Семинари страгии маъмурикунонии инноватсионии андоз
Рӯзҳои 25-31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон семинари стратегии маъмурикунонии инноватсионии андоз (минбаъд - Семинар) баргузор гардид.
Семинар бо ташаббуси Бонки Осиёгии Рушд бо иштироки беш аз 80 намояндагон аз 30 давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором доир шуд.
Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Семинар муовини якуми Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода Аюбҷон Маруф муаррифӣ намуд.
Коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони мақомотҳои андоз тибќи рўзномаи љаласањои Семинар мавзуъњои вобаста ба рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз, аз ҷумла идоракунии самараноки бақайдгирии андозсупорандагон бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию андозии андозсупорандагон ва пешниҳоди хизматрасониҳо ба шаҳрвандон бо истифода аз воситаҳои рақамӣ, таҳлили электронии маълумот, истифодаи зеҳни сунъӣ дар мақомоти андоз ва ҷамъоварии маълумоти шахсони сеюм барои беҳтар намудани корҳои назоратӣ, ҳалли мушкилоти рақамикунонии иқтисодиёт ва нақши созмони Воситаи арзёбии ташхиси мақомоти андоз (TADAT) барои беҳтар намудани воридоти даромадҳо, навовариҳо дар самти татбиқи тадбирҳои BEPS-(мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида) мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар семинари мазкур қайд карда шуд, ки пандемияи COVID-19 ба давлатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, қарзи давлатҳо зиёд гардид ва дар баробари ин даромадҳои давлатӣ низ аз ҳисоби андозҳо коҳиш ёфтанд. Бинобар ин, хулоса карда шуд, ки бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ-аъзоёни Бонки Осиёгии Рушдро зарур аст, ки ба корҳо вобаста ба ҷалби захираҳои дохилӣ тавассути гузаронидани ислоҳотҳои андозӣ ва ҳамкории байналмилалии андозӣ боз ҳам тақвият диҳанд.
Чунин ташаббусҳои ислоҳотӣ, самтҳои гуногунро дар бар мегиранд, аз ҷумла баланд бардоштани меъёри андоз аз даромадҳои шахсоне, ки даромадҳои калон ба даст меоранд (андозбандии прогрессивӣ-афзоянда) бо назардошти ҳаҷми даромадҳо, густариши ҳамкориҳои байналмилалии андозӣ ва муосиркунонии маъмурикунонии андоз бо истифода аз технологияҳои рақамӣ барои беҳтар намудани риояи қонунгузории андоз.
Ҳадаф аз гузаронидани ислоҳоти маъмурикунонии андоз ин дар маҷмуъ рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз ҷиҳати таъмини даромадҳои давлатӣ мебошад. Татбиқи технологияҳои рақамӣ метавонад ба мақомоти андоз дар коҳиш додани хароҷоти амалиётӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият кӯмак расонад, ки омили мазкур ба беҳтар гардидани иҷроиши қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупоранда мусоидат менамояд.