Ҷаласаи II - юми Шӯрои машваратии андозсупорандагон

    Санаи 15 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори Лоиҳаи «Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии анозсупорандагон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Шӯрои машваратии анозсупорандагон дар асоси Фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2022, №17 таъсис дода шудааст ва ҳар нимсола доир ба машваратҳои ҷамъиятӣ ҷаласа баргузор менамояд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарону намояндагони Ассосиатсияиҳои ҷамъятӣ аз он ҷумла, Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқшиносон», Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон, Ассосиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон, Ассосиатсияи «Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ», Ассосиатсияи брокерони гумрукии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва мутахасисони раёсатҳои дахлдори Кумитаи андоз иштирок варзиданд.



    Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз А. Солеҳзода ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, қайд намуд, ки санаи 3-юми июни соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи грантӣ D835-TJ “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ба имзо расидааст, ки давраи татбиқи лоиҳаи мазкур солҳои 2021-2026-ро дар бар мегирад. Лоиҳаи мазкур асосан ба 4 самти асосӣ равона карда шудааст, аз ҷумла:

1. Рушди маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобат ва паст кардани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ.

2. Рушди пайвастаи ниҳоди автоматикунонидашудаи идоракунии андоз ва ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои шакли коғазӣ.

3. Баланд бардоштани интизоми андозии андозсупорандагон.

4. Баланд бардоштани сифати фаъолияти мақомоти андоз.

Дар идомаи ҷаласа рӯнамоҳо дар мавзӯъҳои татбиқи Лоиҳаи болозикр, ҳадафҳои асосии Лоиҳа ва тартиби андозбандии машваратчиёни байналмилалӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни Шӯро ва мутахассисони раёсатҳои дахлдори Кумитаи андоз мубодилаи афкор сурат гирифта, вазифаҳо ва доираи амали нақшаи амали минбаъдаи Шӯро ҷиҳати татбиқи самараноки Лоиҳа муайян карда шуд.