• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шаффофияти андоз

14 ноябр 2026 с.

10 ноябри соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1262 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбандӣ ва нақшаи Муқовимат ба кам нишон додани манбаи андозбандӣ ва баровардани фоида аз андозбандӣ»-ро ба имзо расониданд.

Мутобиқи фармони мазкур, Баёнияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамроҳшавӣ ба Форуми глобалӣ ва ташаббуси байналмилалии BEPS маъқул дониста шуда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори кишвар оид ба амалисозии ин ташаббусҳои байналмилалӣ муайян гардиданд.

Қабули фармони мазкур иқдоми муҳим дар самти татбиқи сиёсати иқтисодию молиявии давлат, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, мутобиқ намудани низоми миллии андоз ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб меравад.

Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбандӣ яке аз механизмҳои муҳими байналмилалӣ буда, ҳадафи асосии он таъмини шаффофияти андоз, рушди ҳамкории мақомоти андози кишварҳо ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз тавассути мубодилаи иттилоот мебошад.

Ҳамроҳшавӣ ба ин механизм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои навро ҷиҳати дастрасӣ ба маълумоти дахлдори андозӣ аз кишварҳои хориҷӣ, муайян намудани даромаду дороиҳои пинҳоншуда, баланд бардоштани самаранокии санҷишҳои андозӣ ва таҳкими назорати риояи қонунгузории андоз фароҳам меорад.

Ташаббуси байналмилалии BEPS, ки аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) ва кишварҳои гурӯҳи G20 таҳия гардидааст, ба пешгирии кам нишон додани манбаи андозбандӣ ва интиқоли сунъии фоидаи ширкатҳои фаромиллӣ ба кишварҳои дорои андозбандии паст равона шудааст.

Татбиқи стандартҳои мазкур ба такмили қонунгузории андоз, рушди механизмҳои назорати нархгузории трансфертӣ, пешгирии истифодаи ғайримақсадноки созишномаҳои байналмилалии андоз ва таъмини андозбандии одилонаи фаъолияти иқтисодии фаромиллӣ мусоидат менамояд.

Интизор меравад, ки амалисозии самараноки ташаббусҳои зикршуда ба васеъ гардидани манбаи андозбандӣ, коҳиш ёфтани ҳолатҳои саркашӣ аз пардохти андоз, баланд шудани интизоми андозсупорӣ ва афзоиши воридоти андозҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Ҳамзамон, татбиқи стандартҳои байналмилалии шаффофияти андоз метавонад ба таҳкими эътимоди сармоягузорони хориҷӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, баланд шудани нуфузу мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар гардидани натиҷаҳои арзёбиҳои байналмилалӣ дар самти шаффофияти андоз заминаи мусоид фароҳам оварад.

Қобили зикр аст, ки тадбирҳои марбут ба такмили маъмурикунонии андоз, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таъмини шаффофият ва мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти андоз ба стандартҳои муосири байналмилалӣ дар Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, №315 тасдиқ гардидааст, низ ҳамчун самтҳои афзалиятнок пешбинӣ шудаанд.

Дар ин замина, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳа, истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, таҳкими иқтидори касбии кормандон ва ташаккули низоми муосир, шаффоф ва самараноки маъмурикунонии андоз тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Оид ба натиҷаҳои баргузории Форуми 7-уми ҳамкории мақомоти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дар Индонезия

2 ноябр 2026 с.

Рӯзҳои 13–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия Форуми 7 ҳамкории мақомоти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (минбаъд-Форум) таҳти шиори «Андозбандии ҳушманд — шукуфоии муштарак» баргузор гардид. Дар Форум намояндагони мақомоти андоз, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои табдили рақамии маъмурикунонии андоз, такмили хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ҳамкориҳои байналмилалии андоз ва тақвияти неруи кадриро муҳокима намуданд.

Форуми мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар доираи Механизми ҳамкории мақомоти андоз оид ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (BRITACOM) баргузор мегардад. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ байни мақомоти андоз, фароҳам овардани муҳити мусоиди андозбандӣ барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи пешқадам мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб узви комилҳуқуқи BRITACOM буда, дар фаъолияти он иштироки фаъолона менамояд. Ҳамзамон, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим вазифаи муовини Раиси Шӯрои BRITACOM-ро низ ба уҳда дорад.

