• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк - Валтер Штайнмайер

29 сентябр 2023 с.

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон ва имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ андешаронӣ намуданд.

Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Инчунин Сарвари давлат оид ба имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷудаи кишвар ва инчунин самтҳои афзалиятноки мутақобилан судмандро таъкид намуданд.

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

20 сентябр 2023 с.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ифтитоҳ кард.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар сиғаи “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои кишварҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ мекунад.

“Дар заминаи вазифаи таъхирнопазири пешбурди “иқтисоди сабз” Тоҷикистон ба рушди энергетикаи сабз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, таъкид карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рушду пешрафти кишварҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, андешаронӣ карданд. 

Дар баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаи афзоиши таҳдиду хатарҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иқтидори логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марз бо Афғонистонро барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии кишвари ҳамсоя пешкаш намуда, нерӯи барқ ва тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ, ки фаъолиятиашон аз нав ба роҳ монда шуд, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ содирот мекунад. 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки субот дар Афғонистон омили муҳими рушди робитаҳои байниминтақавӣ мебошад аз ин рӯ, мо манфиатдор ҳастем, ки сулҳу субот дар ин кишвар ҳарчи зудтар барқарор шавад.

 Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули Эъломияи ин ҳамоишро ҷонибдорӣ мекунем.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Вохӯри и сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” Эъломияи сарони давлатҳо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.

Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

14 сентябр 2023 с.

14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард.

Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат баргузор шуд.

Сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, иштирок карданд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақаро баррасӣ намуда, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа мавриди назар қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни Вохӯрӣ - Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар  меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказӣ пайваста ва босубот ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин кӯшишҳо баҳравар мегарданд.

Асоси вохӯриҳои машваратии моро муколамаи боварибахш, ошкоро, созанда, инчунин ҳалли мувофиқашудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки давоми панҷ соли сипаришуда давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин аз бебозгаштии раванди табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи устувор, аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки вохӯрии ҷашнии машваратии имрӯза боз як тасдиқи иродаи қавии сиёсии кишварҳо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати халқҳои бародар хоҳад буд.

Тоҷикистон ташаббускори дар ҳошияи Вохӯрии машваратии Сарони давлатҳо бо кӯмаки кишварҳои минтақа баргузор намудани як силсила чорабиниҳои рӯзмарра гардид.

Дар рафти омодагӣ ба вохӯрии навбатӣ қариб панҷоҳ чорабинӣ доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузор кардани ин чорабиниҳо - дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаҳои таъмини суботи минтақаӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар чунин шароит мо бояд якҷо ва дар ҳамдастӣ кор намоем.

“Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили бехатарӣ шарти муҳимтарини бомуваффақият ба амал баровардани нақшаву иқдомҳои созандаи мо аст”, - изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи робитаҳои дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва инфрасохтор, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, барои таъмини амният дар фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ таъсис додани Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сарони давлатҳо барои дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон дар давраи сиёсат изҳор сипос намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи баргузор кардани Вохӯрии навбатии шашуми машваратӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суханронӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш ва натиҷаҳои кори кишвари мо дар давраи раёсат баҳои баланд дода, барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

Баъди баромади Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо навори видеоӣ муроҷиат кард.

Дар кори ҳамоиш аз ҷониби Сарони давлатҳо Изҳороти муштарак аз натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ҷамъбаст намуда, бори дигар иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҳошияи кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ 2 санади навро имзо карданд:

- Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ,

- Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон.

Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз руи натиҷаҳои кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷ бо изҳорот баромад карданд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд

9 сентябр 2023 с.

9 сентябр дар  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд боздид намуданд.

Масоҳати умумии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар роҳравҳои марказии он намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардид.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар намоишгоҳи сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзол ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст, оҳангарон, дуредгарон, либосҳои миллии занона ва мардона гушаҳои дигари намоишгоҳро зебу зиннат доданд.

