• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара

1 сентябр 2023 с.

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.

Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС Иншоот” буда, лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” таҳия гардидааст.

Донишгоҳ аз таҳхона ва 4 бинои ба ҳам пайваст иборат буда, қисми марказӣ аз 9 ошёна, ду бинои паҳлуӣ аз 7 ва қисми сеюм аз 3 ошёна иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир намуда, ба истифода супоридани бинои хуштарҳи муосирро ба онҳо таҳният гуфтанд. 

Таъкид гардид, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар қисми маъмурӣ раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ бо  толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, осорхонаи марказӣ, марказу шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.

Дар ошёнаҳои аз 4-ум то 6-уми бино кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ, ҷомеашиносӣ, химия, биологияи тиббӣ, физикаи тиббӣ ва информатика, фармакология, микробиология, беҳдошт ва вогиршиносӣ мавҷуд мебошад.

Бинои асосии донишгоҳ дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии он 25 ҳазору 956 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 ҳазору 787 метри мураббаъ  масоҳати муфиди таълимӣ аст. 

Дар бинои навбунёд 194 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон ва 80 синфхонаи таълимӣ, дар умум беш аз 2000 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толорҳои маҷлисӣ ва лексионӣ бошад, 12 ададро ташкил медиҳад.

Толори бошукуҳи маҷлисӣ ва фарҳангии донишгоҳ дорои 1100 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст. Масоҳати умумии толори мазкур  1 ҳазору 164 метри мураббаъро дар бар мегирад. Минбаъд тамоми чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатии донишгоҳ дар ин толори муҳташам баргузор карда мешаванд.

Ҳоло дар донишгоҳ 4 марказ-Маркази таҳсилоти баъд аз дипломӣ, Маркази омӯзиши симулятсионӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва Маркази ягонаи тестӣ амал менамояд. Маркази омӯзиши симулятсионӣ, ки дар ошёнаи дуюми бинои асосӣ ҷойгир аст, бо муосиртарин дастгоҳҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дастгоҳҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.

Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини маводи таълимӣ барои донишҷӯён ва  мунтазам ғанӣ гардонидани фонди китобхона ба шумор меравад. Толори хониши китобхонаи донишгоҳ 160 ҷои нишаст дошта, аз адабиёти гуногуни илмиву дарсии ин ганҷинаи бебаҳо донишҷӯён босамар истифода мебаранд.

Дар фонди китобхонаи донишгоҳ 33 ҳазору 269 нусха китоб мавҷуд аст, ки 29 ҳазору 940 нусхаи онро адабиёти таълимӣ ташкил медиҳад. Дар фонди китобхона инчунин, адабиёти электронӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки шумораи он аз 75 ҳазору 474 маводи таълимию методӣ ва илмӣ иборат мебошад.

Дар китобхонаи электронӣ, ки 150 ҷои нишаст дорад, адабиёти гуногун, аз ҷумла асарҳои олимони тоҷик дар соҳаи илми тиб ва адабиёти соҳавии хориҷӣ ба таври электронӣ ба донишҷӯён пешкаш мешавад. Дар умум, бо дарназардошти шумораи имрӯзаи донишҷӯёни донишгоҳ, таъмини онҳо бо китоб ва маводи таълимӣ вобаста ба забони таҳсил, тоҷикӣ ва русӣ ба меъёр мувофиқ аст.

Бинои таълимии рақами 1, ки аз таҳхона ва шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0,5 гектар сохта шудааст. Масоҳати умумии бинои нави таълимӣ 3 ҳазору 814 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки масоҳати муфиди он 2 ҳазору 451 метри мураббаъ мебошад. Дар бинои таълимӣ 16 синфхона, 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо 318 ҷои нишаст ва як толори барҳавои лексионӣ бо 100 ҷои нишаст барои таълими донишҷӯён мавҷуд аст.

Дар бино кафедраҳои тиббӣ - назариявӣ, ки асосан донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3 таълим мегиранд, ҷойгир карда шудааст. Аз ҷумла, кафедраҳои заминавӣ ба монанди анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ, гистология ва тибби судӣ.

Дар шафати бинои асосӣ ва таълимии донишгоҳ дар масоҳати 1083 метри мураббаъ ошхонаи барҳаво бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Дар ошхона имкон аст, дар як вақт ба 300 нафар хизмат расонида шавад. Ошхона бо таҷҳизоти нонпазӣ, омода кардани хӯрок ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Илова бар ин, дар таҳхонаи бино низ дар масоҳати 600 метри мураббаъ барои 200 ҷои нишаст ошхона сохта шудааст. 