Дар кори Форуми 7 Раис ва муовини Раиси Кумитаи андоз ба таври фосилавӣ иштирок намуданд. Зимни ҷаласаи Шӯрои BRITACOM Раиси Кумитаи андоз омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои амалии байналмилалӣ, татбиқи таҷрибаи пешқадами маъмурикунонии андоз бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ, инчунин густариши кумаки техникӣ ва барномаҳои такмили ихтисос таъкид намуд. Диққати махсус ба рушди хизматрасониҳои рақамӣ, таҳлили маълумот, истифодаи зеҳни сунъӣ ва мубодилаи таҷрибаи кадрӣ равона карда шуд.

Ҳамчунин, рӯзи 13 октябр муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон тавассути маҷозӣ дар мавзуи «Табдили рақамии маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза дар шакли рӯнамо пешниҳод намуд.


Зимни баромад дастовардҳои Тоҷикистон дар самти таъсиси Низоми ягонаи иттилоотии андоз, ки зиёда аз 60 модули барномавиро муттаҳид менамояд, инчунин пешниҳоди беш аз 60 намуди хизматрасонии электронии андоз муаррифӣ гардиданд. Айни замон зиёда аз 98 фоизи эъломияҳои андоз ба таври электронӣ пешниҳод гардида, 96 фоизи эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда ба таври худкор ташаккул меёбанд.

Ҳамзамон, муовини Раиси Кумитаи андоз Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030-ро муаррифӣ намуд, ки ба такмили идоракунии хавфҳои риоя нагардидани қонунгузории андоз, ҳамгироии рақамӣ, рушди хизматрасониҳои инфиродӣ ба андозсупорандагон ва таҳкими неруи кадрӣ равона шудааст. Таъкид гардид, ки тибқи натиҷаҳои арзёбии байналмилалии TADAT, ки соли 2025 гузаронида шуд, дар 16 самти фаъолияти маъмурикунонии андоз пешравӣ ба даст омада, 10 нишондиҳанда баҳои баландтаринро соҳиб гардиданд.

Дар ҷамъбасти Форум натиҷаи асосӣ муаррифӣ гардид: Изҳороти муштараки Форуми 7; Маҷмуи портфели маъмурикунонии андоз (TAPP 2.0); Маҷмуи портфели хизматрасонӣ ба андозсупорандагон (TSPP 2.0); барномаи таълимии Гурӯҳи таҳкими неруи кадрии маъмурикунонии андоз, инчунин Ҳисоботи солонаи BRITACOM барои соли 2026.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими маросими ҷамъбастии Форум, ки 15 октябр баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбони Форуми 8 дар соли 2027 эълон карда шуд. Ба ин муносибат Раиси Кумитаи андоз тавассути паёми видеоӣ суханронӣ намуда, барои эътимоди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳиргардида изҳори сипос ва омодагии кишварро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми байналмилалӣ таъкид намуд.


Дар доираи маросим ба иштирокчиёни Форум инчунин видеоролики махсус оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Баргузории Форуми 8 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Мизбонии ин чорабинии муҳими байналмилалӣ аз эътирофи нақши рӯзафзуни мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ шаҳодат дода, барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва идомаи ислоҳот дар самти такмили маъмурикунонии андоз заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҷаласаи XXXIII Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори ИДМ

29 октябр 2026 с.

Рӯзҳои 21–23 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXXIII Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШҲРМА ИДМ) баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва дарёфти роҳҳои нави баланд бардоштани самаранокии маъмурикунонии андоз равона гардид.

Дар чорабинии мазкур дар маҷмӯъ тақрибан 50 нафар роҳбарон, муовинони роҳбарон, коршиносон ва намояндагони мақомоти андози ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия иштирок доштанд.


Рӯзҳои 21–22 октябр ҷаласаҳои коршиносон доир гардида, масъалаҳои иҷрои Нақшаи кори Шӯро барои солҳои 2025–2026, татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои солҳои 2026–2030, ҳамкориҳои байналмилалии андозӣ ва такмили мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Коршиносон ҳамчунин фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар самтҳои гардиши электронии ҳуҷҷатҳои фаромарзӣ, андозбандии соҳибкории хурд, татбиқи принсипҳои муштаримеҳварӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва рушди иқтидори мутахассисони ҷавонро муҳокима намуда, лоиҳаҳои қарорҳоро барои тасдиқи роҳбарони Шӯро омода карданд.


