Сафари гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Рӯзҳои 3-10 майи соли ҷорӣ гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини Раиси Кумитаи андоз – Раҳимзода Абдусалом (роҳбари гуруҳ), сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон - Нурзода Ҷумахона, муовини сардори Сарраёсати назорати андоз - Давлатзода Диловара, сардори Шуъбаи маъмурикунонии тиҷорати электронӣ ва мониторинги таҷҳизоти техникӣ - Садридинов Акобир, Директори КВД «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз»-и Кумитаи андоз - Бобоев Дилшод ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” - Назризода Одинамуҳаммад ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хизматӣ анҷом доданд.
Мавриди қайд аст, ки бо мақсади татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №643 тасдиқ шудааст, Лоиҳаи грантӣ “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” аз соли 2021 то инҷониб дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст.
Сафари хизматӣ бо ташаббуси Намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок татбиқ намудани ҳадафҳои Барномаи номбурда ва табодули таҷриба сурат гирифта, зимни баргузории вохӯриҳо ҷонибҳо доираи масъалаҳои гуногуни мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти андозбандӣ, инчунин доир ба татбиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт, пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон ва рушди маъмурикунонии андоз дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, мутахассисони мақомоти андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯъҳои маъмурикунонии андозҳо аз арзиши иловашуда, фоида ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҳамзамон идоракунии хавфҳои андозӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ, ба таври автоматӣ ҷорӣ намудани назорати камералӣ дар асоси модули барномавӣ, тамғагузории молҳо, тартиби бақайдгирии расидҳои дастгоҳи назорати хазинавӣ дар замимаи мобилии “soliq” ва гирифтани кэшбек, рақамикунонии низоми мақомоти андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯнамоҳо пешниҳод намуданд.
Сафари хизматӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, дар фарҷом ҷонибҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.