ЭЪЛОН Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 22 июни соли 2023, №586) аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
Бинобар ин, барои ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, воридоти ғайриандозӣ ва маблағи ҷаримаҳо, аз низоми эквайрингии Кумитаи андоз, ҳамёни электронӣ (замимаи мобилӣ) ва ПОС – терминалҳо, ки дар шуъбаҳо ва марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” насб карда шудаанд, истифода намоед.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, тавассути рақами содакардашудаи “151” ва телефони Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо 2330912 ё 2330910 ба Кумитаи андоз муроҷиат намоед.