Рӯзи 23 октябр ҷаласаи роҳбарони мақомоти андоз таҳти раёсати Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло иштирок ва суханронӣ намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити дигаргуниҳои босуръати иқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодии фаромарзӣ ва рушди технологияҳои муосир, таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва такмили низоми маъмурикунонии андоз аҳамияти рӯзафзун пайдо менамояд.


Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули иқтисодиёти муосиру устувор, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, дастгирии бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкориро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ медонад.

Дар ин замина, низоми андоз бояд на танҳо таъмини даромадҳои буҷети давлатиро кафолат диҳад, балки ба рушди соҳибкорӣ, тақвияти фаъолияти иқтисодӣ, таъмини адолати андозӣ ва соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон низ мусоидат намояд.

Ҳамзамон, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рақамикунонии маъмурикунонии андоз, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, таҳлили маълумот, идоракунии хавфҳои андозӣ ва рушди мубодилаи электронии иттилоот байни мақомоти андози давлатҳои иштирокдори ИДМ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Изҳори итминон карда шуд, ки мубодилаи таҷрибаи пешқадам, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва қабули қарорҳои амалӣ дар доираи Шӯро ба таҳкими муносибатҳои касбӣ, рушди ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва такмили низомҳои андозии кишварҳои иштирокдори ИДМ мусоидат хоҳанд кард. Дар анҷом ба иштирокчиён кори пурсамар, музокироти созанда ва дастовардҳои нави амалӣ орзу карда шуд.

Дар ҷаласа инчунин муовини Котиби генералии ИДМ муҳтарам Денис Анатольевич Трефилов суханронӣ намуда, ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори ИДМ ва аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи андоз таъкид кард.


Фаъолияти Шӯро дар доираи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 ба такмили заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, густариши мубодилаи иттилооти андозӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти андоз равона гардидааст. Аз ҷумла, дар сатҳи коршиносон лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар масъалаҳои риояи қонунгузории андоз аз соли 1999 мувофиқа гардида, инчунин лоиҳаи дигари Протоколи байниҳукуматӣ оид ба васеъ намудани доираи иттилооти мубодилашаванда аз ҷониби Шӯрои иқтисодии ИДМ ҷонибдорӣ шудааст.

Ҳамзамон, Денис Трефилов рушди муносибати муштаримеҳварӣ дар маъмурикунонии андоз, таҳияи барномаҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти андоз ва дастгирии рушди касбии мутахассисони ҷавонро аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти Шӯро арзёбӣ намуд.


Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим суханронӣ намуда, аз номи Кумитаи андоз роҳбарон ва намояндагони мақомоти андози кишварҳои иштирокдори ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин ҳайати Ҷумҳурии Туркманистонро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Шӯро дар тӯли солҳои фаъолият ба майдони муҳими ҳамкориҳои касбӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва таҳияи қарорҳои муштарак дар самти такмили маъмурикунонии андоз табдил ёфтааст.

Ҳамзамон, Раиси Кумитаи андоз ба аҳамияти рақамикунонии мақомоти андоз, истифодаи зеҳни сунъӣ, татбиқи низомҳои идоракунии хавфҳо, рушди гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки рушди технологияҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориҳои байни мақомоти андоз, истифодаи самараноки имкониятҳои гурӯҳҳои кории Шӯро ва табодули таҷрибаи амалиро тақозо менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки баррасии натиҷаҳои фаъолияти муштарак, муҳокимаи таҷрибаи истифодаи зеҳни сунъӣ ва воситаҳои муосири идоракунии хавфҳои андозӣ ба қабули қарорҳои судманд, таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти андози давлатҳои иштирокдори ИДМ мусоидат хоҳад кард.

Зимни ҷаласа роҳбарон ду мавзӯи асосӣ — «Имкониятҳои истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии маъмурикунонии андоз ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон» ва «Таҷрибаи татбиқи низомҳои идоракунии хавфҳо ва воситаҳои муосири таҳлилӣ дар мақомоти андоз» — баррасӣ гардиданд. Намояндагони давлатҳои иштирокдор роҷеъ ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, таҳлили маълумот, пешгирии қонунвайронкуниҳои андозӣ ва такмили муносибат бо андозсупорандагон маърӯза ва рӯнамо пешниҳод карданд.


