Ҳамкории Федератсияи Россия оид ба такмили низоми маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзҳои 2 – 3 марти соли ҷорӣ Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Михаил Мишустин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия миёни Тоҷикистону Россия 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки доираи гуногуни муносибатҳо миёни ду кишвар, аз ҷумла маориф, тиб, нафақа, сайёҳӣ, молия, иқтисод ва варзишро фаро мегиранд. Маросими имзо дар ҳузури сарвазирони Тоҷикистону Россия, Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин баргузор гардид.
Ҳамин тавр, дар доираи ба имзорасонии санадҳои дуҷониба миёни давлатҳо Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз ба имзо расид.
Созишномаи мазкур бо мақсади татбиқи протоколҳои 17-ум ва 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.
Тибқи Созишномаи мазкур ҷониби Россия дар солҳои 2023-2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз кумаки техникии беподош пешниҳод менамояд.
Хадамоти андози Федератсия Россия мутобиқи Созишнома бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” пешбинишуда, тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:
- таҷдиди бизнес - равандҳои маъмурикунонии андоз;
- азнавкунии ҷузъҳои низоми мавҷудаи иттилоотӣ, таъсиси платформаи таҳлилӣ ва воситаҳои таҳлилии коркарди маълумоти ҳисобнома-фактураҳо бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда;
- таҳияи Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи тавсияҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маъмурикунонии андоз ва ғайраҳо;