• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин

2 март 2023 с.

2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.

 Дар оғози мулоқот Сарвари давлати мо муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 миллиарду 674 миллион долларро ташкил дод.

Дар ин замина, дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.

Пешвои миллат ба сатҳи ҳамкориҳои дар соҳаи гуманитарӣ бадастомада баҳои баланд доданд. Ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷаласаи II - юми Шӯрои машваратии андозсупорандагон

23 феврал 2023 с.

    Санаи 15 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори Лоиҳаи «Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии анозсупорандагон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Шӯрои машваратии анозсупорандагон дар асоси Фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2022, №17 таъсис дода шудааст ва ҳар нимсола доир ба машваратҳои ҷамъиятӣ ҷаласа баргузор менамояд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарону намояндагони Ассосиатсияиҳои ҷамъятӣ аз он ҷумла, Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқшиносон», Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон, Ассосиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон, Ассосиатсияи «Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ», Ассосиатсияи брокерони гумрукии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва мутахасисони раёсатҳои дахлдори Кумитаи андоз иштирок варзиданд.



    Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз А. Солеҳзода ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, қайд намуд, ки санаи 3-юми июни соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи грантӣ D835-TJ “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ба имзо расидааст, ки давраи татбиқи лоиҳаи мазкур солҳои 2021-2026-ро дар бар мегирад. Лоиҳаи мазкур асосан ба 4 самти асосӣ равона карда шудааст, аз ҷумла:

1. Рушди маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобат ва паст кардани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ.

2. Рушди пайвастаи ниҳоди автоматикунонидашудаи идоракунии андоз ва ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои шакли коғазӣ.

3. Баланд бардоштани интизоми андозии андозсупорандагон.

4. Баланд бардоштани сифати фаъолияти мақомоти андоз.

Дар идомаи ҷаласа рӯнамоҳо дар мавзӯъҳои татбиқи Лоиҳаи болозикр, ҳадафҳои асосии Лоиҳа ва тартиби андозбандии машваратчиёни байналмилалӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни Шӯро ва мутахассисони раёсатҳои дахлдори Кумитаи андоз мубодилаи афкор сурат гирифта, вазифаҳо ва доираи амали нақшаи амали минбаъдаи Шӯро ҷиҳати татбиқи самараноки Лоиҳа муайян карда шуд.


Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал 2023 с.

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи 30 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд. Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мудофиа” ва “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд. Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо нафар афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва садҳо нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки вазъи зикршуда, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадор шуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси миллӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ эътибори боз ҳам бештар диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ - ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва шаҳрвандони кишварро ба ифтихори сисолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки тӯҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.

Вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханович

22 феврал 2023 с.

    Санаи 14 феврали соли 2023 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Нусратулло бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Валихан Амирханович ва Котиби аввали Сафорат ҷаноби Суюнчалиев Мухтар вохӯрӣ намуд.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло ҳайати Сафоратро ҷиҳати ташриф овардан ба Кумитаи андоз изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои мутақобила судманди ду кишвар дар самти андозу андозбандӣ, табодули таҷриба ва маълумоти соҳавӣ ибрози қаноатмандӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо доираи масъалаҳои гуногуни мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин доир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикисон дар самти пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон, табодули афкор намуданд.

Қайд гардид, ки сармояи давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Қазоқистон дар рушди бахши иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши хосса дошта, тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёда аз 90 ширкати қазоқистонӣ фаъолияти муваффақи соҳибкории худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда истодаанд, ки нақши онҳои дар рушди бахшҳои гуногуни ҷамъиятӣ, аз ҷумла саноатӣ, энергетика, тиб, кишоварзӣ ва фаъолияти хизматрасонӣ муҳим арзёбӣ мегардад.



    Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, дар фарҷом ҷонибҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.


Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

21 феврал 2023 с.

21 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлоли мо бемайлон тараққӣ карда, Ватани маҳбубамон сол ба сол ободу зебо ва некӯаҳволии халқамон беҳтар шуда истодааст.

Ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд, ки ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ, махсуси навбатӣ ва навбатии ҳарбӣ ба як гуруҳ хизматчиён низомӣ аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дода шуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, хизмати бархе аз хизматчиёни низомӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат” ва як гуруҳ афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарон, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии ҳарбии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ гардиданд ва тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд.

Дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 феврал 2023 с.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.

Дар суханронии ифтитоҳии худ зимни таҳлили вазъияти воқеии минтақа ва ҷаҳони муосир Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Зикр гардид, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд.

Дар робита ба ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки корро ҷиҳати иҷрои талаботи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.

Вобаста ба масъалаи маблағгузории терроризм ва пешгириву ошкор намудани чунин амали хатарнок, ки вақтҳои охир боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст, ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки назорати риояи қонунгузориро дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳангоми пешбурди амалиётҳои бонкӣ пурзӯр намояд.

Сипас Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймуъмин доир ба вазъи воқеии таъмини амният ва суботу оромӣ дар кишвар ҳисобот дод.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, дар назди роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткориву қонуншиканӣ, таъмин кардани амният ва волоияти қонун, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷузъу томҳои низомӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ, тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва қонунияту тартибот вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Роҳбари давлат махсус таъкид карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Пешвои миллат, ба роҳбарони сохторҳои низомӣ супориш доданд, ки навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳро тезонида, 70 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадиро, ки бунёд шуда истодаанд, бо тамоми таҷҳизоту шароити зарурӣ соли ҷорӣ ба истифода супоранд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, роҳбарону шахсони масъул ва аъзои Комиссияи давлатии таъсисдодашударо бори дигар вазифадор намуданд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии як рӯз пеш дар шаҳри Хоруғ рухдода, аз ҷумла бо маводи ғизоӣ, либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор таъмин намудани оилаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.