ЭЪЛОН Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!
ЭЪЛОН
Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, сода ва қулай намудани пардохти андозҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои андоз дар шакли электронӣ, фароҳам овардани шароити додугирифт ва сарфа намудани вақти шаҳрвандон ва андозсупорандагон барои пардохти андозҳо ва дигар шаклҳои хизматрасониҳои электронӣ, истифодаи муаллификунонии мобилӣ (бо тафтиши QR-рамзҳо) ба роҳ монда шудааст.
Бинобар ин, шаҳрвандон ва андозсупорандагон метавонанд, ки бо истифода аз модули барномаи компютерӣ барои истифодабарии муаллификунонии мобилӣ ба қайд гирифта, ҳисоботҳои андозиро бо тартиби мазкур дар шакли электронӣ пешниҳод намоянд.