Резаахбор
Санаи 7 апрели соли равон ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Сафири Иттиҳоди Аврупо муҳтарам Раймундас Кароблис бо дархости мулоқоти арзи адаб ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Аюбҷон Маруф бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ намуда, ҷиҳати ташриф овардан ба Кумитаи андоз изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо вобаста ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба лоиҳаҳои грантие, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи тарафҳо табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи имтиёзҳои андозие, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риояи талаботи санадҳои зерқонунии соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷамъбаст ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони татбиқкунандагони лоиҳаҳо, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд, мактуби тавзеҳотӣ омода ва пешниҳод карда мешавад.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо натиҷаи вохӯриро хуб арзёбӣ намуданд.