Равандҳои татбиқи Созишнома дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз
Рӯзҳои 18-19 майи соли 2023 бо мақсади татбиқи амалии Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки техникии беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз (минбаъд – Созишнома) намояндагони Хадамоти федералии андози Россия, Маркази асосии татбиқи инноватсияҳои илмии Хадамоти андози Россия ва Донишкадаи молияи илмӣ-таҳқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Спитса Алексей Михайлович – муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва назорати асъори Хадамоти федералии андози Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар рафти сафари хизматӣ Гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти Кумитаи андоз дар ҳайати муовини якуми Раис – Солеҳзода Аюбҷон Маруф ва муовини Раис – Раҳимзода Абдусалом, инчунин дигар мутахассисони дахлдор вохӯриҳо баргузор намуда, раванд ва тартиби татбиқи Созишнома, аз ҷумла қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати андоз ва тартиби гузаронидани санҷишҳои андозӣ, маъмурикунонии андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, андозбандии молу мулки ғайриманқул ва дигар масъалаҳои дахлдорро мавриди муҳокимаронӣ қарор медиҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки Созишнома бо мақсади татбиқи протоколҳои 17-ум ва 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 марти соли 2023 дар доираи сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам М. В. Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Тибқи Созишнома ҷониби Россия дар солҳои 2023-2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз кумаки техникии беподош пешниҳод менамояд.
Хадамоти федералии андози Россия мутобиқи Созишнома бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” пешбинишуда, тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:
- таҷдиди бизнес - равандҳои маъмурикунонии андоз;
- азнавкунии ҷузъҳои низоми мавҷудаи иттилоотӣ, таъсиси платформаи таҳлилӣ ва воситаҳои таҳлилии коркарди маълумоти ҳисобнома-фактураҳо бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда;
- таҳияи Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи тавсияҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маъмурикунонии андоз ва ғайраҳо.