузурги забонӣ, илмӣ ва фарҳангиву маънавии халқамон як нуктаи бисёр муҳим ва далели нодири таърихиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд: осори ҳанӯз 1100 сол, яъне ёздаҳ аср пеш эҷодкардаи султони шоирони Аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро имрӯз ҳар як тоҷик бе ягон мушкиливу заҳмат мехонаду мефаҳмад.

Гӯё, ки устод Рӯдакӣ ҳамзамони мо бошад.

Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷойе, ки бошем, талош намоем.

Бо ифтихор аз забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Вохӯрии Муовини Раиси Кумитаи андоз бо Директори муштараки Донишкадаи Вена (JVI)

1 октябр 2023 с.

Санаи 26 сентябри соли равон Директори Донишкадаи муштараки Вена (JVI) Эрве Жоли ва Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наиля Менляшева ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муовини Раиси Кумитаи андоз Маликзода Нарзулло Саймиддин аз меҳмонон пазироӣ намуда, ҷиҳати ташриф овардан ба Кумитаи андоз изҳори миннатдорӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба курсҳои омӯзишии Донишкадаи муштараки Вена (JVI) муҳокимаронӣ карда, масъалаи васеъ намудани ҳамкории Донишкадаи муштараки Вена (JVI) бо Кумитаи андозро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки дар тули солҳои охир як қатор кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои Донишкадаи муштараки Вена (JVI) таълим гирифтаанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва самаранокии фаъолияти касбии онҳо мусоидат намудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби Маликзода Н.С пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии таълимгирандагон, шумораи курсҳои тахассусӣ зиёд карда шаванд, махсусан оид ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сиёсати андоз, андозбандии байналмилалӣ ва рақамикунонии соҳа.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо қаноатмандии худро аз вохӯрӣ изҳор дошта, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.