Эълон Муҳтарам соҳибкорон ва андозсупорандагон!
Эълон
Муҳтарам соҳибкорон ва андозсупорандагон!Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади сарфаи вақти корӣ, содда ва қулай намудани истифодабарии хизматрасониҳои мақомоти андоз, сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои соҳибкорони инфиродӣ, ҷиҳати дар амал дуруст татбиқ намудани муқаррароти карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №151 дар сомонаи Кумитаи андоз бе ташриф овардан ба мақомоти андоз имконияти дар шакли электронӣ ирсол намудани дархостҳо вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиро роҳандозӣ намудааст.
Тибқи модули мазкур соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва ё шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда имконият доранд, барои бархурдор гардидан аз имтиёзҳои пешбинишуда бо ворид шудан ба сомонаи Кумитаи андоз ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дархости электронии худро ба мақомоти андоз ирсол намоянд.
Дар навбати худ, баъд аз баррасии муроҷиат ба тариқи электронӣ доир ба натиҷаи баррасии муроҷиат ба андозсупоранда ба рақами телефони мобилии ҳангоми дархости электронӣ қайдгардида, дар шакли СМС паёмак ҷавоб ирсол карда мешавад.
Барои гирифтани маълумоти пурра ва тартиби бархурдор гардидан аз имтиёзҳои пешбинишуда ва ирсол намудани дархостҳои электронӣ соҳибкорон метавонанд, аз сомонаи Кумитаи андоз (www andoz.tj) ва ё таваcсути маркази тамос ба рақами содакардашудаи “151” муроҷиат намоянд.