• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг

20 июн 2023 с.

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисию табобатӣ дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов дар давоми 7 моҳ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.

Ҳайати омӯзгорони доимӣ 45 ва муваққатӣ бошанд, 22 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо дорои малакаи баланди касбӣ ҳастанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази ташхисию табобатии ноҳияи Ховалинг беш аз 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин бисёр намуди таҳлилҳоро гузаронанд.

Ҳар як ҳуҷра ва нуқтаҳои хизматрасонии Маркази ташхисию табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи беморон фароҳам аст.

Таҷҳизоти маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг муосир буда, аз хориҷи кишвар ворид гардидааст.

Ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ 8 намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад.

Ҳамчунин дар марказ барои қабули беморон 10 кати хоб мавҷуд мебошад.

Ҳадаф аз таъсиси марказ дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ва гузаронидани машғулиятҳои донишҷӯён мебошад.

Акнун аз хизматрасонии марказ ҳам сокинони ноҳия метавонанд васеъ истифода намоянд ва ҳам донишҷӯёни коллеҷ таҷрибаомӯзӣ кунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар маркази нави ташхисию табобатӣ баҳои арзанда дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос роҳнамоӣ карданд.

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин

19 июн 2023 с.

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳаммияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

 Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.

Дар баробари ин Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд карданд.

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава

12 июн 2023 с.

12 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакаваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд давоми 25 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷаноби Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт. Инчунин рушди соҳаи энергетика ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи самтҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд арзёбӣ гардиданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн 2023 с.

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шуда, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон санги асоси бузургтарин масҷиди ҷомеи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки баъди гузоштани санги асоси бунёди иншоот мутахассисони варзидаи соҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар пас аз омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷониба лоиҳаи Масҷиди ҷомеи марказии Душанберо таҳия карданд.

5 октябри соли 2011 корҳои сохтмони иншоот оғоз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи бунёди масҷиди ҷомеъ ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзиданд.

Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст.

 Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.

Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст.

Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.

Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ  ҷойгир шудааст.

Намои берунаи бинои иншоот 62393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст.

Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст.

Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.

Қобили таъкид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳову даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороиши дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст.

Ин на танҳо як масҷид, балки пойгоҳи замонавии фарҳангу таърихи исломӣ буда, толорҳои он тавре бунёд шудаанд, ки дар онҳо чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Дар ин иншоот, корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “СТС-Иншоот” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди он беш аз 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳод ва иштироки бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2018 дар паҳлуи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе сохтмони Донишкадаи исломии Тоҷикистон оғоз гардид.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бунёди Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи исломӣ гувоҳи равшани сиёсати Пешвои миллат ва давлати Тоҷикистон доир ба дин, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мебошад.   

Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, ба забони тоҷикӣ нашр кардану дастраси мардум гардонидани Қуръони карим ва дар сатҳи милливу байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Роҳбари муҳтарами давлати мо мебошанд, ки ӯро ба шаъну эътибори баланд дар ҷаҳони ислом расонидаанд.

Ҳамин аст, ки номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.   

Қобили зикри хос аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам чор дафъа зиёрати хонаи Каъбаву равзаи Пайғамбари исломро (с.а.в) ба анҷом расонида, ду бор ба дохили Каъбатуллоҳ ворид шудаанд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

6 июн 2023 с.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.

Маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ин зимн муҳиммияти таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур таъкид гардид.

Сарвари давлати мо раванди рушди бомароми муносиботи ду кишварро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мушатарак  қайд карда,  аҳаммияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавиро бахусус таъкид карданд.

Дар чорчуби суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал

5 июн 2023 с.

5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот карданд.

Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони вохӯриро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал табрику таҳният намуданд.

Қайд карда шуд, ки Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод. Инчунин дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Фонд барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби он тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад.

Сарвари давлат нақши муҳими Раёсатро дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ зикр карда, аҳамияти қарорҳои қабулкардаи Раёсатро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байни кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии об ва мушкилоти экологӣ таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҷаласаҳои раёсати Фонд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.

Дар мулоқот инчунин масъалаи ҷоннок кардани кор бо саҳмгузорон ва шарикони рушде, ки ба Фонд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, таъкид карда шуд.

Таъкид гардид, ки Фонд дар Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар моҳи марти соли ҷорӣ фаъолона иштирок кард.

Тавре маълум аст, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика низ таҳти таваҷҷуҳи доимии сарони кишварҳои минтақа қарор дорад.

Аз ин рӯ зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, афзоиши шумораи аҳолии минтақа, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишварҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва дигар масоили марбут ба обу иқлим, андешаронӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки бояд ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва усулҳои обёрӣ, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шавад.

Айни замон ҷаҳон бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ аст, ки дар баробари тағйирёбии иқлим ва дигар офатҳои табиӣ вазъи кунунии минтақаро душвор мегардонад. Ин беш аз ҳарвақта аз кишварҳои минтақа муттаҳидӣ ва муборизаи муштарак бо ин таҳдиду хатарҳоро тақозо мекунад.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими нақши Фонд дар ин раванд, саҳми арзанда хоҳад гузошт.