Ҷониби Тоҷикистон таҷрибаи рушди хизматрасониҳои электронӣ, бақайдгирии фосилавӣ, ҳисобнома-фактураҳои электронӣ, мубодилаи байниидоравии маълумот ва истифодаи воситаҳои интеллектуалиро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, модули «Идоракунии таҳлили хавфҳо»-и Низоми иттилоотии андоз пешниҳод гардид, ки андозсупорандагонро дар асоси меъёрҳои муайян ба гурӯҳҳои хавфи баланд, миёна ва паст ҷудо менамояд. Таъкид шуд, ки ҳадафи ин равиш пеш аз ҳама пешгирии қонунвайронкуниҳо, огоҳонӣ ва фароҳам овардани имкони ислоҳи ихтиёрии номутобиқатиҳо мебошад.

Аз натиҷаи муҳокимаҳо қарорҳо оид ба идомаи рушди мубодилаи электронии иттилооти андозӣ, такмили заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, татбиқи лоиҳаҳои озмоишии дуҷониба дар самти гардиши электронии ҳуҷҷатҳои фаромарзӣ ва густариши ҳамкории мақомоти андоз қабул гардиданд. Ҳамчунин, қарорҳои дахлдор доир ба рушди омӯзиши муштаримеҳварӣ, интишори воситаи таълимии «Тренажёри рақамӣ» ва дастгирии ташаббусҳои мутахассисони ҷавон ҷонибдорӣ шуданд.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯро дар солҳои 2021–2026 баррасӣ ва Нақшаи кори он барои солҳои 2026–2027 тасдиқ карда шуд. Мувофиқи тартиби навбатӣ раёсати Шӯро барои солҳои 2026–2027 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт. Барои ҳамоиши навбатӣ масъалаҳои андозбандии криптоактивҳо, рушди саводнокӣ ва фарҳанги андоз, инчунин гузариш ба ҳамкории автоматонидашуда бо андозсупорандагон муайян гардиданд. Дар анҷом Протоколи ҷаласаи XXXIII ба имзо расид.


Дар доираи ҷаласаи XXXIII Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 25-солагии таъсиси Шӯро маросими тантанавии қадрдонии роҳбарон ва кормандони мақомоти андоз баргузор гардид. Муовини Котиби генералии ИДМ Денис Анатолевич Трефилов барои саҳми назаррас дар таҳким ва рушди ҳамкориҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи андоз Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлатзода Нусратулло Муқим ва муовини Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода Аюбҷон Маъруф-ро бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ сарфароз гардонид.

Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар рушди ҳамкориҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи андоз муовини сардори Раёсати баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди маълумотҳои Кумитаи андоз - Сафарзода Лола Ҳаким бо Сипосномаи Котиби генералии ИДМ қадрдонӣ гардид.


Ин қадрдониҳо нишонаи эътирофи саҳми намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои касбӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди фаъолияти муштараки мақомоти андози давлатҳои иштирокдори ИДМ мебошанд.

Барои ҳайатҳои хориҷӣ инчунин барномаи фарҳангӣ ташкил шуда, меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, Маҷмааи Истиқлол, «Кохи Наврӯз», Театри миллии Тоҷикистон мавзеъҳои табиию сайёҳии ноҳияи Варзоб ва боғҳои ангури шаҳри Турсунзода дидан карданд ва бо таърихи куҳан, мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозии мардуми тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Ҷаласаи XXXIII ШҲРМА ИДМ дар шаҳри Душанбе дар фазои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои касбӣ, густариши ҳамкориҳои андозӣ ва муаррифии имконияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.


Шаффофият, рақамикунонӣ, самаранокӣ: самти нави рушди маъмурияти андоз дар Тоҷикистон

5 август 2026 с.

Бо ибтикори Кумитаи Андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми августи соли 2026 дар меҳмонхонаи Crowne Plaza ҷаласаи корӣ оид ба амалисозии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2026 таҳти №315 тасдиқ шудааст, баргузор гашт.


Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Дафтари ҳамкории Швейтсария, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва дигар идораҳои марбута иштирок доштанд.


Зимни чорабинӣ муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом ва муовини раиси кумита Солеҳзода Аюбҷон Маруф суханронӣ намуда, қайд карданд, ки барномаи мазкур идомаи мантиқии ислоҳоте мебошад, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, ба рушди маъмурикунонии андоз, тавсеаи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар системаи андоз, тақвияти ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ равона гаштааст.