Дар гушаҳои алоҳидаи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун, оши палов, нонҳо ва шириниҳои ҳархела омода ва пешкаш гардид.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ барои фароғати меҳмонон барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ва баромади ҷавонону наврасони риштаҳои гуногуни варзиш таҳия ва намоиш дода шуд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо дастовардҳои арзандаи сокинони вилояти Суғд, ки дар гушаҳои алоҳида бо нақшу нигор ва тарҳи зебо омода гардида буд, шинос шуданд.

Сокинони вилояти Суғд дар маҷмуъ 1500 тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро ба пойтахт оварда, дар намоишгоҳ ба маъраз гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон ва саноатчиёни вилоят суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба афзоиши истеҳсоли маҳсулот, ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бастабандӣ кардани молҳо, истифодаи самараноки заминҳо, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат ҳидоят намуданд.

Дар намоишгоҳ ба масъалаи ҷамъоварӣ, коркард ва ба бозор баровардани нушобаҳою консерваҳо аз меваю алафҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, зеро таъму сифати ин гуна маҳсулоти шифобахш баланд буда, талабот ба онҳо дар бозори ҷаҳон бисёр аст.

Дар роҳравҳои боғ намояндагони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ миқдори зиёди картошка, пиёз, каду, тарбузу харбуза ва меваҷотро пешкаши меҳмонон карданд.

Дар як гӯшаи боғ коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-и вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ ва маҳсулоти аз онҳо омодашударо пешкаш намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар дарёчае, ки аз ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегузарад, даҳ ҳазор адад моҳичаи навъи “амури сафед” сар доданд.

Дар қисми дигари боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Дар ин ҷо асосан маҳсулоти гуногуни корхонаҳои саноатӣ, меваю сабзавоти бозорҳои пойтахт ва маҳсули дасти ҳунармандон ба маъраз гузошта шуда, барномаҳои варзишӣ, ҳунарнамоии аҳли фарҳанги пойтахт ва намунаи зебои сару либоси миллӣ пешкаш гардид.

Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосию стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ба хотири татбиқи он Барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат барои солҳои 2020-2025 қабул гардида, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид.

Бояд гуфт, ки дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи саноат нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки тибқи он бояд давоми солҳои 2022-2026 100 корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода шавад. То имрӯз дар доираи иҷрои ин чорабиниҳо 25 корхона бунёд ва ба истифода дода шуда, бунёди 50 корхонаи дигар идома дорад.

Дар 5 соли охир дар пойтахт бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои татбиқи 5 лоиҳаи инвеститсионӣ 3 миллиард сомонӣ ҷалб карда шудааст.

Дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” дар пойтахти мамлакат сохтмон ва таҷдиду азнавсозии 71 коргоҳу корхонаҳо бо таъсиси 5193 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, соли гузашта 26 корхона ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 10 корхона ба истифода дода шуд. Дар 8 моҳи соли 2023 749 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Инчунин соли 2023 дар корхонаҳои шаҳр 1195 ҷойи кор, аз он 1045 доимӣ, 46 муваққатӣ ва 103 мавсимӣ ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти баландсифати корхонаҳои саноати хӯроквории шаҳри Душанбе шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли маводи бозоргузар ва таъмини бозорҳо бо он дастуру супоришҳо доданд.

Баъди боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҷиҳати ташкили сатҳи баланди намоишгоҳ ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ баҳои арзанда доданд.

Дар сатҳи баланд баргузор кардани намоишгоҳ нишонаи серию пурии мардуми тоҷик ва фаровонҳосилии зироатҳои ғалладонагӣ, полезӣ ва сабзавоту меваҷот мебошад, ки бо заҳмати марди деҳкон бо истифодаи пурсамар аз заминҳои кишоварзӣ ба даст омадааст.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни муқаддаси истиқлоли давлатӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.

Суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

8 сентябр 2023 с.

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Ҳозирини гиромӣ!

Ин лаҳзаҳо тамоми мардуми шарифи тоҷик дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 32-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар таърихи навини кишварамон санаи муҳимтарину сарнавиштсоз мебошад, қарор доранд.

Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд.