Ҳамин тариқ, дар бинои асосӣ ва бинои таълимии навбунёд ҳамагӣ  96 синфхонаи барҳаво бо 2 ҳазору 388 ҷои нишаст, 1 толори фарҳангӣ ва 13  толори маҷлисию лексионӣ бо 2 ҳазору 290 ҷойи нишаст, ки дар умум 4 ҳазору 678 ҷои нишастро ташкил медиҳад, барои таълиму тарбияи донишҷӯён шароити арзандаро фароҳам овард. Инчунин, дар ин биноҳо 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидаанд.

Бо дарназардошти имконияти шумораи синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва толорҳои лексионӣ, дар донишгоҳ имкон аст, ки 5 ҳазор нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуд.

Дар ин замина 31 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара оғоз бахшиданд.

Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда, дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва клиникаи донишгоҳӣ бунёд мегардад.

Бо бунёди биноҳо ва таъсиси маҷмаа дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки дар масоҳати беш аз 22 гектар ҷойгир мешавад, барои таҳсили зиёда аз 5000 нафар донишҷӯён шароити арзандаи илмомӯзӣ фароҳам оварда мешавад.

Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад. Имсол аз ташкилшавии донишгоҳ 7 сол пур мешавад ва ҳоло ин боргоҳи илму хирад дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Тӯли солҳои 2016 - 2023 заминаи моддӣ - техникии донишгоҳ  марҳила ба марҳила таҳким ёфтааст. Айни замон дар донишгоҳ омӯзгорону донишҷӯён аз компютерҳои фардӣ, ноутбук, принтер ва сканер, проекторҳои мултимедӣ, тахтаҳои электронӣ, дастгоҳу таҷҳизот ва аёниятҳои замонавии таълимию таҷрибавӣ дар раванди таълим васеъ истифода мебаранд.

Бо мақсади таъмин намудани донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷои истиқомат дар шафати биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хобгоҳи замонавии донишҷӯён сохта шудааст. Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра бо фарогирии 800 ҷои хоб иборат мебошад, ки барои истиқомат, омода кардани дарс ва фароғати донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Имконияти муосири илму касбомӯзӣ дар донишгоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири аз бар намудани донишҳои замони имрӯза, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва пешрафти илми тибби тоҷик фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи нақшаи генералӣ бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 2 марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи якум бинои хобгоҳи донишҷӯён, бинои асосӣ, бинои таълимии №1 ва бинои охшона имрӯз пурра татбиқ шуд.

Дар марҳилаи дуюм бошад, сохтани биноҳои таълимии №2 ва 3,  манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳи донишҷӯён, Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ, бинои виварий, майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ, толори лексионӣ ва бинои клиникаи донишгоҳӣ дар назар дошта шудааст.

Яке аз хусусиятҳои муҳим дар муассисаи олии тиббӣ он аст, ки дар биноҳои таълимӣ танҳо донишҷӯёни курсҳои аз 1 то 3 таълим мегиранд, донишҷӯёни курсҳои аз 4 то 6 бошанд, дар кафедраҳои клиникӣ, ки дар ҳудуди беморхонаҳои клиникӣ ҷойгиранд, фанҳои тахассусӣ - касбиро аз худ мекунанд.

Дар давоми бештар аз 6 сол омӯзгорони донишгоҳ дар шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ 8 рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, ки аз ин 2 кори докторӣ ва 6 кори номзадӣ мебошад.

Аз соли 2017 инҷониб зиёда аз 940 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 68 то дар маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ тақризшаванда, 6 монография, 4 ихтироот, 25 пешниҳоди навоварӣ, 12 китоби таълимӣ ва зиёда аз 45 дастури методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидааст. Дар баробари ин, аввалин рӯзномаи “Пайки Шифо” ва маҷаллаи илмӣ-амалии “Симурғ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли 2019 таъсис дода шуд ва соли 2021 ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. 

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ ба донишгоҳ муяссар гардидааст, ки аввалин шартномаи байналмилалии ҳамкориро моҳи апрели соли 2017 бо Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонад.

Аз соли 2018 инҷониб ҳамкориҳои босамари Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо Мактаби байналмилалии тиббии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал–Форобӣ, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ-туркии ба номи Хоҷа Аҳмад Ясавӣ, Донишгоҳи тиббии Карагандаи Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Донишкадаи давлатии стоматологии Тошканди Узбекистон, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи илмҳои тиббии Кобул, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабири ИМА, Донишгоҳи тиббии Софияи Булғористон, Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи давлатии тиббии  Гурҷистон  ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми фаъолияти донишгоҳ донишҷӯёни ин даргоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, илмию фаннӣ, маърифатию зеҳнӣ ва фарҳангию варзишӣ  ширкат варзида,  дар натиҷа  18 ҷои аввал, 22 ҷои дуюм, 27 ҷои сеюм, 13 ҷои ифтихорӣ ва 7 дипломҳои дараҷаи 1 ва 2 дар конфронсҳоро ба даст овардаанд.  Хусусан, соли 2021  8 нафар донишҷӯ дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок карда, дар даври  ниҳоӣ  2 нафар ҷойи 2-юмро соҳиб шуданд. Дар соли 2023 бошад, як нафар олими ҷавони донишгоҳ аз рӯи номинатсияи ихтроъкорӣ ғолиби ҷои сеюм дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” гашт.

Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ низ назаррас аст, аз ҷумла дар солҳои 2020 - 2023 дар олимпидаи маҷозии  байналмилалии муассисаҳои таълимии тиббӣ, ки дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошкант баргузор шуд, донишҷӯёни донишгоҳ ба дарёфти 4 ҷои 1-ум,  9 ҷои дуюм ва 19 ҷои сеюм ва ба мақомҳои ифтихорӣ  мушарраф шудаанд.

Қобили қайд аст, ки хатми аввалин дастпарварони ин донишгоҳ аз соли 2022 шуруъ шудааст. Дар ин муддат 747 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрия” ва “Стоматология”   Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро хатм намуданд, ки 79 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Аз қомат афрохтани бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба симои маркази ноҳияи Данғара зебоии хосса зам гардид. Саҳн ва атрофи иншоот сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ ва ҳамешасабз зиннат дода шудааст.

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ин бинои муҳташами замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва дар арафаи таҷлили 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Устодони донишгоҳ изҳор доштанд, ки барои таъмини солимии ҷомеа аз тамоми дониш ва маҳорати касбнамудаи хеш босамар истифода менамоянд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30 август 2023 с.

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёд ва эъмори давлатдории миллии мо мебошад.

Таъкид гардид, ки соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки тайи зиёда аз се даҳсола барои таъмин намудани пешрафту ободӣ ва боз ҳам инкишофу тараққиёти кишвари маҳбубамон хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонем.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати содиқонаи фарзандони далеру шуҷоъ - хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки онҳо дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати касбии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба давлат ва халқи Тоҷикистон дар тӯли даҳсолаҳои гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба таври сазовор қадрдонӣ шудааст ва имрӯз низ даҳҳо нафар фарзандони содиқи Ватан бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

“Ман ба эҳсоси баланди ватандӯстии ҳар ҷавони мамлакат бовар дорам ва аз он ифтихор мекунам, зеро онҳо ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд”, - таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои беҳтар гардидани шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои зикршуда то имрӯз ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Таъсис гардидани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии Ҳукумати мамлакат мебошад. Мақсад аз сарфарозгардонӣ бо ҷоизаҳои зикршуда дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандгардонии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти босамари эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили усули таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён нигаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳар як солгарди истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории тамоми афроди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол такону нерӯи тоза мебахшад.

Изҳори итминон карда шуд, ки шаҳрвандони мамлакат дар оянда низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллиамон саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ, соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.

Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, бо ордени Спитамен дараҷаҳои I ва II, ордени Шараф дараҷаи II, бо медалҳои Ҷасорат, Хизмати шоиста, Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон”, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 19 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 20 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо орденҳои Спитамен дараҷаҳои I ва II, 7 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 25 нафар бо медали Ҷасорат, 105 нафар бо медали Хизмати шоиста, 7 нафар бо медали Шафқат ва 11 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз шуданд.

Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад.

Дар маросими мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 15 нафар сарфароз карда шуданд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.

Ташрифи кории коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникӣ оид ба татбиқи амалии барномаи идоракунии хавфҳои андозӣ

29 август 2023 с.

Рӯзҳои 7 - 11 августи соли равон коршиноси байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ Халед Ал-Корек дар доираи Барномаи кӯмаки техникӣ, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Мақсади ташриф ин ҳамкорӣ бо мутахассисони Кумитаи андоз ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи Барномаи идоракунии хавфҳои андозӣ буда, аз ҷумла самтҳои зеринро дар бар мегирифт:

- гузаронидани ҷаласаҳо барои муҳокима ва табодули маълумот оид ба системаи идоракунии хавфҳо: аудит, механизми баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, интихоби андозсупоранда дар асоси таҳлили хавфҳо, инчунин идоракунии қарз, системаи дастгоҳҳои назоратӣ хазинавӣ ва ғайра;

- муҳокимаи тартиботи ҷорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ.

Вохӯрии мазкур бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии модули нави компютерии «Интихоби субъектҳо барои мақсадҳои аудитӣ дар асоси таҳлили хавф» ташкил карда шудааст.

Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини якуми Раиси Кумитаи андоз дар доираи таҳия ва татбиқи методологияи хавфҳо ва модули нав баромад намуда, маълумотҳои заруриро ба таваҷҷуҳи коршиносон расонид.