Дастовардҳои назаррас дар самти рақамикунонии андоз

Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020–2025 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист заминаи устувори гузариш ба маъмурикунонии муосири рақамиро фароҳам оварад. Аз ҷумла системаи иттилоотии андоз таҷдид гардида, дар он зиёда аз 50 модули барномавӣ муттаҳид ва ҳамгиро карда шудаанд ва беш аз 60 намуди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон пешниҳод карда мешаванд. Яке аз дастовардҳои муҳим роҳандозии замимаи мобилии Андози ман мебошад, ки имконият медиҳад шаҳрвандон ва соҳибкорон қисми зиёди хизматрасониҳои андозиро бидуни муроҷиат ба мақомоти андоз истифода намоянд.


Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» Кумитаи андоз бо 24 ташкилоти молиявии қарзӣ ҳамкориро ба роҳ монда, шаҳрвандон метавонанд андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро тавассути замимаҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ, POS-терминалҳо ва дигар воситаҳои пардохти ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Тӯли шаш моҳи соли 2026 тавассути POS-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ зиёда аз 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ анҷом дода шудааст, ки аз рушди фарҳанги пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ шаҳодат медиҳад.

Зимни ҷаласа самаранокии ислоҳоти рақамикунонӣ аз ҷониби мушовири хазинаи байналмилалии асьор оид ба масъалаҳои андоз дар Точикистон ҷаноби Модестас Каселиаускас ва коршиносони байналмилалӣ мусбат арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба технологияҳои навини рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва маъмурикунонии андоз дар миёни дигар кишварҳои Ховари Миёна пешсаф мебошад.


Марҳилаи нави ислоҳоти рақамӣ

Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030 марҳилаи нави ислоҳоти рақамии мақомоти андоз маҳсуб ёфта, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, истифодаи маълумоти калонҳаҷм (Big Data), тавсеаи табодули электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳои андозӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва коҳиш додани иқтисоди пинҳониро пешбинӣ менамояд.


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки татбиқи босамари Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ барои ташаккули низоми шаффоф ва самараноки маъмурикунонии андоз, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисоди рақамии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Муҳокимаи масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар Кумитаи андоз

19 июн 2026 с.

    Санаи 13 июни соли 2026 дар Кумитаи андоз ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи андоз Раҳимзода Абдусалом, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия — Раҳмонзода Фаромарз ва Асламзода Фарҳод, инчунин сардорони раёсатҳо, муовинони сардор ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказӣ (ҳузурӣ) иштирок намуданд. Ҳамзамон, сардорон, муовинон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули мақомоти ҳудудии андоз, ҷамъ 288 нафар, ба тариқи маҷозӣ (онлайн) дар ин ҷаласа ширкат варзиданд.

    Дар ҷаласаи корӣ пешниҳодҳои Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба амалисозии марҳилаи дуюми «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (барои солҳои 2026-2030) таъкид гардид.

    Муовини Раиси Кумитаи андоз Раҳимзода Абдусалом қайд намуд, ки дар Кумитаи андоз ҷиҳати пешгирии коррупсия ба таври мунтазам корҳои муайян анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, ҳамасола бо фармоишҳои дахлдори Кумитаи андоз нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия қабул ва амалӣ карда мешавад.

    Намояндагони Агентӣ дар баромади худ таъкид доштанд, ки муқовимат бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи кормандони мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд мебошад.


    Дар аснои чорабинӣ байни иштирокчиён доир ба раванди муқовимат ба коррупсия, аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ муколамаи судманд сурат гирифт. Иштирокчиёни ҷаласа ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои мудирияти Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия мулоқот намуд.

12 май 2026 с.

    Рузи 11 майи соли 2026 дар шаҳри Брюссел, дар доираи сафари корӣ, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Раиси Шӯрои Мудирияти Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия ҷаноби Филип Ван де Велде мулоқот анҷом дод.

    Мулоқот дар доираи сафари омӯзишӣ дар қароргоҳи Хадамоти давлатии федералии молия дар шаҳри Брюссел, баргузор гардид, ки он аз ҷониби Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия ва Хазинаи байналмилалии асъор ташкил карда шудааст.

    Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои мубрами маъмурикунонии андоз, ислоҳоти низоми андози ду кишвар, идоракунии қарзҳои андозӣ, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти андози Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло Муқим дар ҷараёни мулоқот ҷониби Белгиявиро бо натиҷаҳои асосии ислоҳоти андозии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир амалишаванда шинос намуд. Инчунин, дар мулоқот ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи андоз таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти идомаи чунин мулоқотҳоро ҳамчун омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи босамари ташаббусҳои муштарак таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди устувори соҳаи андоз ва иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад намуд.