Семинар дар мавзуи “Низоми баҳодиҳии ташхисии маъмурикунонии андоз (TADAT)”
Рӯзҳои 3-6 апрели соли 2023 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон семинар дар мавзуи “Низоми баҳодиҳии ташхисии маъмурикунонии андоз (TADAT)” (минбаъд – Семинар) баргузор гардид.
Семинар бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор гардида, дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Муғулистон, Туркменистон ва Гурҷистон иштирок намуданд.
Дар Семинар гуруҳи мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Қудратов Хуршед - сардори Раёсати маъмурикунонии андози Сарраёсати маъмурикунонии андоз, Мирмадов Хисрав - сардори Раёсати таҳлил ва коркарди маълумотҳои Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо ва Рузимадов Умедҷон - мудири бахши андозбандии байналмилалии Раёсати ҳамкории байналмилалӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории Семинар дар пешниҳоди маълумот ба иштирокчиён оид ба шарҳи низоми ташхисии баҳодиҳии TADAT ва баррасии таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ, ки дар методологияи TADAT қабул ва истифода мешавад, инчунин тартиб ва раванди дархости мақомоти андоз ҷиҳати гузаронидани ташхиси TADAT буд. TADAT ин як навъ низоми баҳодиҳии ташхисии маъмурикунонии андоз аст, ки бо истифода аз усулҳои объективӣ ва стандартӣ ҷиҳати арзёбии ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи мақомоти андоз дар асоси меъёрҳои таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Зимни баргузории Семинар намояндагони Кумитаи андоз доир ба натиҷаҳои бадастовардаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маъмурикунонии андоз ва тағйироту иловаҳо ба қонунгузории андоз маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми Семинар тести санҷишӣ гузаронида шуда, иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификати Котиботи TADAT сарфароз гардонида шуданд.