Қобили зикр аст, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ метавонад ба мақомоти андоз барои коҳиш додани хароҷоти амалиётӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият мусоидат намояд ва дар навбати худ иҷрои қонунгузории андозро аз ҷониби андозсупорандагон беҳтар созад.

Боздид аз Намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Қазоқистон

26 август 2023 с.

26 август дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев сурат мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар - Остона, Алмаато ва Шимкент аз 26 то 28 август баргузор мегардад.

Барои доир кардани намоишгоҳ наздики 3 ҳазор тонна молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути зиёда аз 60 мошини боркаш ба шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон интиқол дода шудаанд.

Дар намоишгоҳ-ярмаркаи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноати хурокворӣ ба монандӣ нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра пешниҳоди шаҳрвандони Қазоқистон карда мешавад.

Инчунин, ҳунарҳои мардумӣ аз ҳама минтақаҳои кишвар дар намоишгоҳ-ярмарка пешкаш мешавад.

Ҷиҳати муаррифии расму оини миллати тоҷик, нигораҳои миллӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, либосҳои миллии занона ва мардона муаррифӣ мегарданд.

Ҳамзамон, дар се шаҳри калони Қазоқистон гушаҳои таомҳои миллӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун ва нонҳои ҳархела омода ва пешкашӣ сокинону меҳмонони чорабинӣ карда мешавад.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ ва ярмарка фурӯши молу маҳсулот, барои фароғати меҳмонон ва ҷиҳати муаррифии фарҳанги кишвар, барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Майдони умумии намоишгоҳ-ярмарка дар шаҳри Остона 7 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат 40 хаймаи барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардидаст.

Дар шаҳри Алмаато дар масоҳати 1 гектар намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди майдони намоишгоҳ 10 адад хайма барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ сохта шудааст.

Масоҳати замини намоишгоҳи Тоҷикистон дар шаҳри Чимкент бошад, 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 16 хайма барои маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта гардидааст.

Баргузории чорабиниҳо агар аз як ҷониб шиносоии фарҳангу маданияти бою қадимаи тоҷик ва муаррифии дастовардҳои миллати тамаддунофари тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф омили муҳими таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастгирии бевоситаи Сарони ду давлат амалӣ мешавад.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов

21 июл 2023 с.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.  

Дар ин зимн бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол миёни ду кишвар зикр гардид. Дар ин раванд гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора карданд. Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.

Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. 

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ иброз доштанд.

Сарвари давлати мо аҳаммияти кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таъкид карданд.

Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмӯи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намуданд.

Иштирок дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ

19 июл 2023 с.

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими ҳарамайни шарифайн Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ва Валиаҳд, Раиси Шӯрои Вазирони Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон барои даъват ба нишаст ва меҳмоннавозӣ миннатдории худро изҳор намуда, ҳамзамон ҷониби Арабистони Саудиро барои сатҳи баланди ташкилӣ ва бомуваффақият баргузор намудани мавсими Ҳаҷ дар соли ҷорӣ табрик гуфтанд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлати мо аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудааст.

Дар ин замина дар баробари тамаркузи таваҷҷуҳ ба аҳамияти роҳандозии муколамаи стратегӣ дар чорчуби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ”, омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, аз ҷумла дар доираи “Нақшаи амали муштарак барои солҳои  2023-2027” изҳор гардид.

Зимни суханронӣ аҳамияти чунин бархурд ҳамчун заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас таъйид гардида, истифодаи иқтидори ниҳодҳои молиявӣ ва фондҳои рушди кишварҳои Халиҷ ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар ин раванд муҳим дониста шуд.

Соҳаҳои энергетика, саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин кишоварзӣ, бонкдорӣ, туризм, иқтисоди рақамӣ, самтҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва транзитиву нақлиётӣ аз ҷумлаи бахшҳои авлавиятнок дар раванди татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ номбар шуданд.

Дар ин зимн, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷ ба рушди “энергетикаи сабз” махсус таъкид гардид.

 Президенти кишвар, ҳамчунин, атрофи дигар самтҳои ояндадори ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза, татбиқи лоиҳаҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳаммияти минтақавӣ, сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани  муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ изҳори назар карданд.

 Дар баробари ин тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаи гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш аз василаҳои босамари таҳкими дӯстӣ ва наздикии мардумони кишварҳои ду минтақа дониста шуд.  

Зимни таъкиди тамоюли шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои глобалӣ, Сарвари давлати мо масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди назар қарор доданд.  Дар ин росто ба масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

 Президенти Тоҷикистон аз роҳандозии тамосҳои бештар зич дар ҳалли масоили номбурда ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда дар ин самт бо кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд.

 Аз рӯйи натиҷаҳои вохурӣ Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ қабул гардид.