• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич

8 апрел 2023 с.

8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар ҳастем.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин технология, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ин зимн ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти ояндадори муносибатҳои Тоҷикистону Сербия арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 апрел 2023 с.

5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров

1 апрел 2023 с.

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шудааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳоти Овчиқалъача 30 садякро ташкил намуда, дар он барои истироҳату фароғати шаҳрвандон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.

Сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат бунёду ба истифода додани иншооти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтаршавии сатҳи зиндагиро ба дастгириву таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат марбут медонанд.

Дар майдони Парчами давлатӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, барои шаҳрвандон нишастгоҳҳо насб карда шудааст. Фаввораҳо зебогии атрофи иншоотро афзун намудааст. Барои гашту гузор ва фароғати доимии сокинон равшании маркази деҳот ба инобат гирифта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани Майдони Парчами давлатиро ба самараи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ марбут дониста, масъулони дахлдорро барои ҳамин гуна ободу зебо нигоҳ доштани атрофи муқаддасоти миллӣ вазифадор намуданд.

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба масофаи 10 километр роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд асфалтпӯш карда шудааст.

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд

30 март 2023 с.

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии наврӯзиро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон - Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу карданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.

Бояд гуфт, ки бо дарназардошти моҳият ва табиати башардӯстонаву инсонгароёнаи Наврӯз аз соли 2010 сар карда, ин ойини бостонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳаммияти умумибашарии Наврӯз барои мо - тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.

Ба андешаи Сарвари давлат яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо ин мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мебошанд.

Изҳори умед карда шуд, ки халқи куҳанбунёду сарбаланди мо бо ин ҷашни хуршедии худ боз ҳазорсолаҳои дигар миёни мардуми олам шуҳратёр хоҳад буд.

Чун ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ доир мегардад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми содиқонаи сокинони ватандӯсту меҳнатқарини шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат ва пешрафту ободии кишвари азизамон, таъкид намуданд.

Зимни натиҷагирӣ аз тадбирҳои ободонию созандагӣ, дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар Сарвари давлат изҳори бовар карданд, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд дар оянда низ барои пешрафту ободонии мамлакат ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон - 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, сокинони ватандӯсту заҳматкаши вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ - ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромии ҷовидонӣ ва пешравиҳои рӯзафзун орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ - варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд барномаи бошукуҳи консертӣ, ки ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, расму суннат ва оинҳои накуи наврӯзӣ мебошад, доир шуд.

Ифтитоҳи бинои нозироти андоз дар шаҳри Гулистон

29 март 2023 с.

29 март дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти андози шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати бинои 0,16 гектарро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси лоиҳа иншооти навбунёд аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ ва бахши баҳисобгирии даромадҳо ҷойгиранд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюм маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият, толори баргузории видео-конфронсҳо бо 20 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.

Бинои нозироти андози шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон барои зиёда аз 30 нафар ҷойи кории мувофиқ фароҳам оварда шуд.

Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар раванди бақайдгирӣ ва пардохти андозҳо таъмин карда шуда, иҷрои чунин хизматрасониҳо бидуни таъсири омилҳои инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию ӯҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон ба кормандони соҳа аз наздик суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро чиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, саривақт бақайдгирии шахсони воқеӣ-ҳуқуқӣ, таъмин намудани шаффофияти маблағҳо ва ба ин восита ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Акнун соҳибкорон имкон доранд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияи худро электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, бевосита шинос шаванд.

Иштирок дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ

25 март 2023 с.

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 иштирок карданд.

Нахуст тибқи муқаррароти маросими пӯшидашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд Эвелин Вевер-Крус ба ҳайси раисони Конфронс дар минбари асосӣ ҷойҳои худро гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Раиси Маҷмаи Умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ - 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.

Таъкид гардид, ки дар кори конфронс иштирокчиён яке аз масъалаҳои  ҳаётан муҳим - об, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, баррасӣ гардид.  

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.

“Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад” иброз доштанд зимни суханронӣ Президенти мамлакат.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамраисони ин Конфронс дар ҳама марҳилаҳо бо кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории хуб доштанд. Ин робитаҳо кишварҳои сайёраро дар масоили об шарикони воқеӣ гардонд.

Дар кори конфронс масоили вобаста ба кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон, то резишгоҳи дарёҳо, соҳили баҳр ва ҷазираҳои Шоҳигарии Нидерланд баррасӣ карда шуд.

Дар робита ба Конфронси таърихии оби СММ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки қудрати бузурги об қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки биёед  дар атрофи об муттаҳид бошем, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем.

Бо натиҷагирӣ аз кори Конфронс таъкид шуд, ки ин оғози шоҳроҳи нави  амалҳои мушаххаси мо мебошад ва бо неруи нав акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем”.

Таъкид шуд, ки ҳама уҳдадориҳои пешниҳодшудаи давлатҳои узви СММ дар Рӯзномаи амалиёти об ворид карда шудаанд ва Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити  ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёнро ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки имрӯз кишварҳо аз ӯҳдадориҳои гирифта ҷиҳати суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об илҳоми тоза гирифтанд ва якҷоя метавонанд ба ин мақсадҳои наҷиб ноил гарданд.

10 нафар ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ, 5 нафар намояндагони ҷонибҳои манфиатдор ва 2 модератор ба саҳна даъват карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд қуттии рамзии Рӯзномаи Амал оид ба обро, бо тамоми уҳдадории кишварҳо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Раиси Маҷмаи Умумии СММ тақдим карданд.

Дар ин лаҳза онҳоро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазири инфрасохтор ва оби Нидерланд ҳамроҳӣ карданд.

Баъди аксбардории маросими супоридани рамзи рӯзномаи об Раисикунандаи Конфронси об - Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон изҳори сипос намуда, Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро пӯшида эълон намуданд.

Дар поёни маросими пӯшидашавии Конфронс навори кӯтоҳи видеоии ҷамъбастӣ намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр кори конфронси оби СММ, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд гузаронида шуд, ба анҷом расид.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи конфронси об Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Нидерланд, роҳбарони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ вохурда, масъалаи ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи Конфронсро баррасӣ карданд.

Инчунин дар доираи кори Конфронс садҳо ҳамоишҳо дар мавзуъҳои обу иқлим баргузор гардид. Иштирокчиёни конфронс ва ҳамоишҳо ба саҳми Пешвои миллат ва Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо баҳои баланд доданд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 20 то 24 март ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Нимаи дуюми рӯзи 24 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ню-Йорки Амрико ба Ватан баргаштанд.