Мо имрӯз, ҳамчунин, яке аз санаҳои таърихӣ – 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошанд, ботантана ва бо шукрона аз давлати соҳибихтиёрамон таҷлил менамоем.

Ба ифтихори ин ду ҷашни бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шумо – афсарону сарбозони диловари Ватанро, ки ҳоло дар ин майдон саф оростаед, самимона табрику шодбош мегӯям.

Расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аввалин чорабиние мебошад, ки бо иштироки ҳомиёни Ватан дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат баргузор мегардад.

Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои расидан ба ормони ҳазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи даҳшатбор ва бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Вале мардуми кишвари мо ба шарофати хиради азалии худ ва бо азму иродаи қавӣ аз он имтиҳони фоҷиабор гузаштанд ва ба аҳли башар нишон доданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд, Ватани хешро аз ҳар гуна мушкилоту озмоишҳо раҳоӣ бахшанд ва онро ободу пешрафта гардонанд.

Дар чунин давраи ниҳоят ҳассосу пурошӯб ва тақдирсози таърихи миллат, яъне дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон фарзандони содиқи Ватан – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати барҷаста анҷом доданд ва садоқати худро ба миллат ва давлат ба исбот расониданд.

Дар ин лаҳзаҳои идона мехоҳам иброз намоям, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияту осоиш ба шарофати матонату ҷасорат ва фидокориву ҷонбозиҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шуд ва мо ба чунин рӯзҳои нек расидем.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, ба ҳар як сарбозу афсари Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи собиқадорони муҳтарами ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни кишвар ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунанд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд.

Дар баробари ин, мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоятгарони оромӣ, субот, амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакатро мебинанд.

Эътимоди давлат ва умеди мардум хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор месозад, ки дар навбати аввал, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва бо дарназардошти вазъи мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии мамлакат амалӣ карда истодааст.

Боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон, ташкили инфрасохтори муосир ва дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома дода мешавад.

Зеро вазъияти минтақа ва ҷаҳон талаб мекунад, ки мо ба ҳалли ин масъалаҳо эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намоем.

Торафт вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ ва радикалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва илова бар ин, мусаллаҳшавии бошитоб ва шиддат гирифтани «ҷанги сард» имрӯзҳо сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.

Фаромӯш накунед, ки Ватан нангу номус ва шарафу иззати инсониву ҷавонмардии ҳар яки шумо мебошад.

Коршиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки эҳтимоли шиддати бештар пайдо кардани чунин вазъият дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда вуҷуд дорад.

Роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро зарур аст, ки дар шароити бавуҷудомада ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Шумо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки хизмат ба Ватан – хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки шумо бояд Ватанро баробари ҷони худ, мисли модар ва фарзандони худ дӯст доред, онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз кунед.

Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки аз мухолифату нооромӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳисороти бузурги ҷониву моддӣ дидааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳон, зиндагии бидуни ҷанг ва танҳо бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъ мебошад ва ин мавқеи худро борҳо эълон кардааст.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар сурати таъмин будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имкон дошта метавонад.

Бовар дорам, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба савганди ҳарбӣ, ба давлат, миллат ва Ватани худ минбаъд низ содиқ монда, вазифаҳои бадӯшдошта ва рисолати муқаддаси хеш, яъне ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва зиндагии орому осудаи халқи азизи кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Бори дигар тамоми мардуми сарбаланди тоҷик, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 32-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон осоишу иқболи нек, ба афсарону сарбозони далери Ватан саломатӣ ва иродаи матини ҷавонмардона орзу менамоям.

Пояндаву ҷовидон бод истиқлолу озодии Тоҷикистон!

Шараф ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

4 сентябр 2023 с.

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов мулоқот доир намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид намуданд.

Дар ин замина ба густариши босамари робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон -  яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Федератсияи Русия, изҳори алоқамандӣ карда шуд.

Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд.

Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ ва кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номбар шуданд.

Ҷонибҳо имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила,   ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самтҳо қайд карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, инчунин, алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.

Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Раиси Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Русия таҳким хоҳанд бахшид.