ЭЪЛОН Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!


ЭЪЛОН

Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!



     Бо мақсади рушди ҳисоббарораркниҳои ғайринақдӣ, Кумитаи андоз бо истифода аз имкониятҳои техникӣ, пардохти маблағи андозҳои маҳаллиро тавассути Пос – терминалҳо ва хизматрасонии эквайринӣ ба роҳ мондааст.

     Инчунин, тавассути Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар замимаи мобилии “Амонат - мобайл” пардохи маблағи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда, андоз аз объектҳои ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ, тибқи ҳамиёнҳои электронӣ, роҳандозӣ карда шудааст.

     Ҳангоми бо чунин тартиб пардохт намудани маблағи андозҳо ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон расиди электронӣ (чипта) дар бораи пардохт (дар шакли смс - паём) дастрас шуда, ҳамзамон маблағҳои парздохтшуда ба таври автоматӣ дар ҳисобварақаҳои Шумо сабт мегардад.

     Аз ин лиҳоз Шумо, метавонед, минбаъд пардохти маблағҳои патент, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиётиро бо истифода аз воситаҳои электронӣ пардохт намоед.

     Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, тавассути рақами содакардашудаи «151» ва ё телефони боварии «2330905» ба Кумитаи андоз муроҷиат намоед.