Ҳамоиши кормандони ҷавони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 33 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо»


     2-юми ноябри соли равон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар 33 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Султон, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ва доираи васеи ҷавонони мақомоти андоз иштирок карданд.

     Муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон дар баромади худ қайд кард, ки иштироки фаъолонаи сокинони кишвар, махсусан, ҷавонон дар раъйпурсии умумихалқӣ дастоварди беназир ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

     Ин аст, ки аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамеша ташаббусу иқдомҳои онҳоро дастгирӣ менамоянд.

     Аз он ҷумла, Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, ки моҳи майи соли 2021 баргузор гардида буд, таъкид намуданд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».

     Дар воқеъ, бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург – ҷавонони бонангу номуси кишвар, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

     Айни ҳол аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ, ки дар мақомоти андоз фаъолият намуда истодаанд, 520 нафар ё ин ки 30 фоизи онҳоро ҷавонони то 30 -сола ташкил медиҳанд.

     Аз 520 нафар корманди ҷавони мақомоти андоз 32 нафар ё 6,3% фоизи онҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти андоз фаъолият намуда истодаанд.

     Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи андоз Манижа Аҳмадзода қайд намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият ҷиҳати такмил додани низоми андоз ва маъмурикунонии андозҳо омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти маъмурикунонии андози давлатҳои хориҷӣ тақозои замон мебошад.

     Роҳбарияти Кумитаи андоз барои рушди иқтидори кадрии кормандон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд, аз он ҷумла дар айни замон 3 нафар кормандони мақомоти андоз дар Ҷопону Чин дар курсҳои омӯзишӣ қарор доранд. Бо мақсади табодули таҷриба ва такмили ихтисос дар 5 соли охир, беш аз 30 нафар корманди ҷавон ба кишварҳои тараққикардаи минтақаву ҷаҳон ба монанди Конфедератсияи Швейтсария, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо барои омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд.

     Иштироки ҷавонони бонангу номуси миллат дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, таърихиву фарҳангӣ, илмию тадқиқотӣ хеле назаррас гардидааст, - гуфт муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз Назирҷон Назирзода. - маҳз бо шароиту имконоти фароҳамовардаи роҳбарияти олии кишвар ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Кумитаи андоз, саҳми ҷавонони мақомоти андоз, на фақат дар назорати риояи қонунгузории андоз аз ҷониби субъектҳои муносибатҳои андозӣ, мусоидат ба андозсупорандагон дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва ҷамъоварии маблағи андозҳо ба буҷет, балки дар ислоҳоти рушди низоми андозбандии кишвар тавассути таклифу пешниҳодҳо барои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии андозӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таъмини воридоти устувори маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ нақши муҳимро иҷро намуда истодаанд.

     Хушбахтона, бо иштирок ва саҳми назарраси ҷавонон то имрӯз зиёда аз 90 адад санадњои зерқонунӣ, ки аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тибқи тартиби муқараргардида таҳия ва тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор доранд, ки дар иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон ҳамчун роҳнамо нақши муҳимро иҷро намуда истодаанд.

     Рушди имрӯзаи иқтисодиёт дар шароити ҷаҳонишавии он тақозо менамояд, ки қонунгузории андоз ва низоми андоз мутаносибан ба чунин шароит такмил дода шуда, ба муносибатҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва муқаррароти созишномаҳо ва шартномаҳои байналмилалии алоқаманд ба сиёсати андоз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ карда шавад.

     Тибқи барномаҳо ва консепсияҳои қабулгардида, дар мақомоти андоз пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар шакли электронӣ, асосан, аз соли 2009 оғоз гардида, дар айни ҳол зиёда аз 43 ададро ташкил медиҳад.

     Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки ҳамаи хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз бо омӯзиш ва татбиқи таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва ҳамкорӣ бо онҳо ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти мақомоти андоз аз ҷониби кормандони мақомоти андоз бо барномаҳои компютерию алгоритмҳо сохта шудаанд. Яъне нақши ҷавонони мақомоти андоз дар татбиқи барномаи давлатии “Ҳукумати электронӣ”, Консепсияи иқтисодии рақамӣ ва Барномаи рушди маъмурикунонии андоз назаррас аст.

     Дар идомаи ҳамоиш чанд нафар кормандони ҷавони мақомоти андоз, ки ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд, бо «Сипоснома»-и раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.